Роже Гиймен
фр. Roger Guillemin | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 11 январ 1924[1][2][3][…] (99 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
![]() |
Роҷер Гиймен (фр. Roger Charles Louis Guillemin; зод. 11 январи 1924, Дижун, Фаронса) — эндокринологи фаронсавии амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва пизишкӣ соли 1977 (ҳамроҳ бо Эндрю Шалл). Узви Академияи миллии илмҳои ИМА (1974)[4].
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Хатмкардаи Донишгоҳи Дижон. Доктори илмҳои тиб (1949). Корманди ҳоспитали Дижон (1949-1951), ассистенти Муассисаи таҷрибавии тиб ва ҷарроҳии Донишгоҳи Монреал (1951-1953). Аз соли 1953 муқими Амрикост. Баъдан ёвари директори шуъбаи эндокринологияи Коллеҷи де франс (Порис; 1960-1963), профессори коллеҷи Донишгоҳи Бейлори Хюстон (1963-1970), адъюнкт-профессори тибби Донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диего (1970-1989) буд. Оид ба сохтори кимиёӣ ва фаъолияти биологии ҳормонҳои ҳипоталамус пажӯҳиш анҷом додааст.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Соли 1977 барои кашфи тарашшуҳи ҳормонҳои пептидии мағзи сар сазовори ҷоизаи Нобел гардид (ҳамроҳи Э. В. Шалли ва Р. М. Ялоу).
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ 1.0 1.1 Гиймен Роже // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
- ↑ GeneaStar
- ↑ Roger Guillemin(англ.)
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гиймен Роже // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.