Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Роза Исмаиловна Искандарова (тав. 14.03.1934, ноҳияи Яккабоғи ҶШС Ӯзбекистон) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Соли 1957 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Солҳои 1958—1959 мудири кабинети Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1959 ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи мазкур буд. Солҳои 1959—1960 дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод таҳсил кардааст. Солҳои 1960—1961 мудири боғчаи кӯдакони № 5 ш. Сталинобод, 1961—1962 коркуни хурди илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1962—1964 аспиранти кафедраи педагогикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1964—1969 муаллим, муаллими калони кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Соли 1972 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба ҳайси дотсенти кафедраи педагогика, солҳои 1976—1980 мудири кафедраи педагогикаи Донишкадаи варзиши ш. Душанбе кор кардааст. Солҳои 1980—1994 мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буд. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ мебошад. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии мактаби олии ИҶШС» ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.