Jump to content

Рофӣ Зокиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рофӣ Зокиров
Рофӣ Зокиров
Таърихи таваллуд 25 декабр 1932(1932-12-25) (91 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ техника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Рофӣ Зокиров (тав. 25.12.1932, деҳаи Калъачаи Бакавули ноҳияи Истаравшан – ваф. маълум нест), физик, номзади илмҳои техникӣ (1973), дотсент (1976).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1954–1959 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1959–1960 муаллими омӯзишгоҳи касбӣ- техникии №11 ноҳияи Ҳисор, 1960–1965 ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1965–1968 аспиранти Донишкадаи нафту химияи ҶШС Озарбойҷон, 1968–1981 муаллими калон ва дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Оид ба гармигузаронӣ ва часпакии моеъҳои молиданӣ дар ҳароратҳои паст корҳои илмию тадқиқотӣ бурдааст. Муаллифи 8 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Солҳои 1974, 1980 шунавандаи факултети такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон буд. Бо раҳматномаҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ва донишкадаи омӯзгории ш. Душанбе сарфароз шудааст.