Роҳи автомобилгарди Айнӣ– Панҷакент
Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент - дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (Ўзбекистон) ҷойгир аст (дар сарҳади ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғди Тоҷикистон). Сохтмони он давоми корҳои таъмири роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (Ўзбекистон) мебошад.[1]
18 октябри соли 2015 - дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст. Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Дорога на Узбекистан будет восстановлена//Аsia-Plus/ № 71(758), 20 сент. 2012
- ↑ Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент. 17 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2021.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таърихи Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2007 сол.