Jump to content

Роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор 7 июли соли 2023 дар вилояти Суғд мавриди истифода супорида шудааст.

Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор ва таъмиру азнавсозии он, яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи роҳсозӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси шартномаи сетарафа байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо харҷи беш аз 75 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Корҳои сохтмону азнавсозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор дар масофаи 38 километр пурра аз таҳкурсӣ аз нав сохта, аз рӯи меъёрҳои роҳсозӣ ду қабат асфалт хобонида шудааст. Паҳноии асфалти роҳ аз 7 то 11 метрро ташкил медиҳад. Дар масофаи ин роҳ ду пули нави мошингузар сохта, ду пули мавҷуда пурра таъмиру навсозӣ карда шуд. Дар мавзеъҳои гуногуни роҳи мошингарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, новаҳои обгузару обпарто ва бунёди иншооти ҳимоявии шафати роҳ бунёд шудааст. Масолеҳи сохтмонӣ - регу шағал ва асфалти гарм аз корхонаи “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” таъмин карда шудааст. Корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва иншооти марбутаи онро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” бо ҷалби коргарону мутахассисон ва техникаю механизмҳои роҳсозӣ дар муҳлати беш аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Роҳи мазкур минтақаи калони саноати кӯҳкории кишвар - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, силсилаконҳои Зарнисору Бургунда, минтақаҳои кишоварзӣ ва деҳаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳро ба маркази вилоятшаҳри Хуҷанд мепайвандад. Роҳи нав вақт ва хароҷоти бору мусофиркашониро кам карда, шароитҳои меъёрии ҳаракати воситаҳои нақлиёти бору мусофиркашонро фароҳам меорад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]