Рудолф Вирхов
Рудолф Вирхов | |
|---|---|
| олмонӣ: Rudolf Virchow | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 13 октябри 1821[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 5 сентябри 1902[1][2][3][…] (80 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | зистшиносии ёхта ва пизишкӣ |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | Johannes Peter Müller[d][6] ва Robert Froriep[d] |
| Шогирдон | Eduard Hitzig[d], Edwin Klebs[d], Alfredo Kanthack[d], Friedrich Daniel von Recklinghausen[d], Ernst Haeckel[d], Otto E. A. Hjelt[d][7], Alexander Pagenstecher[d], Johann Nepomuk Czermak[d], Michael Anton Biermer[d] ва Carl Hueter[d] |
| Ҷоизаҳо | |
| Имзо |
|
Рудолф Людвиг Карл Вирхов (олмонӣ: Rudolf Ludwig Karl Virchow; 13 октябри 1821, Шифельбайн, Померания — 5 сентябри 1902, Берлин) — донишманд ва сиёсатмадори олмонӣ дар нимаи дувуми садаи XIX. Пизишк, осебшинос, бофтшинос, физиолог, яке аз асосгузорони назарияи ҳуҷайра дар зистшиносӣ ва пизишкӣ, асосгузори назарияи осебшиносии ҳуҷайра дар пизишкӣ; ҳамчун бостоншинос, инсоншинос, деринашинос ва сиёсатмадори демократ низ шинохта шудааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи Берлин (1843). Аз соли 1856 профессори кафедраи анатомияи патологӣ, патологияи умумӣ ва терапия (муолиҷа)-и ҳамин донишгоҳ, инчунин директори Институти патология буд. Бо дар назар доштани сохтори ҳуҷайравии организм ҳама гуна равиши ноҳинҷорро маҷмӯи тағйироте шуморидааст, ки дар ҳуҷайра рух менамояд. Рудолф Вирхов тарзи инкишофи бемориҳои гуногуни одам, аз ҷумла ҷараёни ташаккули омос, илтиҳоб ва ғайраро шарҳ додааст. Таълимоти Рудолф Вирхов орӣ аз камбуд набуд. Масалан, ӯ назарияи аз ҳуҷайра таркиб ёфтани организмро қабул надошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- 1 2 Who Named It? (ингл.) — 1994.
- 1 2 Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- 1 2 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/rudolf-virchow (итол.)
- ↑ Вирхов Рудольф // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- 1 2 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
- ↑ Biografiskt lexikon för Finland (швед.) — SLS.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вирхов Рудолф // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.