Jump to content

Рустамбек Юсуфбеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рустамбек Юсуфбеков
Таърихи таваллуд 1923(1923)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2000(2000)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ходими давлатӣ,олим
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

Рустамбек Юсуфбеков — ходими давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1972), профессор (1984). Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1963-1974), муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1974-1984), вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1981-1984). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1975).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рустамбек Юсуфбеков Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ро хатм кардааст (1950)., ихтисос – «иқтисоди сиёсӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: самаранокии бахши кишоварзӣ, рушди беҳбуди моддӣ ва сатҳи фарҳангии мардум, самаранокии иқтисодии маорифи халқ. Мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1956-1959). Муовини мудири шуъбаи илм ва мактабҳои КМ ПК Тоҷикистон (1959-1962), вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1963-1974), муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1974-1984), вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1981-1984). Профессори кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984-2000).

  • Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ду ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.