Рухсатии иҷтимоӣ
Рухсатии иҷтимоӣ - татбиқи рухсатии иҷтимоӣ тибқи қонунгузории меҳнатӣ нисбати занони ҳомила пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъди таваллуд ҳам ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил - ҳаштоду шаш ва таваллуди ду ва ё зиёда тифл - як саду даҳ) рӯзи тақвимӣ рухсатӣ дода, барояшон кӯмакпулӣ аз рӯйи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.
Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд якҷоя ҳисоб карда, он сарфи назар аз миқдори рӯзҳое, ки занон воқеан то таваллуд истифода кардаанд, дода мешавад. Баъди хатми рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсола расиданаш рухсатӣ дода, барояш кӯмакпулӣ аз рӯйи суғуртаи давлатии иҷтимоии тамоми ин давра пардохта мешавад. Бо хоҳиши зан ҳамчун барои нигоҳубини тифл то ба синни сесола расиданаш рухсатии бепули иловагӣ дода мешавад.
Аз рухсатии нигоҳубини тифл ҳамчунин падари тифл, бибӣ, бобо ё дигар хешу табори тифл ё васие, ки тифлро воқеан нигоҳубин мекунад, пурра ё қисман истифода карда метавонад. Бо хоҳиши зан ё ашхосе, ки зикр шудаанд, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини тифл буданаш метавонанд рӯзи нопурраи корӣ ё дар хона кор карда, аз рӯйи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кӯмакпулӣ гиранд.
Дар давраи рухсатӣ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад. Рухсатии нигоҳубини кӯдак ба собиқаи умумӣ ва бе танаффус ба собиқаи кор аз рӯйи ихтисос (ғайр аз ҳолатҳои таъйини нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат) ҳисоб карда мешавад. Вақти рухсатии нигоҳубиии кӯдак ба собиқае, ки ба рухсатии пулии минбаъда ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карда намешавад. Ба ашхосе, ки кӯдакони навзодро бевосита аз таваллудхона фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхонӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхон кардани ду кӯдаки навзод - як саду даҳ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак барояшон рухсатӣ дода, кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то синни якунимсола ва сесола нигоҳубин кардани кӯдакашон рухсатии иловагӣ дода мешавад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 398-399
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |