Jump to content

Рӯзибой Идизода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рӯзибой Идиев
Таърихи таваллуд 1 январ 1969(1969-01-01) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2013)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2022)

Рӯзибой Идизода (Рӯзибой Идиев; зод. 1 январи 1969, деҳаи Кӯҳмарғ, ноҳияи Айнӣ) — овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2013), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2022).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода аст. Дар ансамбли давлатии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, аз соли 2000 узви ансамбли «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мебошад. Сурудҳои халқӣ ва фалаки мардуми водии Зарафшонро бо овози ширадор замзама намуда, ба халқаи овозхонони писандида дохил шудааст, мекӯшад донае ба хазинаи нурбахшои мусиқии тоҷик зам созад. «Майда-майда», «Модар», «Нишастан», «Иқбол», «Падруд», «Шамол», «Хуш хиромон меравӣ», «Агар», «Ҷӯрабой» намунаи чанде аз сурудаҳояш мебошанд.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.