Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар 23 феврал ҷашн гирифта мешавад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллӣ гардонида нашудаанд. Пешниҳоди идкунии «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ибтидои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба миён омадааст. 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон», ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Хукумати Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт ш. Душанбе паради низомӣ баргузор гардид. Дар он намоиш аз «Фронти халқии Тоҷикистон» ҷониби кумондони «Фронти халқии Тоҷикистон» дархост карда шуд, ки 23 феврал ҳамчун иди Артиши миллӣ эътироф карда шавад.
Баргузории ид
[вироиш | вироиши манбаъ]23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад..[1]
Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Бонувон ва духтарон дар арафаи ид мардону ҷавононро табрик мекунанд.
Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ
[вироиш | вироиши манбаъ]23 феврали соли 2013 дар Тоҷикистон — 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон[2] ҷашн гирифта шуд. Паради ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзи ид, дар Душанбе баргузор гардид. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ шуда гузаштаанд. Парад бо фармони вазири мудофиаи генерал Шералӣ Хайруллоев ва фармондеҳи қувваҳои замин генерал Латиф Файзиев фармон дод.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рӯзҳои Ид(пайванди дастнорас)
- [1] Бойгонӣ шудааст 20 Декабри 2014 сол.
- [2] Бойгонӣ шудааст 28 апрели 2015 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қонунҳо ва Қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 1 августи 2021 сол.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 21 феврали 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Декабри 2014.