Сабоҳат Наҷмиддинова
Таърихи таваллуд | 20 ноябр 1966 (58 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005) |
Сабоҳат Наҷмиддинова (Наҷмиддинова Сабоҳат Муҳаммадиевна; зод. 20 ноябри 1966, Душанбе) — овозхон, омӯзгор[1] ва мақомсарои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро (1988) хатм карда, дар ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати овозхон кор мекунад.
Сурудаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Тӯли зиёда аз 25 соли фаъолият қариб 50 таронаи классикию халқиро рӯи адвори мусиқӣ оварда, ба хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон ҳадя намудааст. Бо «Биё», «Ёди ширин», «Чӣ донӣ ҳоли мо», «Синахурӯш», «Эҳсон», «Бар нигори ман баред», «Муноҷот», «Исён», «Вафо», «Модар», «Фиреб», «Савдои ишқ», «Чароғи дил», «Эй ҷилваи ҷамолат», «Кӯчабоғ», «Расми баҳор», «Зиндагӣ» барин таронаҳояш дар мадди назарҳо, панҷаи маҳбубиятҳо, оғӯши муҳаббатҳо қарор гирифта, теъдоди мухлисону дилбастагони ҳунараш кам намегардад[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сабоҳат Наҷмиддинова — сарояндаи маҳбуби халқ. Фараж (25 ноябри 2017). 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.