Cадо (дар мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Садои мусиқӣ)
Jump to navigation Jump to search

Cадо (дар мусиқӣ) — ҳама он чизеро, ки мо мешунавем. Дар таҷрибаи мусиқӣ садоҳо ду хел мешаванд: Садои мусиқӣ ва ғайримусиқӣ. Садоҳои мусиқӣ дорои пардаи баланди муайяни мусиқӣ мебошанд. (Садоҳои фортепиано, гобой, ғижжак, рубоб, най ва ғайра). Садоҳои ғайримусиқӣ пардаи баланди муайян надоранд (дойра, таблак, бубен, барабани хурд ва ғайра). Садои мусиқӣ 4 хусусият дорад: баландӣ, дарозӣ, қувва ва тембр (рангубор). Садоҳо паст ва баланд мешаванд (Садои флейта – баланд, Садои контрабас – паст, най – баланд, фагот – паст ва ғайра). Дарозии садо – давомёбии оҳанги садо аст. Қувваи садо дараҷаи шиддати он аст. То чӣ андоза форам будани садоро тембри он ифода мекунад. Мас., Садои рубобро аз ғижжак, фортепианоро аз скрипка, овози мардонаро аз занона аз рӯи тембрашон фарқ мекунанд.[1]

Cадои мусиқӣ — садоест дорои (бо фарқият аз гумбуросӣ) ифодакунандаи возеҳи баландӣ, кадоме ки метавонад комилан садои дақиқро муқаррар кунад. Маълум аст, ки «маводи сохтмони» асосии мусиқӣ, воситаи муҳими сохтани нақшҳои мусиқӣ-бадеӣ, маҳз садоҳои мусиқӣ мебошанд, вале на гумбуросӣ. Ғайр аз баландӣ, ҳар як садои мусиқӣ боз дорои қувваи овоз, тембр (рангубор), дарозӣ (давомнокии садодиҳӣ) мебошад.[2]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 333-334. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 334. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)