Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидаҳмад Зубайдов (тав. 20.11.1957, деҳаи Моинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ, физик ва технолог, номзади илмҳои техникӣ (1989), дотсент (1993).
Солҳои 1975–1979 донишҷӯи факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1979–1981 афсари Артиши Шӯравӣ, 1981–1982 лаборанти калон, 1983–1986 аспирант, 1986–1980 ассистент, 1990–1993 муаллими калон, 1993– 1997 дотсент ва мудири кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Айни ҳол ҳамчун мудири шуъбаи илми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон кор мекунад. Оид ба хосиятҳои гармофизикии гранулҳои катализаторҳои дар асоси окиси алюминий ҳосил кардашуда кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 60 номгӯи корҳои илмӣ, илмию методӣ ва таълимию методӣ аст, ки дар нашрияҳои илмии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон нашр гардидаанд. Бо раҳматномаҳои раёсати донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз шудааст.
- Физика (синфи 7), Д., 2009.