Саида Файзалиева
Файзалиева Саида Ашӯровна | |
Таърихи таваллуд | 3 май 1963 (61 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Саида Файзалиева (Файзалиева Саида Ашӯровна; тав. 3 майи 1963, Душанбе) — раққоса, ровии телевизиюн ва омӯзгори тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1987).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1991 факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ва соли 2013 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Ба ансамбли рақсии «Зебо»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ аз аввали таъсисаш (1978) ворид шуд ва ба зудӣ гули сари сабати он гардид. Солҳои 1991—1994 роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро», 1994—2000 роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли давлатии рақсии «Лола», 2000—2004 сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ»-и ТВТ буд. Аз соли 2010 муаллимаи кафедраи хореографияи ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.
Ҳунари рақс
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунари рақсро интихоб карда, изтироб, ҳаяҷон ва шодии дилашро бо он баён месохт, дар саҳна худро даруни олами афсонаҳои ширин медид. Чун дар ҳавои суруде мерақсид, ҷилваю ҳаракатҳои ҷаззобаш ба ҳар авҷу фарори оҳанг мутаносиб меафтоданд. Бо иҷрои «Мижгонсияҳ», «Завқи ҷавонӣ», «Боди сабо», «Чоргоҳ», «Рафтем аз ин боғ», «Навои ғижжак», «Сабзинаранг», «Чак-чаки борон», «Майда-майда мерақсӣ», «Насими кӯҳсор», «Эй санам», «Нилуфар» барин рақсҳо собит сохт, ки рақс зебоист, хурӯш ва туғёни дил аст. Дар рақсҳои умумӣ низ гӯё тамоми риштаҳоро ба худ тобеъ намуда, ба онҳо ҷозибияти махсус мебахшид.
Ба Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Туркия, Тунис, Ҷопон, Русия, Испания, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом додаст.
Филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1983 — Завқи ҷавонӣ (Гулбаҳор)[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.