Саидмуҳаммад Одинаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Саидмуҳаммад Одинаев
Саидмуҳаммад Одинаев
Саидмухаммад Одинаев.jpg
Санаи таваллуд:

19 октябр 1942(1942-10-19) (76 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ховалинг

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

физика

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва математика

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин

Ҷоизаҳо:

Ордени «Шараф»

Саидмуҳаммад Одинаев  — олим, доктори илмҳои физикаю математика (1995), профессор (1996). академики Академияи илмҳои Тоҷикистон(2008), узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1994), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2004)[1]

Зиндагинома[вироиш]

Саидмуҳаммад Одинаев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён расондааст (1965). Фаъолияти меҳнатиаш дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аз ассистенти кафедраи физикаи назарӣ оғоз шудааст (1965—1966).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: Назарияи молекулӣ-кинетикии равандҳои релаксатсионӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ. Муаллифи зиёда аз 170 монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ. Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи назарияи статистики ҳолати моеъи моддаҳо буда, роҷеъ ба таҳқиқи сохтори микроскопии муҳити конденсӣ дар байни олимони соҳаи физика эътироф шудааст.

Осор[вироиш]

Молекулярная теория структурной релаксации и явлений переноса в жидкостях. — Душанбе,1998 (бо ҳаммуаллиф)

Мукофот[вироиш]

  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Бо ордени «Шараф» (2004) сарфароз гардидааст.[2][3]

Сарчашма[вироиш]

  1. Аъзои раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  3. Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008. — С. 228—229.

Нигаред низ[вироиш]