Саидризо Ализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Саидризо Ализода
Саидризо Ализода
Санаи таваллуд:

11 март 1887(1887-03-11)

Зодгоҳ:

Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон

Санаи марг:

1945(1945)

Маҳалли марг:

Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон

Навъи фаъолият:

Нависанда

Солҳои эҷод:

1919—1944

Забони осор:

забони тоҷикӣ

Саидризо Ализода - (11 марти 1887, маҳаллаи Боғи шамоли ш. Самарқанд – вафот 1945), рӯзноманигор, публисист, мутарҷим, забоншинос, омӯзгор.

Зиндагинома[вироиш]

Ализода Саидризо (11 марти 1887, маҳаллаи Боғи шамоли ш. Самарқанд ба дунё омадааст. Мактаби усули ҷадидро хатм кардааст (1912), иштирокчии фаъоли корпартоиҳои коргарони Самарқанд (1905 - 1907), коргари корхонаи бофандагӣ, ҳуруфчини матбааҳои Самарқанд (1909-1919), котиби якӯми ҳизби болшевикии н. Боғи шамоли ш. Самарқанд, муҳаррири аввалин нашрияи шӯравии тоҷикӣ “Шӯълаи инқилоб” (1919 - 1921), муаллими забони арабӣ, форсӣ ва тоҷикӣ УДС (ҳоло – Донишкадаи давлати Самарқанд ба номи А. Навоӣ) (1933 - 1937)[1]

Эҷодиёт[вироиш]

Mуаллифи аввалин алифбои тоҷикӣ “Китоби нахустин”, “Дабистони тоҷик” (1920), “Сарфу наҳви тоҷикӣ” (1926), муҳаррир ва мураттиби аввалин луғати русӣ-тоҷикӣ (ду ҷилд, 1933 -1934), муаллифи маҷмӯаи мақолаҳои публисистии “Ба ҳам бипайвандед, эй ранҷбарони ҳамаи ҷаҳон!”, “Сарватмандон навмед мешаванд”, “Инглиспарварон бихонанд”, “Имрӯз наврӯз аст”, “Ба муносибати хабарҳои Бухоро”, “Мотами бузург” ( дар бораи ба таври фоҷиавӣкушта шудани Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, 1919) ва ғ., шеърҳои “Зан ва мулло”, “Ба порахӯр”, “Бойамак”, “Марсияҳои мушфиқона ба фаранҷӣ”. Чун донандаи забҳои арабӣ, форсӣ, русӣ, узбеки, тоторӣ, туркӣ, курдӣ асарҳои “Сад фоиз”-и нависандаи америкоӣ Эптон Синклер (1934), “Дубровский” (1935), “Духтари капитан” (1936), “Моткаи қарамашшоқ” (1937), “Ҳикояҳои Белкин”-и А. С. Пушкин (1938), “Семент”- и Ф. Гладков (1936), “Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст”-и Н. Островский (1937), “Каждум аз меҳроб”-и адиби ӯзбек Абдулло Қодириро (1938) ба тоҷикӣ гардонидааст, аввалин тарҷумон ва муҳаррири асарҳои классикони марксизм-ленинизм.[2]

Некдошт[вироиш]

Соли 1997 ба муносибати 100-ӯмин солгарди таваллудаш дар ш. Самарқанд хона – музеи Саидризо Ализода таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон асарҳои тарҷуманамуда ва маҷмӯаи мақолаҳои публисистии Саидризо Ализода ҳамчун мероси адабӣ омӯхта мешаванд.[2][3]

Манобеъ[вироиш]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. — С.22-23 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
  2. 2.0 2.1 САИДРИЗО АЛИЗОДА tojnews
  3. [1]