Саидхон Аҳмадов
Саидхон Шарифович Аҳмадов | |
Таърихи таваллуд | 18 сентябр 1937 |
Зодгоҳ | Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2 декабр 2021 (84 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физика |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти электротехникии алоқаи Маскав |
Саидхон Аҳмадов (Аҳмадов Саидхон Шарифович; тав. 18 сентябри 1937, Бухоро - ваф. 2 декабри 2021, Душанбе) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика (2004)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти электротехникии алоқаи шаҳри Маскав (1960). Муддате дар маркази техникии радиошунавонӣ кор карда, солҳои 1962-1965 дар аспирантураи Институти физикаи АИ ИҶШС таҳсил намудааст. Аз соли 1966 то 2020 дар Институти физика ва техникаи ба номи С. Умарови АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ходими хурди илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири лаборатория, мудири шуъба, ходими пешбари илмӣ кор мекард. Мутахассиси соҳаи физикаи ҳароратҳои паст ва техникаи криогенӣ буданд. Саидхон Аҳмадов 2 декабри 2021, дар ш. Душанбе даргузаштааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Осиёи Марказӣ аввалин лаб. криогенӣ таъсис дода, доир ба хусусиятҳои спектри энергетикии барандаҳои ҷараён дар нимфилиззот ва нимноқилҳои майдони энергетикиашон танг таҳқиқот анҷом додааст. Кашфиётҳои илмии ӯ дар саноат, кишоварзӣ, чорводорӣ ва тиб истифода мешаванд. Дар соҳаҳои гуногуни тиб абзори гуногуни криотиббӣ сохтааст, ки ҳоло мавриди истифода қарор доранд. Аҳмадов узви Шӯрои илмии Маркази илмии онкологӣ, раиси Шӯрои илмии Ассосиатсияи тибби анъанавӣ ва узви Академия Илмии Ню-Йорк буд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Влияние диэлектрического покрытия на свойства пленок и сплава. — Д., 1992;
- Особенности энергетического спектра носителей висмута и сплавов висмут — сурьма. — Д., 1994.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмадов Саидхон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 сентябр
- Зодагони соли 1937
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Бухоро
- Даргузаштагони 2 декабр
- Даргузаштагони соли 2021
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Физикдонони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон