Сайдӣ
Шаҳр | |
туркманӣ: Seýdi | |
39°29′ с. ш. 62°54′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Туркманистон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 1973 |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
|
Сайдӣ ( туркм. Seýdi) (собиқ — Нефтезаво́дск) — шаҳр, дар этрапи Данев, вилояти Лебапи Туркманистон аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Нефтезаводск соли 1973 дар робита ба сохтмони корхонаи коркарди нафт таъсис ёфтааст. Он аввало, як шаҳрак дар ноҳияи Деҳнави вилояти Чорҷӯйи ҶШС Туркманистон буд.
23 августи соли 1990 Нефтезаводск мақоми шаҳрро гирифт ва ба ифтихори шоир ва ватандӯсти туркман Сайитназар Сайдӣ бо номи "Сайдӣ" номгузорӣ шуд.
25 ноябри соли 2017, дар парлумони Туркманистон мақоми Сайдӣ аз шаҳрак бо ҳуқуқи этрапи вилояти Лебапи Туркманистон ба шаҳри доираи этрапи Деҳнав табдил ёфт [1].
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Он дар канори биёбони Заунгузи Қарокум, дар 70 км шимолу ғарби Туркманобод (собиқ Чорҷӯй), дар соҳили чапи Амударё ҷойгир аст.
Дар наздикии шаҳр теппаи калон ва кӯли сунъӣ вуҷуд дорад, роҳи Сейдӣ - Репетек мегузарад ва истгоҳи роҳи оҳан мавҷуд аст.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолии Сейдӣ 21.160 нафарро ташкил медиҳад (баҳодиҳиии 2010 [2] ).
Соли | 1979 | 1989 | 2010 |
---|---|---|---|
Аҳолӣ | 4410 | 11,059 | 21160 |
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳр заводҳои равғани Сейдӣ, заводи конструксияи оҳану бетонӣ ва фабрикаи ресандагии пахта ҷойгиранд. Инчунин маҷмааи меҳмонхонаи ба ҳамин ном номбаршуда низ мавҷуд аст.
Вазорати саноати бофандагии Туркманистон барои тарҳрезӣ ва сохтмони як корхонаи "калид" барои истеҳсоли риштаи пахта дар шаҳри Сейдӣ озмуни байналмилалӣ эълон кард.
Тавре рӯзномаи "Туркманистони бетараф" хабар медиҳад, ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, ки дар сохтмони корхонаҳои ресандагии пахта таҷриба доранд, барои иштирок дар тендер даъват шудаанд. Иштирокчиёни тендер метавонистанд пешниҳодҳои худро ба идораи сармояи вазорат то 30 сентябри соли 2011 фиристанд.
Ҷойҳои тамошобоб
[вироиш | вироиши манбаъ]- Харобаҳои қалъаи қадимӣ.
- Осорхонаи мамнӯъгоҳи давлатии Амударё.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Парламент Туркменистана внёс изменения в административно-территориальное деление Лебапского велаята(рус.). Информационный портал Туркменистана «Turkmenportal» (28 ноябри 2017). 14 апрели 2018 санҷида шуд.
- ↑ World Gazetteer.(пайванди дастнорас)