Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сайри харбуза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акс:Бозори ноҳияи Спитамен.JPG
Харбузаву тарбуз барои савдо. Бозори ноҳияи Спитамен

Сайри харбуза, иди харбуза — яке аз сайрҳои мавсимӣ, ки дар фасли тобистон, дар айёми пухтани харбузаҳо баргузор мешуд. Дар моҳи август косибону ҳунармандҳо, аҳли тиҷорат ва дигарон ба сайргоҳ ба сайри харбуза мерафтанд.

Дар сайргоҳ деҳқонон навъҳои зиёди харбузаҳоро ба намоиш ва фурӯш мебароварданд. Харбузаҳои беҳтаринро бурида, меҳмононро муроот мекарданд. Дар як тарафи сайргоҳ навозандагону ҳофизон мусиқию сурудхонӣ ва рақс ташкил менамуданд. Ин анъана дар солҳои истиқлоли кишвар дубора эҳё шуд. Дар Вилояти Суғд, водии Ҳисор, вилояти Хатлон фаъол аст.[1]

Сайри харбуза дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Анъанаи сайри харбуза дар Тоҷикистон махсусан дар замони солҳои истиқлоли миллӣ эҳё гардидааст.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 90
  • 1. Турсунов Н. Шаҳри офтобӣ. Душанбе: Ирфон, 1989.
  • 2. Сайри харбуза // Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2., Душанбе, 2016.