Сайфуддини Бохарзӣ
Сайфуддини Бохарзӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | илоҳиётшинос |
Таърихи таваллуд: | 1190 |
Таърихи даргузашт: | 1261 |
Эътиқод: | ислом |
Самти фаъолият: | тасаввуф |
Устодон: | Наҷмуддини Кубро |
Вироиши Викидода |
Сайфуддини Бохарзӣ (форсӣ: سیفالدین باخرزی, машҳур ба Шайхи Олам, Хоҷаи Фатҳободӣ,1190, Бохарз, Хуросон — 1261, Фатҳобод, Бухоро) — ориф, сӯфӣ, фақеҳ, нависанда, шоири рубоисаро ва намояндаи барҷастаи тасаввуфи Хуросон, муриди Наҷмуддини Кубро.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулмаъолӣ Сайфуддин Саъид ибни Матҳар ибни Саъид таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас ба сафар баромад ва фиқҳу ҳадисро дар Ҳирот, Нишопур ва Бағдод аз фақеҳону муҳаддисони бузург, аз ҷумла Шиҳобуддини Суҳравардӣ, Абулфатҳи Ҳусрӣ, Алӣ ибни Муҳаммади Мавасилӣ, Иброҳим ибни Солори Хоразмӣ, Муаййиди Тӯсӣ, Фазлуллоҳи Навқонӣ, Ҷалолуддини Марғинонӣ фаро гирифт. Сипас ба тасаввуф гароид ва дар Хева назди Наҷмуддини Кубро марҳалаҳои сайру сулукро тай карда, пас аз муддати кӯтоҳе халифаи ӯ таъйин шуд. Бохарзӣ бо ишорати муршиди худ ба Бухоро раҳсипор гашта, дар маҳаллаи Фатҳобод хонақоҳе бунёд ниҳод; маҷлисҳои ваъз ва панду андарз барпо мекард. Бохарзӣ дар Бухоро ончунон шуҳрату эътибор касб кард, ки ӯро «шайхи бузург» мехонданд. Ба қавле, вақте ки абераи Чингиз — Биркахони муғул (фавт 1267) ба Бухоро омад, дарҳол ба зиёрати Бохарзӣ шитофт ва ба дасти ӯ ислом овард. Суюрқутӣ — модари Мангу-қоон ҳам вақте дар Бухоро мадрасае бино кард, Бохарзиро сарпараст ва мутаваллии он гардонид. Худи Мангу-қоон ва вазираш Бурҳонуддин Масъуди Балвоҷ низ Бохарзиро гиромӣ медоштанд. Баёнқулихон низ аз ҷумлаи муридон ва мухлисони Бохарзӣ буд. Бо вуҷуди мақому ҷойгоҳи баланди худ Бохарзӣ муддате мавриди бадгӯӣ ва ҳасади баъзе мухолифонаш қарор гирифт ва дар Самарқанд ба зиндон афтод. Баъди раҳоӣ аз зиндон ба Бухоро бозгашта, боқии умрашро дар ҳамон ҷо гузаронд ва ҳамон ҷо дар ноҳияи Фатҳобод дар хонақоҳи худ мадфун гашт. Аз мазори Бохарзиро зиёрат кардани худ бисёр донишмандону машоих, аз ҷумла, Ибни Батута ва Яъқуби Чархӣ, ёдовар шудаанд. Дар канори мазори Бохарзӣ чандин бузург, аз ҷумла, ду фарзандаш — Ҷалолуддин Муҳаммад ва Музаффаруддин Аҳмад, наберааш Абулмафохир Яҳёи Бохарзӣ мадфунанд. Ду тан аз бузургони машоихи тариқати нақшбандия — шайх Ҳасани Булғорӣ ва Хоҷаи Ғариб бо Бохарзӣ мусоҳиб будаанд. Бохарзӣ Чалолуддини Румиро надида бошад ҳам, ӯро сахт гиромӣ медошт; ёрону фарзандонашро ба дидори ӯ ташвиқ мекард ва чун аз ашъори Мавлоно мехонд, ба ҳолати ҷазба меафтод. Бохарзӣ муридону шогирдони бисёре тарбият кардааст. Яке аз шогирдони Бохарзихоҷа Бадруддини Самарқандӣ дар Деҳлӣ сокин шуда, ба паҳн кардани афкору андешаҳои ӯ дар Ҳинд пардохт. Ба қавле, силсилаи фирдавсия мансуб ба ӯст.
Бохарзӣ ҳусули маърифатро барои солик дар 4 асл: тибу-л-базр (хушии тухма), тибу-л-манбит (хушии рӯишгоҳ), гибу-л-ғизо (хушии парвариш) ва саодату-л-вақт (некбахтии вақт) вобаста медонист. Ӯ чун Наҷмуддини Кубро бар ин назар буд, ки мурид дар оғози сайру сулук то замоне ки дидаи дилаш кушода нашавад, бояд дар хилват баъд аз фароиз ба ғайр аз калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» ба ҳеч навъи дигари ибодат ва зикр машғул нагардад. Бохарзӣ ба муридонаш тавсия медод, ки ба зикри хуфя машғул шаванд. Ӯ чун Абуҳафси Ҳаддод дар мавриди тарбияи муридон бар ин ақида буд, ки мурид бояд танҳо ба як шайх ва пир иқтидо кунад. Дар миёни андешаҳои ирфонии Бохарзӣ мавзӯъҳои самоъ ва ишқ мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гирифтаанд. Бохарзӣ ба ишқи маҷозӣ низ таваҷҷуҳ дошт, чунонки мавзӯи меҳварии «Рисола дар ишқ»-и ӯро ишқи маҷозӣ ташкил медиҳад, зеро он бо ҳадиси машҳури мансуб ба Паёмбар (с) дар бораи ишқ оғоз гашта, бо достоне дар бораи як ишқи маҷозӣ ба поин мерасад. «Рисола дар ишқ» ду бор дар Теҳрон (1340 ва 1359 ҳиҷрӣ-шасӣ) ба чоп расидааст. Бохарзӣ рисолаи «Васоё»-ро хитоб ба яке аз муридонаш нигошта, дар он зимни баёни мӯҷази шартҳои сайру сулук муридонро ба риояи чорчӯби шариат васият кардааст. «Васоё» дар маҷмӯаи «Фарҳанги Эронзамин» (Теҳрон, 1353 ҳиҷрии шамсӣ) чоп шудааст. Рубоиёти Бохарзӣ ба таври пароканда дар тазкираҳо мавҷуд аст. 61 рубоии Бохарзӣ бо тарҷумаи англисии онҳо ва муқобала бо рубоиёти Умари Хайём ва Абусаиди Абулхайр ба чоп расид (Ҳайдаробод, 1927). Сайд Нафисӣ 90 рубоии Бохарзиро нашр кардааст (Теҳрон, 1344 ҳиҷрии шамсӣ).
Ин рӯбоӣ аз ӯст:
Гар ман гунаҳи ҷумла ҷаҳон кардастам,
Лутфи ту умед аст, ки гирад дастам.
Гуфтӣ, ки ба вақти аҷз дасташ гирам,
Оҷизтар аз ин махоҳ, к-акнун ҳастам.
Нусхаи хаттии осори Бохарзӣ «Шарҳи асмоулҳусно», «Нома ба Саъдуддини Ҳаммуя» ва «Вақоеъу-л-халват» дар китобхонаҳои Истанбул, Лоҳур, Бағдод ва Лейден маҳфуз аст. Ба Бохарзӣ асаре ба номи «Рӯзнома» низ нисбат дода шудааст, ки фарогири шарҳи аҳвол ва хотироти ӯ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бохарзӣ Сайфуддин / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тримингэм Дж. С. Суфийские ордены в исламе/ Пер. с англ. А. А. Ставиской. Москва, 1989;
- Кныш А. Д. Мусульманский мистицизм: краткая история. СПб., 2004;
- Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш. Душанбе, 2004;
- Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс. Душанбе, 2013.