Сайёра Ашрапова
Сайёра Турсуновна Ашрапова | |
Таърихи таваллуд | 4 июн 1973 (51 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | ноҳияи Марказии (ҳоло Фирдавсӣ) ш. Душанбе, Ташкилоти ғайридавлатии «Зан ва Замин», Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҷамъиятии «Панорама», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Сайёра Турсуновна Ашрапова — муаррих, иҷтимоиётшиноси тоҷик, номзади илми таърих, дотсент, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайёра Ашрапова соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Журналист» ва соли 2006 Донишгоҳи Стокголмро бо ихтисос «Омӯзгори соҳаи иҷтимоӣ» хатм кардааст.
- 1995-1996, муҳаққиқ–коромӯзи кафедраи назария ва таърихи журналистика Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,
- 1996-1997, назоратчӣ, назоратчии калони шӯъбаи якуми корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон,
- 1997 – 1999, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Марказии (ҳоло Фирдавсӣ) ш.Душанбе. Раиси созмони ҷавонони ноҳияи мазкур, 1999 –
- 2000, менеҷери ташкилоти ғайридавлатии «Зан ва Замин», тренер,
- 2002 – 2004, сармутахассиси шуъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 2004 – 2007, директори иҷроиявии Фонди ҷамъиятии «Панорама», эксперти масоили гендерӣ,
- 2007 – 2010 муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ,
- 2010 – 2012, мудири башхи таҳияи махзани маълумот ва тестии раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 2012 – 2013, директори иҷроиявии Фонди ҷамъиятии «Панорама»,
- 2014 – 2018, директори китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- 2013 – 2021, дотсенти кафедраи “Кори иҷтимоӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- 2021 то ҳол докторанти кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Номбурда дар курсҳои омӯзишии гуногуни ватанию хориҷӣ таҳсил карда, донишу малака ва ҷаҳонбиниашро васеъ ва мукаммал кардааст. Аз ҷумла моҳи ноябри соли 2020 дар курси “Технологияи хизматрасонии иҷтимоӣ барои шахсони зери шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарордошта». Фонди Ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ». ш. Душанбе; ноябри соли 2019 “Таълимоти иҷтимоӣ-эмотсионалӣ дар Осиёи Марказӣ». Донишгоҳи Вирҷинияи ИМА. ш.Бишкек; октябри соли 2019 “Кори иҷтимоӣ бо оилаҳои Фостерӣ. Лоиҳаи “Оила дар мадди аввал». Вазорати маориф ва илми ҶТ, Ҳукумати Шотландия. ш. Душанбе; июли соли 2015 “Ҳифзи модарӣ ва ченаки гендерии таъминоти иҷтимоӣ. Маркази байналмилалии омӯзишии Ташкилоти байналмилалии меҳнат Турин, Италия ва ғайра, ки сертификати омӯзиши онҳоро соҳиб гаштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Молодая семья как объект социальной работы. Издание РИНЦ (Материалы Международной научно-практической конференции «Социальное государство и
молодежь: механизмы управления и перспективы развития»). М., 2018;
- Проблемы социальной адаптации девочек-сирот выпускниц школ-интернатов Таджикистана//Вестник ТНУ. Д., 2018;
- Влияние трудовой миграции на целостность семейных отношений в Таджикистане. Издание РИНЦ (Материалы Международной научно-практической конференции «Миграционные процессы в странах Центральной Азии: социально-экономические аспекты науки и практики»). Д., 2019;
- Оценка деятельности социальных работников в учреждениях первичной медико-санитарной помощи Республики Таджикистан. Издание РИНЦ (Материалы Международной научно-практической конференции «Миграционные процессы в странах Центральной Азии: социально-экономические аспекты науки и практики»). Д., 2019;
- Вклад женщин Таджикистана в победу в Великой Отечественной войне». Д. 2020;
- Сводный отчёт оперативной оценки потребностей в общем среднем образовании в Республике Таджикистан. Д., 2020.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 4 июн
- Зодагони соли 1973
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо