Jump to content

Саломи Нуриёни Баравнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саломи Нуриёни Баравнӣ
Саломи Нуриёни Баравнӣ
Таърихи таваллуд 19 май 1939(1939-05-19)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 6 июн 2014(2014-06-06) (75 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Саломи Нуриёни Баравнӣ (Саломатшо Нилобеков) (тав. 19.05.1939, деҳаи Баравни ноҳияи Ванҷ), адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (1989), дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1961– 1966 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1967–1970 аспиранти кафедраи адабиёти тоҷики донишкадаи номбурда, 1970–1973 муаллими кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, 1973–1989 муаллими кафедраи филологияи Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Аз соли 1990 то рузи фавт дар вазифаи дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекард. Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, илмиву оммавӣ ва беш аз 10 рисолаву асарҳои илмӣ аст. Оид ба анъанаи «Гулистон»-и Саъдӣ дар адабиёти асрҳои ХIV-ХVII-и форсу тоҷик кори илмӣ мебарад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Донишкадаи давлатии омӯзгори шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва ҷамъияти «Дониш» сарфароз карда шудааст.

  • Носеҳи Хатлонӣ ва «Ҳадиқатуррасул»-и ӯ, Д., 2000;
  • Насри ахлоқии адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХIII, Д., 2003;
  • Маҷди Хофӣ – Хористон, Д., 2004;
  • Носеҳи Хатлонӣ. Ҳадиқатуррасул, Д., 2005;
  • Даме бо «Гулистон», Д., 2005;
  • Амир Ҳусайни Ҳиравӣ. Нузҳатуарвоҳ, Д., 2007;
  • Наҷвои зиндагӣ (маҷмӯаи ашъор), Д., 1997;
  • Меҳробод (маҷмӯаи ашъор), Д., 2009.