Саломномахонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Саломномахонӣ — як навъ маросими занонаи суннатии тоҷикон дар ҷашни арӯсии тоҷикон мебошад. Ин анъанаи пазироии арӯс дар хонаи домод буда, бо хондани суруди анъанавии «Саломнома» иҷро карда мешавад.

Саломномахонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Шаҳринаву Ҳисор ва шаҳри Душанбе маъмул мебошад. «Саломнома» суруди суннатии халқӣ буда, дар мундариҷаи он тартибу равиши салом гуфтан ба Худованд, пайғамбарону саҳобаҳо, сипас таърифу тавсифи арӯсу домод ва орзую нияти хешовандон ифода ёфтааст. Саломномаро дар мавриди қабули арӯс дар хонаи домод то зери чодар даровардан ва гоҳҳо дар маросими рӯзи рӯйбинон низ мехонанд. Дар зери чодар чанде аз одатҳои ниёгон ба монанди ба домоду арӯс оина нишон додан, шарбат чашонидан, шамъи фурӯзонро ба гирди сари онҳо давр занондан, ҳазориспанд дуд намудан ва ғайра иҷро мешаванд. Тарзи саломномахонӣ хеле бошукӯҳ анҷом мепазирад: ду зан аз наздикони арӯс-хоҳар ё бародарзан дар паҳлӯи саломномахон шамъ дар даст рост меистанд. Чун арӯсро аз асп ё мошин фароварданд, ӯро дар гирди гулхани фурӯзон се маротиба давр занонда, сурудхо- нон дохили ҳавлӣ мегарданд. Гурӯҳи занон аз паси саломномахон бо ғулғулаву шодӣ, баъд аз ҳар як мисраи суруд «салом мегӯем», гӯён равон мешаванд. Ҳамин тариқ, занон арӯсро то зери чодар мебаранд.[1]

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 102. – 280 с.