Салоҳиддин Миралиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Салоҳиддин Миралиев
Фахриддин Мирзоаҳмадов
Санаи таваллуд:

19 сентябр 1970(1970-09-19) (48 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон СССР

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Раёсати ислоҳот ва равобити байналмилалии Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Салоҳиддин Раҷабович Миралиев (19.09.1970, ноҳияи Файзобод), доктори илмҳои тиб (2009).

Зиндагинома[вироиш]

Салоҳиддин Раҷабович Миралиев хатмкардаи факултаи муолиҷаи ДДТТ ба номи Ибни Сино(1994). Духтур-интерни Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 2 (1994-1995), ҷарроҳи беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ ва амбулаторияи н. Файзобод (1995-1997), мутахассиси пешбари Сарраёсати ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, сармутахассис ва муовини сардори Раёсати ташкили умури тиббӣ, сардори Шуъбаи кӯмаки госпиталӣ ва махсусгардонда, сардори Раёсати банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ислоҳот, сардори Раёсати ислоҳот ва равобити байналмилалии Вазорати тандурустии Тоҷикистон (1997-2009) кор кардааст. Чанд муддат котиби мушовара ва мушовири Вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Солҳои охир вазифаи сардори шуъбаи таҳлили сиёсати тандурустии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистонро иҷро кардааст. Ҳамзамон аз соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба донишҷӯён аз фанни ҷарроҳӣ дарс мегӯяд. Муаллифи зиёда аз 110 асару мақолаи илмию таълимӣ аст. Дар робита ба масъалаҳои такмили усули табобати ҷарроҳии захми сӯрохшудаи меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта пажӯҳиш анҷом додааст.

Осор[вироиш]

  • Оптимизация хирургической тактики при прободных язвах желудка и 12-перстной кишки. – Д., 1999;
  • Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки. – Д., 2003;
  • Сборник нормативно-правовых и отчётно-учётных документов по семейной медицине. – Д., 2006;
  • Руководство по управлению человеческими ресурсами системы здравоохранения Республики Таджикистан. – Д., 2008;
  • Медико-социальные проблемы внедрения и совершенствования деятельности общей врачебной (семейной) практики (на примере РТ): Дисс…доктора мед. наук. – Казань, 2009;
  • Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, омори тиббӣ ва таҳлили демографӣ. – Д., 2011. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 335.