Санади ҳуқуқӣ
Санади ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати расмие мебошад, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқ ё ҳалли масъалаи мушахасси ҳаётӣ ифода меёбад. Санадҳои ҳуқуқӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: санадҳои инфиродӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Санадҳои инфиродӣ санадҳои ҳалли масъалаи мушаххаси ҳаётӣ (ҳукм ва ҳалномаи суд), таъйинотӣ (таъйин ва озод намудан аз вазифа), супоришӣ ва мисли инҳоро дар бар мегиранд. Санади меъёрии ҳуқуқӣ дар худ меъёрҳои ҳуқуқро инъикос менамояд, ки хусусияти умумӣ дошта, барои истифодаи бисёркарата пешбинӣ шудаанд (Конститутсия, қонун, фармони меъёрии Президент, қарори Ҳукумат). Дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахшида ба субъекти ҳуқуқ эҷодкунанда, чун қоида, ишора мешавад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва инфиродӣ дар кадом шакли ҳуқуқӣ қабул мешаванд. Масалан, мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумат дар шакли қарор ва санадҳои инфиродӣ дар шакли фармоиш қабул карда мешаванд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 409 - 410