Сандра Эчеверриа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сандра Эчеварриа
исп. Sandra Echeverría
Sandra Echeverria in 2016.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: Sandra Echeverría Gamboa
Таърихи таваллуд: 11 декабр 1984(1984-12-11) (37 сол)
Зодгоҳ: Мехико, Мексика
Шаҳрвандӣ:  Мексика
Касб: ҳунарпеша
модел
сароянда
Корнома: 2002-то ҳол
IMDb: ID 1214700
sandraecheverria.net
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Сандра Эчеверриа Гамбоа (исп. Sandra Echeverría Gamboa) — ҳунарпеша ва сарояндаи мексикӣ. Ӯро дар Тоҷикистон ҳамчун Ҷейд барои иҷрои нақши асосӣ дар теленовелаи Амрикои Лотинӣ «Ҳамсон» (исп. el Clon) мешиносанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Сандра соли 1984 дар Мехико дар оилаи Эдуардо Эчеверриа Агирре ва Ана Мария Гамбоа Агилар таваллуд шудааст[1].

Аз синни хеле ҷавонӣ ӯ як гурӯҳи мусиқии бо номи "Profiles" шомил буд, ки баъдтар номи худро ба Crush иваз кард; Бо ин гурӯҳ ду албом сабт кардааст ва беш аз 200 консерт иҷро намудааст, ки чанде аз таронаҳо инҳоянд: "Puede ser", "Eres tú" y "Si tú te vas".

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2002 ӯ дар силсилафилми телевизионии "Súbete a mi moto" ҳамроҳи Барбара Морӣ ва Мишел Браун нақш бозидааст. Дар соли 2004 вай яке аз нақшҳои асосиро дар мавсими дуюми силсилафилми "Soñarás" бозид. Дар соли 2006, вай дар теленовеллаи "Марина" бо Маурисио Очманн нақш бозид.

Дар соли 2008 Сандра дар филми "Freestyle" дӯстдухтари қаҳрамони Корбин Блуро бозид ва дар соли 2010 ҳамроҳ бо Маурисио Очманн дар силсилафилми телевизионии Ҳамсон нақши Ҷейдро бозид, ки ба ӯ машҳурияти ҷаҳонӣ овард. Дар ин лоиҳа ӯ бо ҳунарпешаҳо Саул Лисазо, Хуан Пабло Раба, Луз Стелло Луэнгас, Даниэл Луго ва дигарон ҳунарнамоӣ намудааст. Дар силсилафилми телевизионии "La Traicion" (Товон), нақши Сандра Эчеверриаро дар ниҳоят ба Данна Гарсия доданд. Соли 2010, вай дар нақши асосии филми фантастикии "2033" ва соли 2011 - дар силсилафилми телевизионии "Қувваи тақдир" (испанӣ: La fuerza del destino) бо Дэвид Сепеда ва филми "Картел" (Испанӣ: El cartel de los sapos) нақш бозид.

Дар соли 2012 Сандра дар силсилафилми телевизионии "Алоқаҳои хатарнок" (Relaciones Peligrosas), дар комедияи Мэтт Пидмонт "Дар хонаи падар" (Casa de Mi Padre) ва дар филми Оливер Стоун "Махсусан хатарнок" (Savages) дар нақши Магда — духтари Ҳелено, ки Салма Ҳайек мебозад, нақш бозидааст.

Дар соли 2013 дар силсилафилми телевизионии "Пул", Сандра нақши Ева Герра, духтари рабудашудаи фурӯшандаи маводи мухаддирро бозид. Дар соли 2014 вай дар филми «Роҳнамои сайёҳӣ» (Cambio de ruta) нақши асосии роҳбалади сайёҳӣ Никте Домингесро бозид.

Ҳунарпеша инчунин нақши Клаудияро дар филми аниматсионии "Китоби ҳаёт" (2014) ва Марияро дар "Ҳаёти махфии ҳайвоноти хонагӣ" (2016) садо додааст.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сандра бо Леонардо де Лозанне 29 октябри соли 2014 дар соҳили Лос-Анҷелес издивоҷ кард.

18 сентябри соли 2015 фарзанди нахустини онҳо ба дунё омад.

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Синамо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2006 The Oakley Seven Ана Мария
2008 Crazy Sultry Brunette Неаён
2008 Double Dagger Кормен
2008 Persiguiendo un sueño Алекс Лопез
2009 Condones.com Габриэла
2009 2033 Люсия
2010 Héroes verdaderos Тонатзин овоздиҳӣ
2010 De día y de noche Аврора
2011 The Snitch Cartel Элиана
2012 Casa de mi padre Ҳамсари Мигуэл Эрнесто
2012 Savages Магда
2014 Cambio de ruta Никте Домингес
2014 Quiero ser fiel Сара
2014 Volando bajo Сара Медрано
2014 Amor de mis amores Люсия
2014 The Book of Life Клаудия Овоздиҳӣ
2016 Busco novio para mi mujer Дана
2016 The Secret Life of Pets Мария Овоздиҳӣ
2018 Más sabe el Diablo por viejo Дафне
2018 El día de la unión Химена
2018 Justice for All Элаине
2019 The Secret Life of Pets 2 Овоздиҳӣ
2020 Las pildoras de mi Novio Ҷесс
2021 Perfecto Anfitrión Клара

Телевизион[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Номгӯй Нақшҳо Шарҳҳо
2002 Súbete a mi moto Мариана Нақши асосӣ; 148 қисм
2004 Soñarás Эстефания Нақши асосӣ; 134 қисм
2006 Marina Марина Ҳернандес Нақши асостӣ; 168 қисм
2010 Ҳамсон Ҷейд Муборак Нақши асосӣ; 179 қисм
2011 La fuerza del destino Люсия Ломелӣ Кюриел Нақши асосӣ; 93 қисм
2011 Generator Rex Беатриз Қисм: "Phantom of the Soap Opera"
2012 Relaciones peligrosas Миранда Беатрез Круз Нақши асосӣ; 87 қисм
2013 The Bridge Сара Вега Қисм: "Destino"
2017 Criminal Minds: Beyond Borders Паола Қисм: "The Devil's Breath"
2017 La querida del Centauro Ана Велазко Нақши асосӣ (La querida del Centauro); 89 қисм
2019 La Bandida Грейсиела Олмос Нақши асосӣ; 62 қисм
2019 La usurpadora Паола Миранда де Бернал / Паулина Дориа Нақши асосӣ; 25 қисм

Дискография[вироиш | вироиши манбаъ]

Саундтрек[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Корҳо Номи суруд
2011 La fuerza del destino "La fuerza del destino" (бо Марс Энтонӣ)
2010 Ҳамсон "El Velo Del Amor" (бо Марио Рейес)
2006 Marina "Nos Volveremos A Ver"

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Номгӯй Бахш Кор Натиҷа
2002 Mexican Journalist Circle Беҳтарин ҳунарпеша Súbete A Mi Moto Баранда
2007 New York ACE Awards Чеҳраи нави зан Crazy
2010 Premios People en Español Беҳтарин ифшои сол Ҳамсон Номзад
Беҳтарин ҷуфт (бо Маурисио Очманн)
2011 TVyNovelas Awards (Колумбия) Беҳтарин нақши асосии зан
Premios People en Español Беҳтарин ҳунарпеша La Fuerza del Destino
Беҳтарин ҷуфт (бо Давид Зереда)
2012 Premios Juventud Духтари орзуҳои ман
Беҳтарин мавзӯи достон
TVyNovelas Awards Беҳтарин нақши асосии зан Баранда[2][3][4]
Premios People en Español Беҳтарин ҳунарпеша Relaciones Peligrosas Номзад
Беҳтарин ҷуфт (бо Габриэл Коронел)
  • Дар соли 2012 People En Español яке аз 50 одами зеботарин» номид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Biografía de Sandra Echeverría.
  2. Lista de ganadores de los Premios TVyNovelas 2012(пайванди дастнорас — таърих). 29 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2015.
  3. Sandra Echeverria gana mejor Actriz protagonica(исп.). Meta Tube. 10 сентябри 2015 санҷида шуд.
  4. Lista de nominados premios tvynovelas 2012(исп.). Star Media. 13 сентябри 2015 санҷида шуд.