Санҷид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Санҷид
Санҷид. Намуди умумии рустанӣ
Санҷид (Elaeagnus angustifolia).
Намуди умумии рустанӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Elaeagnus L., 1753
Номенклатурный тип

Санҷид, ҷигда (лотинӣ: Elaeagnus) — як ҷинси бутта ё дарахт, ки дар Аврупои Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ, Амрикои Шимолӣ мерӯяд. Қариб 40 навъаш маълум аст.

Тавсифоти биологӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 5 то 12 м қад мекашад. Барги санҷидро пулакчаҳои нуқратоб пӯшидаанд. Гулаш зангӯлашакл ё қифмонанд, зард, хушбӯй, сершаҳд ва аз равғани эфир бой мебошад. Мевааш иборат аз пӯст, ордаки ширин ва донак, хушхӯр; сентябр – октябр мепазад. Санҷид намудҳои бисёр дорад. Дар таркибаш 46-65% қанд, 1,3% кислота, 200мг% витамини C мавҷуд аст.

Гунаҳои санҷид дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон се намуди он мерӯяд: Elaeagnus angustifolius (дар водии дарёҳои Помиру Олойи Шимолӣ ва Ҷанубӣ), Elaeagnus orientalis (дар бешаҳои паҳнбарги Помиру Олойи Марказӣ; дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ мепарваранд) ва Elaeagnus songarica (дар водии Зарафшон).

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Санҷид меваи писандидаи мардуми Шарқ аст. Онро барои тархӯрӣ ва хушконида истифода мебаранд. Санҷид меваи фараҳовар ва қувватбахш мебошад. Хӯрдани он барои дарди сар шифо мебахшад, сурфаи гармро таскин медиҳад, неруи нигаҳдорандагии меъдаро меафзояд, иллати қай карданро таскин медиҳад. Истеъмоли санҷиди хом исҳолро манъ мекунад; ордаки он низ чунин таъсир дорад, харошидагии даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, бисёр омадани пешоб ва чакмезакро ба ислоҳ меоварад. Бӯидани гули санҷид боҳро меангезад (хусусан дар занҳо), фараҳ меоварад, дил ва майнаро қувват мебахшад, агар бихӯранд барои фалаҷ ва кузоз дору мебошад, дамкӯтаҳӣ ва захми шушро сиҳат мекунад, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад, бодҳоро таҳлил медиҳад, истисқо ва зардпарвинро дафъ менамояд. Агар барги санҷидро ба ҷароҳат ва захмҳо гузошта банданд, ба рим меоварад, рими онҳоро пок месозад. Молидани равғани санҷид барои буғум ва пайвандҳои бадан, суст ва нотавон гаштани аъзо даво мебошад, мӯйро дароз мекунад. Бо мақсади тайёр кардани равғани санҷид баргҳои онро дар равған то муҳарро шуданаш меҷӯшонанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988;
  • Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]