Санҷидбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Санҷидбозӣ

Дар ин бозӣ 3 нафар бачагон як донагӣ санҷид ба пиллаҷо мегузоранд. Яке аз бачаҳо навбат гирифта, дар замин пойҳояшро ба ду тараф кушода, аз қафои пиллаҷо менишинад. Дар пиллаҷо ду адад санҷидро наздик ба ҳам гузошта, санҷиди сеюмро дар болои он мемонанд. Бачаҳои дигар каме дуртар рафта, ба навбат бо санҷид он се санҷиди болои ҳам чидашударо ба нишон гирифта, мезананд. Агар нишонзан санҷидҳоро зада, афтонида тавонист, он ҳар се санҷидро мегирад. Агар ба нишон нарасонид, онгоҳ бозигари дар пиллаҷо нишаста, санҷиди ба хато рафтаро соҳиб мешавад. Дар Бадахшон дар ҳоли аз байнравӣ қарор дорад. [1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 195