Jump to content

Саодат Раҷабова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саодат Раҷабова
Саодат Джамоловна Раҷабова
Таърихи таваллуд 19 декабр 1983(1983-12-19) (40 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Деваштич, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Саодат Джамоловна Раҷабова (тав. 19.12.1983 ) ноҳияи Деваштич , вилояти Суғд) — олима, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2006 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултети математикаро хатм кардааст. Ихтисос математик, муаллими математика.

  • Солҳои 2006-2012 — муаллимаи кафедраи Информатика ва математикаи ҳисоббарори факултетиматематикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Б.Ғафуров
  • Солҳои 2010-2014 — ноибдекани бахши тарбияи факултет математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
  • Солҳои 2012-2015 — Ссармуаллимаи кафедраи Информатика ва математикаи ҳисоббарори факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
  • Аз соли 2015 — мудири кафедраи Методикаи таълими математика ва технологияи информатсионифакултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
  • Аз соли 2016 то ҳоло — дотсенти кафедраи Методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]