Jump to content

Саратон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саратон
ИхтисосСаратоншиносӣ Edit this on Wikidata
Саратон
МКБ-10 C00-C97
МКБ-О 8000/3
DiseasesDB 28843
MedlinePlus 001289
eMedicine / 
MeSH D009369

Саратон (ар. سرطان‎) — маразе, ки дар асари он дар бадан ҷароҳат, варам ва барҷастагиҳо пайдо мешашвад, ки намудаш монанди пои харчанг аст.

Бемориҳои омосӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бемориҳои омоси ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:

  • гурӯҳи якум — омоси хушсифат, ки бо роҳи чарроҳи табобат мешавад.
  • гурӯҳи дуюм — омосҳои бад сифат, ки хусусияти пахншавии беист, автономии ва авзоиши ҳучайраҳо дар мавзеи илат мебошад.

Хучайраҳои хушсифат дар замони муосир хатари зиёд надорад.Табибон рохи пешгирии онро бо усули чаррохи гирифтаанд. Яъне ки ин гурӯҳи саратон дар холл хатаре ба инсон намерасонад , аммо ба табобати духтурон нигоҳ накарда нафароне хастанд ки ба доруҳои додашаванда ва худ чаррохи тобовар нестанд. Ҳучайраҳои бад сифат хусисиятҳо ва кобилияти авзоиши худро ба ҳамаи ҳучайраҳои насли оянда мегузаронад. Ҳучайраҳои бад сифат бо роҳи табобати кимиёви ва табобати нури ва чарроҳи табобат мешаванд. Факторҳои, ки боиси пайдоиши бемории омоси мебошанд, то ҳозир дар омузиш хастанд. Як чанд теория ва гипотеза ҳаст, ки то ҳозир ягон намуди онҳо теорияи ягона қабул нашудааст. Дар натиҷаи омузиши теорияҳо, як чан намуд факторхо муаян шудаанд, ки боиси пайдоиши бемориҳои омоси бадсифат хастанд.

Ба ин гуруҳ факторҳо дохил мешаванд

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Муҳити зист, анъана, одатҳо.
  • Кимёви.
  • Агенти нурию, концерогени.
  • Дигаргуннии муҳити дохилаи организм.
  • Вируси.

Бемории омосҳои бадсифат дар тамоми узви бадани инсон пайдо шуда метавонанд; чунки ҳуҷайраи узувҳои худи одам дар зери таъсири факторҳои дар боло зикр шуда мутатсия шуда ба ҳучайраи бад сифат мубадал мегардад. Чи хеле, ки мо дар боло зикр кардем бемориҳои омосии бадсифат аз муҳити зист, ва анъана ва одатхо вобастаги дорад. Дар Ҷумхури Тоҷикистон бемориҳои омоси бад сифати пуст дар вилояти Хатлон аз сабаби иқлими гарм ва дар зери таъсири офтоб зиёд будан, зиёдтар во мехурад.

Бемориҳои омоси бад сифати узвҳои ҳозима аз сабаби пур хури, таъомҳои бирёну равғании бисёр ва хело гарм истеъмол кардан пайдо шуданаш мумкин. Ин чунин саратони лабу забон, дар Тоҷикистон, аз сабаби одати бади нос каши бисёртар дида мешавад.

Дар як сол зиёда аз 2 миллион одам дар руи замин аз омосҳои бад сифат мемиранд. Ҳамзамон рақами беморони дар муоинаи тибби ва табобат будан зиёда аз 5 миллионро ташкил медиҳад.

Барои пешгирии бемории саратон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳар як инсон бояд ҳаёти солимро пеш барад, ва ҳатман дар як сол ду маротиба аз муоинаи тибби гузарад. Дар сари вақт муаян кардани омоси бадсифат ва табобати он боиси саломатии инсон мебошад.