Jump to content

Сарвар Зарифзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сарвар Зарипов)
Сарвар Зарифзода
Зарипов Сарвар Қаҳрамонович
Таърихи таваллуд 26 ноябр 1983(1983-11-26) (41 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва метаматика[d] (2015)

Сарвар Зарифзода (Зарифзода Сарвар Қаҳрамон, пештар Зарипов Сарвар Қаҳрамонович; зод. 26 ноябр 1983, Элок, НТҶ) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (2015[1]), дотсент[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвар Зарифзода 26 ноябри соли 1983 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод дар хонадони омӯзгор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №11 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро хатм кардааст. 

Мудири кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад[3].