Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Элок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Элок
38°39′41″ а. ш. 69°31′14″ т. ш.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Қалаидашт
Тақсимоти дохилӣ 5 маҳалла
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 4 211 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3135
Элок дар харитаи
Элок
Элок
 Парвандаҳо дар Викианбор

Элок (форсӣ: ایلاک), Элокдара[1] — деҳаест дар ҷамоати деҳоти Қалъаидашти ноҳияи Файзобод. Аҳолиаш 2949 нафар (2010), тоҷикон.

Тибқи шаҳодати куҳансолони деҳа дар солҳои 50-уми асри XX, Элокдара таърихи беш аз 100—120-сола доштааст[2]. Дар он замон Элок яке аз нуқтаҳои аҳолинишини ниҳоии ғарбии бекигарии Қаротегин маҳсуб мешуд. Сокинони Элок қисман худро аз Кӯлоб ва қисман аз Файзобод омада мешуморанд[3].

Шаҳри Элок (Илок) дар масофаи як рӯза роҳ дар шарқи Вашгирд воқеъ буд ва Истахрӣ онро охирин шаҳри Вашгирд дар марзи Рошт гуфтааст. Ҳоло яке аз деҳаҳои ноҳияи Файзобод ва ҳам рӯде, ки аз ҳудуди ин ноҳия гузашта ба дарёи Кофарниҳон мерезад, Элок ном доранд. В. В. Бартолд вайронаҳои истеҳкоми Қалъаи Даштро макони шаҳри асримиёнагии Элок мешуморад. Дар харитаи садаи XIX-и ин мавзеъ дар шимолу шарқи Файзобод, миёни ин ноҳия ва Оби Гарм маҳалле бо номи Элокдара сабт шудааст, ки эҳтимол маҳалли аслии Элоки асримиёнагӣ дар он воқеъ бошад[1].

Деҳа нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, хонаи саломатӣ, 44 хоҷагии деҳқонӣ, 7 мағоза, 2 дорухона, сартарошхона, коргоҳи дӯзандагӣ, бустонсаро, хоҷагии колективии «Элок», осиёи обӣ, 2 осиёи барқӣ, сехи коркарди чубу тахта, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, гӯшаи деҳқон, автосервис, устохонаи оҳангарӣ, 2 толори варзишӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти шири ҶДММ «Суҳробҷон», масҷиди ҷомеъи марказӣ, масҷиди панҷвақта дорад.

Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, кадупарварӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд[4].

Боғи себ
Маҳаллаҳои деҳаи Элок
Маҳалла Аҳолӣ
Элоки Миёна
Элоки Боло
Элоки Поён
Гулихайри Боло
Гулихайри Поён

Деҳаи Элок як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи таҳсилоти миёна дорад. Илова бар ин, аз ҷониби ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин[5] дар деҳаи Элок сохтмони муассисаи таълимӣ барои 2400 хонанда[6] идома дорад.

Ҷоизадорони озмуни «Фурӯғ»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хонандагони мактаби Элок дар солҳои мухталиф дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён шуданд.

  • Рухшона Бобошоҳзода, хонандаи синфи 11, ҷои якум дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик[7];
  • Нигора Раҳмонова, хонандаи синфи 5, ҷои дуюм дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик.

Афроди шинохта

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пирони тариқати нақшбандия Шайх Абдурраҳими Давлат, Эшони Шайх; собиқ муовини Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Домулло Маъруф Раҳимзода, сархатиби Масҷиди марказии «Яккачинор»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эшони Ҳамдулло (Раҳимов), сархатиби Масҷиди марказии ноҳияи Файзобод Эшони Қори Носир; адабиётшинос ва доктори илмҳои филология Боймурод Шарифзода, доктори илмҳои филология Муҳриддин Низомӣ, номзади илмҳои фалсафа Файзалӣ Аминов, номзади илмҳои иқтисод Исмоил Бобиев, доктои илмҳои физика ва математика Сарвар Зарифзода, доктори илмҳои физика ва математика Афзалшоҳ Зарифзода; олимони ПРМ Салоҳуддин Амонӣ, номзади илмҳои педагогика Сайфиддин Камолзода, Қурбоналӣ Зиёев; номзади илмҳои иқтисод Забҳулло Нуруллоев; шоир Усмон Шарифзода, шоиру рӯзноманигор Исо Раҳим, рӯзноманигор Хӯҷаназари Аминиён, рӯзноманигору донишноманавис Неъматуллоҳ Акбар ва доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси филология Абдусалом Тоирзода аз шахсиятҳои маъруфи деҳа ба шумор меоянд.

Иштирокдорони ҶБВ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз деҳаи Элок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нафарони зиёде ширкат доштаанд, аз ҷумлаи онҳо Абдуллохон Фатҳуддинов, Одинахуҷа Зиёев[8], Бобӣ Раҳимов, Достӣ Садруддинов, Абдулҳай Муҳиддинов, Аҳмадхон Фатҳуддинов, Сабур Зукуллоев, Сафар Аминов, Ҳикматулло Абдуллоев ва дигарон мебошанд.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақбараи Шайх Абдураҳими Давлат, мақбари Шайх Асадуллоҳ ва Масҷиди ҷомеъи марказии ноҳияи Файзобод дар ҳамин деҳа ҷойгир аст.[9][4]

Манзараи умумии деҳаи Элок
Манзараи умумии деҳаи Элок

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1 2 Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. — Ташкент: Узбекистон, 1996.
  2. Б. И. Искандаров, А. М. Мухторов. История таджикского народа. Т. 2, кн. 2. — Издательство восточной литературы, 1964. — С. 67. — 356 с.
  3. Таджики Каратегина и Дарваза / под ред. Н.А. Кислякова и А.К. Писарчик. – Д. : Дониш, 1966. – Вып. 1. – С. 106.
  4. 1 2 Файзобод. Энсиклопедия. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
  5. “ТВЕА”-и Чин дар деҳаи Элок мактаб месозад(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20 сентябри 2019). 23 Декабри 2025 санҷида шуд.
  6. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Файзобод. АМИТ «Ховар» (19 сентябри 2020). 23 Декабри 2025 санҷида шуд.
  7. Фарзонаи Мирзо. Ганҷҳои озмун. Рухшона Бобошоҳзода, хонандаи синфи 11 аз деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (14 Декабри 2020). 23 Декабри 2025 санҷида шуд.
  8. Убайдулло РАҲИМОВ. ҚИССАИ ҚАҲРАМОНИ 103-СОЛА. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj. 7 июни 2017 санҷида шуд.
  9. Султони Ҳамад. Зиёрати марқади Шайх Абдураҳими Давлат. Рӯзгор (9 июни 2017). 23 Декабри 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 июни 2017.