Сармади Кошонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сармади Кошонӣ
форсӣ: سرمد کاشانی
Таърихи таваллуд: тақрибан 1590[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1661
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, бозаргон, тарҷумон, нависанда
Забони осор: форсӣ, ибрӣ, ҳиндустонӣ[d] ва арабӣ
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Муҳаммадсаиди Сармад (тақрибан 1590[1], кӯҳистони Арманистон[d]1661, Деҳлии Куҳна[d]) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Яҳудӣ буд. Аввал дар Эрон зиндагӣ карда, баъд ба Деҳлӣ рафтааст. Муаллифи китоби «Дабистони мазоҳиб» аз муосирони ӯ буд ва меорад, ки Сармад дар хидмати мир Абулқосим ва Мулло Садро умури динӣ ёд мегирифт ва дар ҳузури оиҳо мусулмон шуд. Шоир боре рубоие навишта меъроҷи ҷисмонии Муҳаммади пайгамбарро инкор кард:

Он кас, ки сирри ҳақиқаташ бовар шуд,
Худ паҳнтар аз сипеҳри паҳновар дар шуд.

Мулло гӯяд, ки шуд Аҳмад, бар фалак, Сармад гӯяд: "Фалак ба Аҳмад дар шуд*.

Аврангзеб, ки ҳукмрони ҷоҳилу мутаассибе буд, аз ин кирдори шоир ва аз баъзе ақоиди даҳрии ӯ ба ғазаб омада, ӯро ба қатл ҳукм намуд. Байти зерини Сармад, ки як навъ эътирози шоир аз замона аст, ҳангоми қатл гуфта шудааст:

Шӯре шуду аз роҳи адам чашм кушудем,
Дидем, ки боқист шаби фитна, ғунудем.

Рубоиёти Сармад мазмунҳои баланди иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафӣ доранд. Маҷмӯаи рубоиёташ дар Ҳиндустон ба табъ расидааст.


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]