Сафарбегим Тошхӯҷаева
Таърихи таваллуд | 3 март 1947 (77 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Мурғоб, ноҳияи Мурғоб, ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1985) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996) |
Сафарбегим Тошхӯҷаева (3 марти 1947, Мурғоб, ноҳияи Мурғоб, ВМКБ) — овозхон ва ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1985), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ягон мактаби ҳунарӣ нагузаштааст, нозукиҳои сарояндагиро аз устодони маҳаллӣ омӯхта, маҳораташро такмил бахшидааст. Солҳои 1964—1991 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба ҳайси сароянда фаъолият доштааст. Бо овози хушу ширадор аксар сурудҳои лирикиро замзама менамуд, лаҳни хоси сарояндагӣ дошт, ба касе тақлид наменамуд. «Сулҳ мехоҳам», «Навои дил», «Бадахшон», «Водии Ҳисори ман», «Боз биё», «Ка¬бӯ-тари сафеди ман», «Табрик», «Ҷоми ёдгор», «Муҳаббат», «Тоҷи-кистон», «Рафтӣ», «Суруди дил», «Моҳи кӯҳистон», «Дӯстонро гум макун», «Дилбари Бадахшон» барин суруду таронаҳояш дар хазинаи Радиои тоҷик маҳфузанд.
Дар якчанд спектаклҳои театр нақш бозидааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.