Сафарбек Раҳимов
Таърихи таваллуд | 4 март 1946 (78 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Сафарбек Раҳимов (тав. 4.03.1947, деҳаи Садоҳои ноҳияи Сарихосор), биологи тоҷик, доктори илмҳои биология (2007), дотсент (2000).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1964–1969 дар факултети табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1969–1971 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1971– 1972 лаборанти калон, 1972–1975 аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1989–2000 муаллими калон, дотсенти кафедраи ботаникаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Солҳои 2000–2006 дар вазифаи мудири боғи ботаникии Институти ботаникаи АИ ҶТ фаьолият намудааст. Солҳои 2006–2007 дар докторантураи назди Боғи марказии ботаникии сибирии шаҳри Новосибирски АИ Федератсияи Россия таҳсил намудааст. Соли 2008 муовини директори Институти ботаникаи АИ ҶТ оид ба корҳои илмӣ буд. Аз соли 2009 инҷониб ҳамчун декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекард. Ҳоло профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 55 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои биоморфологияи намояндагони флораи нимсаванни Помиру Олой, махсусан рустаниҳои бегонаи заҳрнок, алафдарав ва доругӣ фаро гирифтаанд. Дар доираҳои илмӣ ӯро ҳамчун биоморфологи баландихтисос этироф менамоянд. Бо ташаббуси ӯ соли 2008 як гурӯҳ биоморфологҳои Боғи марказии ботаникии сибирии шаҳри Новосибирски АИ Федератсияи Россия барои ҳамкории илмӣ ба Тоҷикистон омаданд ва шартномаи ҳамкорӣ оид ба таёр намудани мутахассисон бо Институти ботаникаи АИ ҶТ баста шудааст, ки натиҷааш қабул намудани аспиранту докторантҳо ва тайёр намудани мутахассисони ватанӣ мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995) сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Онтогенез монокарпического побега прангоса зеравшанского // ДАН Тадж ССР, 1981. Т.24, №1;
- Методика определения календарного возраста для многолетных стержнекорневых травянистых растений на примере прангоса зеравшанского // Известия АН Тадж ССР, Отд.биол. наук, 1990, №1(118);
- Онтогенез триходесмы седой-ядовитого сорняка пастбищ // Известия АН Тадж ССР, Отд.биол. наук,1990.
- №1(118);
- Ритм развития разнотравно-злаково-термопсисовой ассоциации // ДАН РТ, 1999.Т.52, №5;
- Биолого-морфологическая характеристика Ferula foetidissima Regel et Schmalh // Сибирский экологический журнал, Новосибирск, 2007. Т.14, №3;
- Биология ядовитого сорняка сенокосов и пастбищ-триходесмы седой (Trichodesma incanum (Bunge) A.DC.) в Таджикистане, Новосибирск, 2007;
- Биология зиры персидской (Bunium persicum (Boiss.) B.Fedtsch.) в Таджикистане, Новосибирск, 2007;
- Биолого-морфологические особенности ферулы (Ferula L.) в Таджикистане, Д., 2010;
- Численность и возрастной состав ценопопуляций термопсиса длинноплодного в условиях Вахшского и Гиссарского хребтов // Известия АН Республика Таджикистана, Отд. биолог и мед. наук №2(171);
- Назарияи академик Н.И.Вавилов барои марказҳои пайдоиши рустаниҳои маданӣ, Д., 2010.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ кафедраи ботаника, Сафарбек Раҳимов(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2020.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 4 март
- Зодагони соли 1946
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Докторони улуми биология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Биологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон