Саъдӣ Маҳдӣ
Исматов Саъдӣ Маҳдиевич | |
Таърихи таваллуд | 9 июл 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб |
Саъдӣ Маҳдӣ (Исматов Саъдӣ Маҳдиевич; 9 июли 1967, Кӯлоб) — омӯзгор, рӯзноманигор, забоншинос, номзади илмҳои филология.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саъдӣ Исматовм 9 июли 1967 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст[1]. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1990), фаъолияташро ҳамчун ассистенти кафедраи забони тоҷикии Институти давлатии педагогии Кӯлоб оғоз кардааст. Солҳои 1994—1997 аспиранти ДДМТ, 1997—2001 муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2001—2008 дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДМТ, 2008—2012 директори маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ, 2012—2016 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ буд. Аз моҳи феврали соли 2016 то ҳол декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор соҳиби панҷ фарзанд.
5 марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таъйин гардид.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тоҷ андар «Шоҳнома». — Душанбе: «Деваштич», 2009 (монография);
- Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои физика ва риёзӣ). — Душанбе: «ЭР-граф», 2010 (ҳаммуаллиф);
- Сию се мақола. — Душанбе: «Баҳманрӯд», — 2011.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Исматов Саъдӣ Маҳдиевич. www.journalism.tnu.tj. 4 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2020.