Сироҷиддини Эмомалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сироҷиддини Эмомалӣ
Сироҷиддин.jpg
Санаи таваллуд:

5 март 1975

(44 сол)
Зодгоҳ:

ноҳияи Москва, ҶШС Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

фиолология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2016)

Сироҷиддини Эмомалӣ (5 марти соли 1975, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб) — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Cоли 1991 мактаби миёна, соли 1996 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи ДМТ, соли 2001 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Аз таърихи эҷоди романи „Восеъ“ — и Сотим Улуғзода» соли 2002 дифоъ намудааст.[1]

Фаъолият[вироиш]

Муаллифи китобҳои «Нақши Восеъ дар адабиёти бадеӣ» (2001), «Аз таърихи эҷоди романи „Восеъ“-и Сотим Улуғзода» (2003), «Восеънома» (2003), «Сотим Улуғзода ва тасвири шӯриши Восеъ дар адабиёти тоҷик» (2007), «Таърихи эҷоди қиссаи „Ривояти суғдӣ“ — и Сотим Улуғзода» (2011), «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» (2012), «Андеша ва маҳорати адабӣ» (2012), «Тасвири муҳити хонавода ва манзараи табиат дар насри Сотим Улуғзода» (2015) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2001—2005 ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба тарбия; солҳои 2005—2009 ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба таълим; солҳои 2008—2013 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ; аз 21.10.2013 то 06.06.2014 директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ; аз 07.06.2014 то 30.12.2014 сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 02.01. 2015 то 26.03.2016 сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 26.03.2016 декани факултети филологияи ДМТ мебошад.

Дастовардҳо[вироиш]

Дар соли 2007 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника», соли 2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2016 барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳангу маориф бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]