Jump to content

Сироҷу-л-луғот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Сироҷу-л-луғот» (ар. سراج‌اللغات‎) — фарҳанги тафсирии форсӣ, таълифи Сироҷуддин Алихони Орзу (таълифаш 1735).

Орзу дар таълифи «Сироҷу-л-луғот» аз «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Сурурӣ», «Фарҳанги Рашидӣ» ва ғайра истифода карда бошад ҳам, вале бештар ба «Бурҳони қотеъ» пайравӣ кардааст. «Сироҷу-л-луғот» монанди «Бурҳони қотеъ» аз рӯи тартиби ҳарфҳои якум, дуюм, союми калимаҳо ва дар асоси ашъори шуарои қадими форс-тоҷик танзим ёфтааст. Шеърҳои дар «Сироҷу-л-луғот» овардашуда такрори абёти фарҳангҳои пешиниён нест. Агар аз он фарҳангҳо чизе дохил шуда бошад, маҳз барои таҳқиқ ва танқеҳ аст. Интиқоди илмие, ки дар"Сироҷу-л-луғот" нисбат ба «Бурҳони қотеъ» ва «Фарҳанги Рашидӣ» ба назар мерасад, арзиши онро дар илми луғатшиносӣ боз ҳам афзудааст. Муаллифони «Баҳори Аҷам» — Гиек Чанди Баҳор (шогирди Орзу) ва «Оини Атоӣ» — Атоуллоҳ Донишвархони Нудрат аз «Сироҷу-л-луғот» истифода кардаанд. Нусхаҳои дастнависи «Сироҷу-л-луғот» хеле нодир буда, танҳо дар баъзе китобхо- наҳо дида мешаванд.

  • Сироҷ-ул-луғот / Ҳ. Рауфов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).