Jump to content

Сироҷуддин Ҳаққонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сироҷуддин Ҳаққонӣ
пашту: سراج الدين حقاني
Лақаб Халифа Сироҷ Ҳаққонӣ
Зодрӯз 5 декабр 1979(1979-12-05) (44 сол)
Таърихи даргузашт
Мансубият  Толибон
Фармондеҳ Шабакаи Ҳаққонӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сироҷуддин Ҳаққонӣ (пашту: سراج الدين حقاني‎, мулаққаб ба Сироҷ; зод. 5 декабр 1979, Афғонистон) — фармондеҳи аршади амалиётии «Шабакаи Ҳаққонӣ»[1][2][3] ва муовини гурӯҳи Толибон, фарзанди Ҷалолуддин Ҳаққонӣ. Созмондиҳандаи теъдоде харобкорӣ ва ҳамалоти туррористӣ, аз ҷумла ҳамлаи 2008 ба Kabul Serena Hotel.

Сентябри 2021, дар пайи тасарруфи Афғонистон ба дасти Толибон Ҳаққонӣ дар кобина сарпарасти Иморати Исломии Афғонистон ба ҳайси сарпарасти вазири дохила муайян шуд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутаваллиди 1973 то 1980[4][5] — дар ҳоли ҳозир иттилооти дақиқе дар мавриди замону макони таваллуд вуҷуд надорад. Ӯ даврони кӯдакии худро дар шаҳри Мироншоҳ, маркази Вазирстони Шимолӣ гузаронд. Ӯ дар мадрасаи «Дорулъулуми Ҳаққония», ки ба «донишгоҳи ҷиҳод» маъруф аст, таҳсил кард. Номи «Ҳаққонӣ» барграфта аз ҳамин дорулъулум аст, ки бисёре аз чеҳраҳои барҷастаи «Шабакаи Ҳаққонӣ» дар он ҳузур доштанд. Бисёре аз мақомҳои намоён дар боли Покистон ва Афғонистон дар ҷунбиши Толибон низ тавассути фориғуттаҳсилони ин ҳавзаи илмия ишғол шудааст[6][7].

Дар моҳи марти 2010 гузориш шуд, ки Ҳаққонӣ яке аз раҳбарони анҷумани «Шӯрои Кветта» номида шуд.

Сангин Пидрон, муовини Ҳаққонӣ 5 сентябри 2013 дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико кушта шуд.

Августи 2015, Ҳаққонӣ ба унвони муовини ҷадиди мансуби Толибон, Ахтар Муҳаммад Мансур мансуб шуд, ки иттиҳоди байни тоифаи Ҳаққонӣ ва Толибонро тақвият кард[8].

Зиндагии шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бародари хурдтараш, Муҳаммад, низ яке аз аъзои гурӯҳ буд, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар 18 феврали 2010 ҷон бохт[9].

Таъқиби байнулмилалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаққонӣ дар ҳоли ҳозир тавассути FBI таҳти бозҷӯӣ аст ва Вазорати хориҷаи ИМА 110 миллиюн дуллор ҷоиза барои иттилооти марбут ба макони вай, ки мунҷар ба дастгирии ӯ мешавад, пешниҳод мекунад[10][11].

  1. Islamabad Boys, The New Republic, 27 January 2010
  2. E. Hayes (Retired Army Intelligence Officer) — article Бойгонӣ шудааст 14 октябри 2017  сол. published August 23, 2015 by Counter Terrorism Lectures and Consulting [Retrieved 2015-11-10]
  3. S. Mehsud (23 October 2015). report. published October 23rd, 2015 by the Combating Terrorism Centre of Westpoint. Archived from the original on 2015-11-17. Retrieved 2015-11-10. (please see West Point)
  4. SIRAJUDDIN HAQQANI(англ. амр.). Federal Bureau of Investigation. 10 сентябри 2021 санҷида шуд.
  5. Wanted: Sirajuddun Haqqani. Rewards for Justice. 10 сентябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 августи 2014.
  6. Haqqani Militants Act Like Pakistan's Protected Partners (7 September 2021).
  7. Haqqani Network. Mapping Militant Organizations. Stanford University (8 November 2017).
  8. Андрей Яшлавский. Черные корни "Талибана": как устроена террористическая группировка. Московский Комсомолец (13 июли 2021).
  9. Shah, Pir Zubair. Missile Kills Militant Commander's Brother in Pakistan, The New York Times (19 феврали 2010).
  10. Wanted: Sirajuddun Haqqani.
  11. فرمانده طالبان برای دریافت جایزه، خود را تسلیم کرد(форсӣ). BBC News فارسی (18 апрели 2012). 10 сентябри 2021 санҷида шуд.