Jump to content

Афғонистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афғонистон
افغانستان
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «Milli Tharana»
Рӯзи истиқлолият (аз Британияи Кабир,

19 августи 1919)

Забони расмӣ дарӣ, паштунӣ
Пойтахт Кобул
Шаҳри калонтарин Кобул
Идораи давлат
Раиси Ҷумҳурии Исломӣ
Раиси иҷроияи ҳукумат
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай
Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
41-ум ҷой дар ҷaҳон
652 864 км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2013)
  • Зичӣ
40-ум ҷой дар ҷaҳон
31 108 077 нафар
43,5 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2008)
  • Ба сари аҳолӣ
96-ум ҷой дар ҷaҳон
21,39 млрд $
687 $
Пули миллӣ афғонӣ (AFN, рамз 971)
Интернет-Домен .af
Коди телефон +93
Соат UTC +4:30
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}


Афғонистон (пашту: ‎ва дарӣ: افغانستان), Иморати Исломии Афғонистон (пашту: د افغانستان اسلامي امارات‎‎, дарӣ: امارت اسلامی افغانستان) — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Ҷанубӣ (баъзан вақт қисме аз Осиёи Марказӣ ҳисобида мешавад) ҷой гирифтааст.

Дар самти шимол бо Туркманистон (744 км), Ӯзбекистон (137 км) ва Тоҷикистон (1344 км), дар ғарб бо Эрон (945 км), дар ҷануб ва шарқ бо Покистон (430 км) ва Ҳиндустон (120 км), дар шимолу шарқ бо Чин (76 км) ҳамсарҳад мебошад.

Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Русияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълу­моти дигарон — 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри — Кобул (аҳолӣ 4 273 156 нафар дар соли 2020[1]). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ (ноҳия) ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ — паштуӣ ва дарӣ.

15 августи 2021 Толибон, ки соли 2001 пас аз вуруди нирӯҳои НАТО таҳти сарварии ИМА ба Афғонистон аз қудрат барканор шуданд ва баъдан дар тӯли бист сол бар зидди раҳбарияти Афғонистон ва сарбозони НАТО муборизаи мусаллаҳона бурданд, дубора назоратро пас аз ҳамлаи қатъӣ дар тӯли тамоми қаламрави кишвар барқарор карданд.

Ҷуғрофия

Иқлим

Иқлими Афғонистон хушк, континентӣ, зимистонаш сард, тобистонаш гарми бебориш ва вобаста ба релйеф тағйирёбанда аст. Дар баландии бештар аз 3 ҳазор м барф 6-8 моҳ об намешавад; чунончи, дар Ғазнӣ зимистони қаҳратун 4 моҳ давом карда, барфи саҳроҳо то баҳорон об намешавад. Дар ҳамвориҳои ҷан. ғарбӣ гармои моҳи июн ҳатто дар соя ба 50° С мерасад. Боришоти миёнаи солона 200—400 мм буда, бештар ба фасли баҳор рост меояд. Ҳарорати миёнаи июл — аз 24° то 32°С; январ — аз 0° то 8°С. Аз ҳама миқдори камтари бориши солона дар ҳамвории Сиистон (қариб 50 мм) ва бештар дар куҳсори Нуристон (аз таъсири муссонҳои Уқёнуси Ҳинд, то 800 мм) ба мушоҳида мерасад.

Мавқеи ҷуғрофиёӣ

Афғонистон дар нимкураи шимолӣ дар 290° 22' ва дар 280° 30' арзулбалади шимолӣ ва дар 740 51' 48 тӯлулбалади шарқӣ воқеъ аст.

Табиат

Харитаи табии Афғонистон
Харитаи табии Афғонистон

Афғонистон кишвари куҳсор аст ва аз чаҳор се ҳиссаи сарзамини онро силсилакуҳҳо ташкил медиҳанд, ки аз шаҳри ба тарафи ғарб тӯл кашида дар ҳавзаи Ҳарирӯд ба ҳамворӣ мепайванданд. Баландии ин силсилакуҳҳо дар шаҳри (дар баландиҳои Помир) то ба 6-7 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад. Аслан куҳсори Афғонистон аз силсилакуҳҳои Ҳиндукуш иборат аст, ки як шохаи он аз ҷанубу ғарбии Вахон (шаҳри Афғонистон) оғоз ёфта ба самти ҷанубу ғарбӣ (ба тӯли 600 км) идома меёбад. Шохаи дигарӣ аз дараи Юлии Помир оғоз гардида, то Кӯтали Ховок (дар вилояти Панҷшер) давом меёбад. Иртифои он аз сатҳи баҳр 5000 м аст ва баландтарин қуллаи он Тараҷмир (7740 м) мебошад. Силсилаи ғарбии Ҳиндукуш аз Кӯтали Ховок ибтидо гирифта, ба воситаи Банди Амир ва Бомиён аз Куҳи Бобо ҷудо мегардад. Рӯдҳои Сурхоб ва Андароб дар доманаи шимолии Ҳиндукуш ва рӯдҳои Панҷшеру Ғурбанд дар доманаи ҷанубии Ҳиндукуш аз ин силсилакуҳ ибтидо мегиранд. Дар масири ин силсилакуҳҳо ағбаҳои машҳури Кӯтали Оқработ (баландиаш 3500 м) ва Кӯтали Соланг (2,5 км тӯл дорад) ҷой гирифтаанд. Куҳҳои нисбатан машҳури Афғонистон Куҳи Бобо, Фирӯзкуҳ, Сиёҳкуҳ, Тирбанди Туркистон, Сафедкуҳ, Туркур ва Куҳҳои Сулаймон мебошанд.

Дарёҳо

Дарёҳои Афғонистон аз ҷиҳати минтақаҳои обӣ ба чанд ҳавзаи обгир тақсим мешаванд: минтақаҳои обӣ — шаҳри Ҳиндукуш, ҷануби Ҳиндукуш, бахши марказӣ, шимолию ҷа­нубӣ, Куҳи Бобо ва Сафедкуҳ; ҳавзаҳои обгир — Ому, (Панҷ бо шохобҳояш Кӯкча, Сурхоб,) Кобул (шохоби дарёи Ҳинд), Фараҳрӯд, Ҳилманд, Ҳарирӯд, Мурғоб, Хулм, Балхоб, Андҳуй. Аксари дарёҳо аз пиряху барф маншаъ гирифта, дар баҳорон дамиш мекунанд, дар тобистон камоб мешаванд, баъзеашон дар регзорҳо нопадид мегарданд ва ё барои обёрии киштҳо тақсим мешаванд. Нерӯи энергиявии дарёҳои Афғонистон ба таври бояд таҳқиқ нашудааст.

Кӯлҳо

Зуркӯл, Ҳақмақтин, Шева (Бадахшон), Ҳомун, Ҳилманд, Гудзира (ҷануби Афғонистон), Мақар. Кӯлҳои дар биёбон воқеъгардида айёми гармо мехушканд.

Хок ва олами наботот

Шарқи Афғонистон
Шарқи Афғонистон

Дар Афғонистон бештар хокҳои тираранги куҳӣ (дар ҷануб ва ҒАЙРА), хокистарранги куҳӣ, дар шимол — марғзории куҳӣ, дорчинии куҳӣ паҳн шудаанд. Набототи Афғонистон асосан даштӣ ва биёбонист (явшон, шӯра, янтоқ, саксавул ва ғайра). Дар баъзе минтақаҳояш дӯлона, зиришки сиёҳ ва сурх, дар Бадахшон ва Нуристон буттазори зирк ва гиёҳҳои доруӣ бисёранд. Куҳҳои Спинғар (Сафедкуҳ) ва Асмори Нуристон бо ҷангалҳои дарахтони сӯзанбарг (ҷалғӯзаи ҳимолоӣ, санавбар ва ғайра) пӯшонда шудаанд. Дар ин ҷо инчунин тӯс, арча; дарахтони самардор — финдиқ, чормағз, писта, бодом мерӯянд. Афғонистон мамлакати кишоварзист. Аз меваҷот ангур, зайтун, себ, шафтолу, олболу, гелос, анҷир, нок, муруд, зардолу, санҷид; зироатҳои полезӣ: бодиринг, тарбуз, харбуза, помидор, лаблабу найшакар, каду; сабзавот: пиёз, сир, тарра, турроӣ, қаланфур, шибит, зироати саноатии заъфарон, кунҷид, офтобпараст; зироатҳои ғалладонагӣ: гандум, ҷуворӣ, сулӣ, мош, нахӯд, нут, шолӣ, ҷав парвариш карда мешаванд. Ҳамчунин дар вилҳои Кундуз, Балх, Ҷузҷон ва Ҳил­манд пахтаи навъи аъло — ғолибан маҳиннахи мисрӣ мерӯяд. Дар Ноҳияи Қандаҳор, Ҳирот ва Куҳдоман боғу токзори калон ва сафедорзор бисёр аст. Дар ҳамвории Ҷалолобод навъҳои хушсифати меваҳои ситрусӣ мерӯянд.

Олами ҳайвонот

Мамлакат мансуби минтақаи го­л­арктикӣ буда, бештар навъҳои маъмули осиёи­мар­казӣ ва баҳримиёназаминиро дар бар гирифтааст. Олами ға­нии ҳайвоноти куҳию даштӣ дорад: оҳу-нахчир, морхӯр, мешак, сайгак, оҳуи даштӣ, кулон, гуроз; дарандагон — паланги куҳӣ, паланг (леопард), гурбаи ваҳшӣ, гург, рӯ­боҳ, шағол, кафтор, хирс, силовсин; дар дашту биёбонҳо хояндаҳо — суғур, юрмон, хорпушт, ҷайра, қундуз, кӯр­муш, товушқон; хазандаҳо — мори кубро, афъӣ, эфа, амбарсар, калтакалосҳо, сусмор, офтобгардаки куҳӣ, сипарсар; ҳашарот — қароқурт (ғунда), каждум; бештар аз 400 навъи паранда, аз ҷумла лайлак, гунҷишк, зоғ, майна, уқоб, ло­шахӯр, боз, боша, ғалевож, кабк, кабки ҳилол, бум, парасту, бедона, соч, шоҳин, туғдор, алошақшақа, тутпухтак, тазарв, мусича, қумрӣ, фохта, кафтар, ҳудҳуд, булбул, заргулдор, дурроҷ, сор ва аз парандаҳои аҳлӣ — мурғ, мурғобӣ, мурғи марҷон; моҳиён (дар дарёҳо, ағлаб дар ҳавзаи Амударё) — ширмоҳии бомиёнӣ, белбинӣ, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, пешонипаҳн, мӯйлабмоҳӣ дар Афғонистон хеле бисёранд.

Истихроҷи маъданҳои куҳӣ

Ҷустуҷӯҳои геологӣ дар Афғонистон асосан аз солҳои 50 Афғонистон 20 оғоз ёфта буданд. Дар омӯ­зишу таҳқиқи маъданҳои зеризаминӣ ва он заминшиносони шӯравӣ, ки солиёни дароз бо заминшиносони афғон ҳамкорӣ доштанд, ҳиссаи бузурге доранд. Чандин кони газ (Шибирғон), нафт (Ангот), мис, оҳан, ангиштсанг, флюорит, литий, берилл (Нуристон), талқ, пахтасанг, графит, тило (Бадахшон, Газнӣ), лоҷвард (Сарисанг), қӯрғошим ва руҳ (Фаринҷол, Бибӣ Гавҳар) кашф гардидаанд. Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо нақшаи маъданҳои зеризаминӣ ва дигарон нақшаҳои соҳавии Афғонистон тартиб дода шудаанд. Саноат. Дар Афғонистон нисбатан саноати нассоҷӣ рушд карда буд, ки бештар аз 40 муассисаи хурду бузурги ин соҳа фаъолият доштанд; матоъҳои пахтагину пашмӣ, нахҳои гуногун, палосҳо ва ғайра истеҳсол мекарданд. Калонтарин заводи пахтатозакунии Афғонистон «Спинзар» буд. Ҳамчунин дар Кобул муассисаи поккории кишмиш амал мекард, нӯшобаҳои беалкуҳул ва спиртдор, равғани рустанӣ, маҳсулоти макаронӣ истеҳсол мешуд. Дар Бағлон заводи истеҳсоли қанд ва дар Қандаҳору Ҷалолобод муассисаи кон­сервакунии меваҷот (бахусус консервакунонии зайтун) фаъол буд. Дар Кобул ва Мазори Шариф бо ҳамкории Иттиҳоди Шӯравӣ з-дҳои пуриқтидори нонпазӣ сохта шуда буданд. Бузургтарин завод дар ҳудуди Афғонистон З-ди нуриҳои азотӣ дар Мазори Шариф мебошад. Дар Афғонистон саноати мошинсозӣ ва маъданкоркунӣ низ дар ҳоли рушд буд. Калонтарин муассисаи ин соҳа заводи «Ҷангалак» дар Кобул мебошад. Маъданҳои зеризаминии Афғонистон: маъдани оҳан дар Қандаҳор, Маймана, Урузгон, Пактиё, Бомиён, Хокрез, Ҷабалуссироҷ, Файзобод, Лугар; маъдани мис дар Вардак, Кобул, Ғурбанд, Панҷшер, Айнак; маъдани сурб (қӯрғошим) дар Ҳазо­раҷот, Мазори Шариф, Бадахшон ва Қандаҳор; тило дар Бадахшон, Қандаҳор ва Зобул; нуқра дар Ҳирот, Хокрези Қандаҳор; лоҷвард дар ҷануби деҳаи Ҳазрати Саиди (Юмгон) Бадахшон; сулфур дар Балх ва Ишкошими Бадахшон; намак дар Андхой, Мазори Шариф, Ҳирот, Ғазнӣ ва Толиқон; мармар дар Ғазнӣ, Қандаҳор, Парвон, Ҳирот, Кобул; талқ дар Нангарҳор, ковилин (гили чинисозӣ) дар Бадахшон кашф гардидааст.

Сохти давлатдорӣ

Январи 2004 Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и нави Афғонистон қабул гардида, Афғонистонро давлати исломӣ (яъне принсипҳои сохтори давлатӣ бояд бо қонунҳои шариат мувофиқу мутобиқ бошанд) — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон эълом дошт. Сарвари давлат ва ҳукумат Президент аст, ки ба асоси овоздиҳии мустақим ба муҳлати 4 сол интихоб мегардад. Мақоми қонунгузор — парламенти дупалатагии Шӯрои миллӣ буда, аз Палатаи болоӣ — Мишрону ҷирга (шӯрои аъён) ва Палатаи поёнӣ — Вулуси ҷирга (шӯрои намояндагон) иборат аст ва он ба воситаи овоздиҳии умумӣ барои 4 сол интихоб мешавад. Дар таърихи Афғонистон барои муҳокима ва ҳаллу фасли масъалаҳои ниҳоят муҳимми умумиллӣ Луи ҷирга (Шӯрои бузург) даъват карда мешуд. Он аз тарафи намояндагони тамоми гурӯҳу табақаҳои ҷамъият ва ақвому қабои­ли мамлакат интихоб мешавад.

Тақсимоти маъмурӣ

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Афғонистон

Афғонистон дорои 34 вилоят аст, ки ҳар кадоме чандин вулсволӣ (ноҳия) доранд: Урузгон (марказаш Таринкут), Бомиён (Бомиён), Бодғис (Қалъаи Нав), Бадахшон (Файзобод), Бағлон (Пули Хумрӣ), Балх (Мазори Шариф), Парвон (Чорикор), Пактиё (Гардез), Тахор (Толиқон), Ҷузҷон (Шибирғон), Нимрӯз (Заранҷ), Самангон (Айбак), Зобул (Қалот), Ғазнӣ (Ғазнӣ), Ғур (Чағчарон), Форёб (Маймана), Фароҳ (Фароҳ), Қандаҳор (Қандаҳор), Кобул (Кобул), Қундуз (Қундуз), Лағмон (Меҳтарлам), Нангарҳор (Ҷалолобод), Ҳирот (Ҳирот), Ҳилманд (Лашкаргоҳ), Кунар (Асадобод), Пактиё (Шаран), Вардак (Майдон), Лугар (Пули Алам), Каписо (Маҳмудироқӣ), Хуст (Хуст), Сари Пул (Сари Пул), Панҷшер (Бозорак), Доикандӣ (Нилӣ).

Урдуи миллӣ

Сарбозони артиши миллии Афғонистон
Сарбозони артиши миллии Афғонистон

Дар Афғонистон артиши бонизому расмӣ Афғонистон 18 шакл гирифт ва сипас охирҳои Афғонистон 19 Абдурраҳмонхон шумораи урдуро афзун карда, бо тӯпхонаҳо таҷҳизонид. Зоҳиршоҳ ва Муҳаммад Довуд дар солҳои 60-70 Афғонистон 20 бо ёрии молӣ ва техникии Иттиҳоди Шӯравӣ урдуи Афғонистонро бо техника ва аслиҳаи нави ҷангӣ муҷаҳҳаз намуданд. Баъди ғалабаи Инқилоби савр (27 апрели соли 1978) дар сохторҳои қудратии Афғонистон ва бахусус дар урдуи Афғонистон таҳаввулоти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст, зеро урдуи ин давр дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши таъйинкунанда дошт ва минбаъд дар урду қонуни мукаллафият (даъвати 18-со­лаҳо) ва давраи эҳ­тиётии аскарӣ (то 40-солаҳо) ба тарзи маҷбурӣ ҷорӣ гардид. Давраи хидмати аскарӣ аз 3 то 5 сол буд. Баъди аз сарзамини Афғонистон баровардани артиши Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо техникаи ҳарбӣ ва аслиҳаву му­ҳиммоти бисёре, аз ҷумла 2500 танк, тақрибан 500 ҳавопаймои ҷангӣ ва бештар аз 50000 во­ситаи техникии зиреҳдор (ба шумули БТР-у БМП-ҳо)-ро дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон вогузоштанд. Вале баъди аз хоки Афғонистон баромадани сарбозони артиши Шӯравӣ ва ба сари кор омадани нерӯҳои мухолифини ба ном «муҷо­ҳи­д» бо мудохилаи хори­ҷи­ён низоми урду аз ҳам гусехта, таҷ­ҳизот пароканда ва ғорат шуд. Бо зуҳури «Толибон» дар соли 1994 бахусус иш­ғоли Кобул (1996), урдуи Афғонистон мавҷудияти худро комилан аз даст дод. Пас аз суқути низоми «Толибон» ва хатми ҷанг­ҳои шаҳр­вандӣ, бар асоси тавофуқи байни Афғонистон ва киш­варҳои ёрирасон, бахусус ИМА, дар ибт. соли 2011 шумораи урдуи Афғонистон ба 150 000 нафар расид ва маблағгузорӣ ба ин соҳа ба 11 млрд доллар афзуд. Барои таълим ва тарбияи афсарони ҷавон соли 2006 Академияи миллии низомии Афғонистон таъсис дода шуд, ки устодони варзидаи ватанӣ ва амрикоию туркӣ дорад.

Иқтисодиёт

Коллажи Афғонистон, аз чап ба рост: 1. Вилояти Бомиён, 2. Шоҳроҳи Соланг миёни вилоятҳои Парвон ва Бағлон, 3. Парки миллии Банди Амир дар вилояти Бомиён, 4. Дарё дар вилояти Нуристон.
Коллажи Афғонистон, аз чап ба рост: 1. Вилояти Бомиён, 2. Шоҳроҳи Соланг миёни вилоятҳои Парвон ва Бағлон, 3. Парки миллии Банди Амир дар вилояти Бомиён, 4. Дарё дар вилояти Нуристон.

Нерӯгоҳҳои барқӣ

Истифода аз нерӯи барқ ҳанӯз дар аҳди амир Абдурраҳмонхон оғоз гардида буд; он вақт барои амир дизеле тақдим шуда буд, ки танҳо 40 адад лампочкаро фурӯзон мекард. Баъдан дар Кобулу Нангарҳор дизелҳои 200 кВт-ро истифода мекарданд.

Минбаъд аз соли 1919 шурӯъ карда, дар Афғонистон бештар аз 100 адад НБО (нерӯгоҳи барқи обӣ) ва НБА (нерӯгоҳи барқи аловӣ) сохта шуданд. То ибтидои солҳои 80 Афғонистон 20 қудрати умумии тамоми нерӯгоҳҳои Афғонистон 396 МВт-ро ташкил медод. Аз 850 млн кВт/-и нерӯи барқ 45 % барои муассисаҳои саноатӣ ва тақрибан 35 % барои соҳаҳои манзилӣ-маишӣ сарф мегардид. Бештар аз 73 % тамоми нерӯи барқро НБО ва тақрибан 25-27 % онро НБА тавлид карданд. Нахустин НБО дар Афғонистон соли 1919 дар Ҷабалуссироҷ (бо иқтидори 1500 кВт) сохта шуда буд. Соли 1962 НБО-и Пули Хумрӣ (иқтидораш 9 ҳазор кВт) ва пасонтар НБО-и Суробӣ (22 ҳазор кВТ), Нағлу (100 ҳазор кВт), Моҳипар (66 ҳазор кВт), Дарунта (11 ҳазор кВт), Хонобод (1400 кВт), Бағлон (300 кВт), Гиришк (2800 кВт), Каҷакӣ (33 ҳазор кВт). Калонтарин НБА дар шаҳри Мазори Шариф (48 ҳазор кВт) ва Кобул (100 ҳазор кВт) бунёд ёфта буданд. Ибтидои солҳои 80 Афғонистон 20 тӯли симҳои баландшиддати ин­ти­қоли барқ дар Афғонистон ба 1000 км расида буд. Ҳоло камбуди нерӯи барқро Афғонистон аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Тоҷикис­тон ва Ӯзбекистон бартараф мекунад (то 300 мВт). Намуд­ҳои асосии маводди сӯхтанӣ-табиӣ (дар Шибир­ғон то 3 млрд м3 дар як сол) ва ҳамчунин ангиштсанг (то 200—250 ҳазор тонна дар як сол) мебошанд.

Роҳҳо

Роҳҳо ва ҳамлу нақли мусофирону бор аз қадим дар рушди иқтисоди давлат, пешрафти саноату зироат, тиҷорати дохиливу хориҷӣ ва ҳамчунин табодули илму фарҳанг мавқеи муҳим доранд. Афғонистон, ки дар масири Ро­ҳи Бузурги Абрешим қарор дошт, аз тариқи он абрешими нафису ҳарири Чин ба Рум ва афзору ашёи румӣ ба дигарон кишварҳо меомад. Як Роҳи абрешим аз Ҳинд ба Кобулу Парвон, Бомиёну Дараи Шикорӣ ва ба Чин мерафт. Бо пайдо шудани роҳҳои баҳрӣ аҳаммияти Роҳи Бузурги Абрешим коста гардид. Аслан, то сохта шудани роҳҳои нави муосир дар Афғонистон тамоми роҳҳои рафтуомад ва ҳамлу нақли бор роҳҳои корвонӣ буданд.

Ҳамакнун роҳҳои асосии ҳалқавии кишвар, ки вилоятҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва шарқию ғарбии мамлакатро ба ҳам мепайванданд, бештар аз 3200 км дарозӣ доранд. Тавассути ин роҳҳо Афғонистон ба кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Покистон роҳи баромад дорад. Роҳҳо ва самти онҳо ба тариқи зайл ном­гузорӣ шудаанд: Кобул — Турхам (232 км), Кобул — Қандаҳор (483 км), Қандаҳор — Спинбулдак (101 км), Ҳирот — Исломқалъа (124 км), Кобул — Шерхон (бандар, 405 км), Пули Хумрӣ — Мазори Шариф (360 км), Мазори Шариф — Ҳайратон (140 км), Кобул — Гардез (122 км) ва ғайра

Ҳамлу нақли ҳавоӣ

Нақлиёти ҳавоии Афғонистон бо таъсиси ширкати ҳайвопайвоии «Ориёно» (1923) ва дастрас шудани чанд адад ҳавопаймо, бо парвозҳои дохилӣ оғоз гардид. Аз соли 1943 парвозҳои байналмилалӣ сар шуданд. Соли 1947 муассисаи дигари ҳавопаймоии «Бохтар» ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар Афғонистон Майдони ҳавоии байналмилалии Кобул, майдонҳои ҳавоии Қандаҳор, Ҳирот, Мазори Шариф, Қундуз, Нангарҳор, Бомиён, Файзобод, Чағчарон, Толиқон, Маймана, Нимрӯз, Андхуй, Фароҳ, Оқча, Дарвоз, Хуст, Ғазнӣ амал доранд.

Мардум

Тоҷикони Афғонистон

Афғонистон мамлакати сермиллат аст. Дар он беш аз 20 миллату халқият зиндагӣ доранд. Ҳайати аҳолии Афғонистон дақиқан омӯхта нашудааст, вале мутобиқи маълумоти омории соли 2017 аҳолии Афғонистон 35 — млн нафарро ташкил дода, аз ҷумла 2 млн кӯчиҳо. Дар ҳайати он тоҷикон 44 %, паштун 37 %, ҳазораҳо 8 %, ӯзбекҳо 6 %, туркманҳо 2,0 % ва боқӣ, балуҷ, қирғиз, чордеҳҳо, лӯлӣ ва дигарон халқиятҳои хурд дохиланд. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ 2,6 % буда, зичии миёна дар 1 км² 38 нафар мебошад; дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 44,6 сол (мардҳо 44,2 ва занҳо 47,8). Зичии бештари аҳолӣ дар Ҷалолобод, Ҳирот, Қандаҳор, Балх мушоҳида шуда, ба ҳар як км² то 250—400 нафар рост меояд. Мутобиқи маълумоти расонаҳои итти­лоотӣ, дар давоми 25 соли нобасомониҳо (аз соли 1985 ба баъд) дар Афғонистон бештар аз 2 млн нафар нобуд шуда, қариб 4 млн нафар тарки ватан кардаанд. Тамоми сокинони Афғонистон мусулмонанд(95 % ҳанафӣ ва 5 % шиъа).

Забон

Дар Афғонистон бештар аз 30 забон роиҷ аст, ки ба чунин гурӯҳ тақсим мешаванд: Ҳамаи мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад. Забони дарӣ (забони тоҷикон) (дар минтақаҳои шимол, ғарб ва марказ ва умуман дар тамоми кишвар), паштун (дар ҷануб, шаҳри ва ҷанубу ғарбӣ); балуҷӣ (дар ҷануб) — Ҳилманд, инчунин ҳиндӣ, туркӣ, сомӣ, дравидӣ, муғулӣ, арабӣ, қирғизӣ; забонҳои помирӣ — шуғнонӣ, язгуломӣ, вахӣ, санглечӣ, зебокӣ ва ғайра

Таърих

Худи афғонҳо дар саҳнаи таърихи ин сарзамин ҳамчун халқу миллият ва давлати аз дигарон фарқ­кунанда дертар пайдо шудаанд, ҳарчанд номи Афғонистон ҳанӯз дар Авесто ба шакли Векерет омадаасту Ҳеродот онро Дрангиана зикр кардааст ва ҷуғрофидонҳои қадим чун Ориёно ёд кардаанд. Аз иртиботи мустақиму мустаҳкам дош­тан бо Ҳинд бутҳои Бомиён гувоҳанд. Ҳамчун ҷой­гоҳи сукунати афғонҳо то ибтидои Афғонистон 19 фақат доманакуҳҳои Сулаймон (ноҳияи дар шарқи сарҳадди имрӯза Афғонис­тону Покистон) бо номи Афғонистон ёд мешуданд. Ҳудуди имрӯ­заи Афғонистон дар тамоми сарчашмаҳо бештар бо номи Хуросон ёд шудааст.

Афғонистон — қисмати шарқии Хилофати Араб, 750
Афғонистон — қисмати шарқии Хилофати Араб, 750

Дар заминҳои аз тоҷикон холишудаи ин минтақа қа­билаҳои афғон, ки ба чорводорӣ машғул буда, берун аз шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд, ҷой гирифтанд. Аммо аз қадимуззамон, аз асри санг шурӯъ намуда, дар ин марзу бум одамон мезистаанд. Бостоншиноси маъруф Корбэн афзорҳои давраи асри санги ин сарзаминро, ки аз дараи Чахмок, Додалда­раи Самангон, Ҳазорсум, Гӯрдараи Бадахшон ёфт шудаанд, ба 50 ҳазор сол қабл мансуб медонад. Давраи ба истилоҳ ни­матаърихии ин киш­вар аз су­рудҳои ведӣ оғоз меёбад, ки ҳанӯз хат ихтироъ нашуда буд ва ориёиҳо дар Ориёнои Қадим ё Афғони­стони кунунӣ зиндагии кӯчӣ доштанд, худоҳои гуногунро мепарастиданд, барояшон қурбониҳо мекарданд ва назронаҳо медоданд. Сурудаҳои ведӣ, ки аксандози зиндагию фаъолияти ин мардум буданд, аз даҳон ба даҳону аз насл ба насл гузашта, баъдан якҷо бо маданияти авестоӣ барои рушд ва маданӣ сохтани ҷомеа нақши муҳим доштанд. Мутобиқи маъхазҳои таърихӣ, давлатдории аввалин дар сарзамини Афғонистон ҳазорсолаи якуми то мелод (Бохтар) ба вуҷуд омадааст. Дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна марзу буми кунунии Афғонистон ба ҳайати дав­латҳои бузурги Шарқи Миёна ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ дохил мешуд. Бохтар ва заминҳои ҷануби онро то Ҳинд Куруши Кабир (бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён) забт карда буд ва Бохтар яке аз навоҳии тараққикардатарини ин империя маҳсуб мешуд. Аз ин сарзамин Роҳи Бузурги Абрешим убур мекард ва мамолики чор гӯшаи дунёро бо ҳам мепайваст. Солҳои 329—326 пас аз сарзамини Афғонистонро забт кардани Искандари Мақдунӣ империяи Ҳахомани­шиҳо барҳам хӯрд ва дар шикастапораҳои ин империя давлатҳои алоҳида арзи ҳастӣ карданд, ки давлати Юнону Бохтарӣ аз ҷумлаи онҳост. Ин давлат дастикам бештар аз сад сол вуҷуд дошт ва тадриҷан ҷояшро ба империяи абарқудрати Кушониён дод. Асри 5-и мелодӣ Ҳайтолиён империяи Кушониёнро аз байн бурданд ва дар ин сар­заминҳо Сосониён ҳукмфармо шуданд. Минбаъд давраи футӯҳоти аъроб аст. Дар давраи халифаи дуюми ислом-Умар сипоҳиёни араб дар дарвозаҳои Хуросон пайдо шуда буданд ва аз тариқи Ҳирот бар шимоли кишвар ва аз тариқи Систон ба ҷануби сарзамин ҳамлавар гаштанд. Фотеҳон баъди кушторҳо ғаниматҳо, ғулом ва канизи бисёреро бо худ бурданд ва як қарн си­парӣ гардид. Баъдҳо оҳиста-оҳиста ҷунбишҳои миллии мустақил рӯнамо шудан гирифтанд, ки аввали чунин ҳаракатҳо қиёми Абумуслими Хуросонӣ буд. Сипас давлатҳои сулолавии дигар арзи ҳастӣ намуданд: Тоҳириён (821—873), Саффориён (873—900), Сомониён (875—999), Фариғуниён (250—410 қамарӣ), Лудиҳои Мултон (370—410), Оли Боинҷури Тахористон (232—372), Ғазнавиён (963—1186), Ғуриён (1151—1215), Хоразмшоҳиён (1077—1221).

Аҳмадшоҳи Дуронӣ (1724—1773)
Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1724—1773)

Ташаккули афғонҳо (паштунҳо) ба сифати халқи воҳид ба асрҳои 11-12 рост меояд. Паҳншавии паштунҳо дар Хуросон (Афғонистони имрӯза) дар асрҳои 15-16 оғоз гардид. «Муҳоҷирати бузург»-и афғонҳо ба лашкаркашиҳо ва ҷангҳои хонумонсӯзи Чингизхону Темур (асрҳои 13-14) вобаста аст.

Баъди соиқаи хонумонсӯзи Чингиз Мангухон тамоми сарзамини Афғонистонро ба Шамсуддин Муҳаммади Курт вогузошт. Хонаводаи Курт то соли 783 қамарӣ (1381 мелодӣ) ҳукумат ронда, оқибат Оли Курт ба дасти Амир Темур соли 786 қамарӣ (1384 мелодӣ) аз байн рафт. Сипас дар даврони салтанати Ҷало­луддин Акбар писари хурдсоли Ҳумоюн дар Ҳинд шимол Афғонистонро ӯзбекҳои Мо­вароуннаҳр истило намуда буданд. Қисматҳои ғарбӣ, ки Қандаҳор марбути он буд, ба дасти сафавиҳои Эрон афтод ва дар қисмати шарқи Афғонистон ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолхоҳӣ Афғонистон ба унвони Рӯшониён ба вуҷуд омад. Дар ин байн дар баъзе маҳалҳо қабилаҳои алоҳидаи афғонӣ барои нигоҳдошти иқоматгоҳҳои хеш ва тавсиаи чарогоҳҳо ва заминҳои корами хеш ба самти ғарбӣ юришҳо карда, дар он ҷо муқимӣ шуданд. Аввалҳо қабилаҳои афғонии юсуфзуйҳо навоҳии шимол водии Пешовар (Пишовур)-ро ишғол карда, дар миёнаҳои Афғонистон 16 марватҳо ба вилояти Банну соҳиб шуданд. Ибтидо Афғонистон 17 қабоили ғилзуйҳо ва абдолиён атрофи Куҳҳои Сулаймон ва навоҳии Қандаҳорро аз худ карданд. Дар охирҳои Афғонистон 17 ва аввали Афғонистон 18 музофоти алоҳидаи Афғонистон — Ҳирот ва баъдҳо Қандаҳор ба ҳайати давлати Са­фа­виёни Эрон, Пешовару Кобулу Ғазна ба ҳайати давлатдории Темуриёни Ҳинд дохил шуданд. Дар давраи ҳукмронии Нодиршоҳи Афшор (1736—1747) тамоми сарзамини ҳамондавраинаи Афғонистон ба империяи ӯ дохил буд. Соли 1747, баъди қатл шудани Нодиршоҳ, афғонҳо шӯриш бардоштанд ва дар натиҷа, давлати афғон — сулолаи Дурронӣ — Аҳмадшоҳи Абдолӣ ба вуҷуд омад. Ӯ дар навбати аввал муғулҳоро саркӯб ва дастнишондаҳои Нодиршоҳро аз Ҳирот берун кард. Империяи Аҳмадшоҳ аз Осиёи Марказӣ то Деҳлӣ ва аз Кашмир то Баҳри Араб тӯл мекашид. Соли 1774 вориси Аҳмад­шоҳ — Темуршоҳ пойтахти мамлакатро аз Қандаҳор ба Кобул кӯчонд. Бо сабаби фарохии ҳудудӣ империяи Аҳмадшоҳи Дурронӣ мустаҳкаму пур­иқтидор набуд ва сабаби ин камқувватӣ нотифоқии қабилаҳои гуногуни афғон буд. Ҳамчунин дар ин давра фишори беруна низ ба Афғонистон возеҳ ба назар мерасид; ав­валҳо аз тарафи эрониён ва минбаъд аз тарафи англисҳо аз Ҳинди Британиявӣ. Кӯшиши Британияи Кабир барои ғасби Афғонистон (ҷанг­ҳои аф­ғону англис, солҳои 1838—1842 ва 1878—1880) бенатиҷа монд, вале бо вуҷуди ин англисҳо назорати сиё­сати берунаи Афғонимтонро (тибқи қарордодҳои 1879 ва 1893) ба даст гирифтанд.

Дохилии қасри Шоҳ Шуҷоъ
Дохилии қасри Шоҳ Шуҷоъ
Дӯстмуҳаммадхон (1793—1863)
Дӯстмуҳаммадхон (1793—1863)

Дар айни ҳол Британия ҳокими Панҷоб Ранҷит Сингхро алайҳи Афғонистон барангезонда, вилоятҳои Мултон, Кашмир ва Пешоварро забт намуд. Соли 1833 байни Шоҳ Шуҷоъ ва Ранҷит Сингх бо машвараи Ширкати Ост-Индия шартнома ба имзо расид, ки тибқи он Ранҷит бояд ба Шоҳ Шуҷоъ барои соҳиб шудан ба тахти Кобул мадад расонад ва Шоҳ Шуҷоъ ҳокимияти Сингхро дар Пешовар, Мултон ва Кашмир эътироф намояд. Охири соли 1838 лашкари сершумори англисию ҳиндӣ Қандаҳор ва Кобулро забт намуданд. Шоҳ Шуҷоъ подшоҳ эълон гардид, вале дар мамлакат муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ шиддат гирифт. Соли 1842 Шоҳ Шуҷоъ ҳангоми фирор аз Кобул ба қатл расид. Аввали соли 1843 Дӯстмуҳаммадхон, ки ҳанӯз августи 1839 асири англисҳо гардида, ба Ҳиндустон фиристода шуда буд, аз асорат раҳида, ба Афғонистон баргашт. Дӯстмуҳаммад дар Кобул ҳамчун интиқомҷӯи мардуми азияткашида истиқбол шуда, барои тавсиаву таҳкими қаламрави худ вилҳои Кобулу Ҷалолобод, Ғазнӣ, Қандаҳор, Балх, Хулм, Оқча, Ши­бир­ғон, Андхуй, Маймана, Систон ва Кундузу Бадахшонро тасхир кард. Ҷиҳати таъмини амнияти мулк­ҳои дар тасарруфбудаи худ бо ҳукумати Ҳинду Британия муоҳидаи дифоию ҳамлавӣ ақд намуд ва ҳамчун амири Афғонистон эътироф гардид. 29 майи 1863 Дӯстмуҳаммади 92-сола зиндагиро падруд гуфт. Дӯстмуҳаммад писараш Шералихонро валиаҳди худ интихоб карда буд, вале ӯ бар асари муборизаи рақибонаш моҳи майи 1866 дар яке аз муҳо­рибаҳо шикаст хӯрд. Афзалхон — писари Дӯстмуҳаммадхон, бародари нотани Шералихон аз маҳбас озод ва амири Кобул эълон шуд, вале дере нагузашта вафот кард ва бародари дигари нотани ӯ Муҳаммад Азимхон худро амир эълон кард. Пас аз фавти ӯ (окт. 1867) Абдурраҳмонхон — писари Афзалхон, ки дар Самарқанд зери ҳимояи русҳо зиндагӣ мекард, ба Афғонистон баргашта, соли 1880 бо мақсади ба Кобул ҳуҷум кардан, дар навоҳии шимол Афғонистон лашкари бисёреро ҷамъ овард. Англия маҷбур шуд амирии Абдурраҳмонхонро ба расмият шиносад ва дар навбати худ Абдурраҳмонхон розӣ шуд, ки нуктаҳои асосии Аҳдномаи Гандумакро риоя кунад. Абдурраҳмонхон дар давраи ҳукмрониаш (1880—1901) бо мақсади аз байн бурдани парокандагии феолалӣ ба лашкаркашиҳо ва баъзе ислоҳот оғоз кард. Бар асари ин лашкаркашию ҷангҳо Қандаҳор, Ҳирот, Ҳазораҷот, Кофаристон ба ҳукумати марказӣ то­беъ ва як қисми заминҳои рӯҳониён дав­латӣ кунонда шуданд, минбаъд рӯҳониён аз давлат маош мегирифтанд. Соли 1859 англисҳо Балуҷистонро ба Ҳинди Британиявӣ ҳамроҳ карда, Афғонистонро аз роҳи баҳрӣ маҳрум сохтанд. Соли 1893 «Хатти Дюранд» — сарҳадди доимии байни Афғонистон ва Ҳинди Британиявӣ муқаррар шуд. Солҳои 1850-60 Осиёи Миёнаро империяи Россия тасарруф намуд ва Афғонистон низ аз доираи таъсироти он берун намонд. Аз соли 1873 то соли 1895 дар асоси якчанд созишнома сарҳадди доимии байни Россия ва Афғонистон муайян шуд. Баъд аз вафоти Абдурраҳмонхон писараш Ҳабибуллоҳхон (1901—1919) ба сари ҳокимият омад. Инқилоби Руси соли 1905—1907 ба худшиносии миллии афғонҳо таъсири амиқ гузошт; дар мамлакат ҳаракати машрутахоҳон — ҷавон­афғонон оғоз шуд.

Шоҳ Амонуллоҳ, 1930
Шоҳ Амонуллоҳ, 1930

Дар давраи солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Афғонистон сиёсати бетарафӣ ва дахолат накарданро пеш гирифт, вале таҳти таъсири Ин­қилоби Октябр гурӯҳҳои навандеш ва пеш­рафт­хоҳи мамлакат фаъолияти густарда намуда, барои истиқлоли комили Афғонистон мубориза мебурданд. Соли 1919 (20 феврал) Ҳабибуллоҳхон дар наздикии Ҷалолобод ба қатл расид. Ба сари давлат писари ӯ Амонуллоҳхон (1919—1929) омад. 28 феврали1919 Афғонистон давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд. Дар навбати аввал истиқ­лоли Афғонистонро Россияи Шӯравӣ ба расмият шинохт. 7 апрели 1919 Амонуллоҳхон бо мактуб ба В. И. Ленин муроҷиат карда, барои бо Россияи Шӯравӣ доштани робитаҳои дӯстона изҳори хоҳиш намуд. 27 майи 1919 бо имзои В. И. Ленин ва М. И. Калинин ҷавоби мусбати мактуби Амонуллоҳхон ба Афғонистон расид. Дар баробари ин, Амонул­лоҳ­хон эълон дошт, ки дар мамлакат бояд фавран ислоҳоти дохилидавлатӣ карда шавад, вале англисҳо истиқлоли Афғонистонро қабул надоштанд ва моҳи майи 1919 байни Афғонистон ва Британия боз ҷанг (ҷанги сеюми афғону англис) оғоз гардид. Муқовимати шадиди афғонҳо англисҳоро ба оштӣ маҷбур сохт ва 8 августи 1919 дар Равалпиндӣ Шартномаи сулҳи байни Афғонистон ва англисҳо ба имзо расид, ки тибқи он англисҳо расман истиқлоли Афғонистон-ро пазируфтанд. 28 феврали 1921 дар Маскав байни Россияи Шӯравӣ ва Афғонистон шартномае имзо шуд, ки тибқи он дар байни ду давлат муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардиданд ва тарафайн уҳдадор шуданд, ки бар зидди якдигар бо давлати сеюм тааҳҳуд нахоҳанд кард. Давлати Шӯравӣ розӣ шуд, ки ба Афғонистон ёрии иқтисодӣ ва техникӣ расонад. Ин нахустин шартномаи баробарҳуқуқии Афғонистон бо яке аз давлатҳои бузурги он давр буд. Ноябри 1921 байни Британия ва Афғонистон низ шартномаи дигарон ба имзо расид. Вале аз муҳтавои шартнома бармеомад, ки нақшаҳои худхоҳонаи мустамликадорони англис қатъ нагардиданд, баръакс Британия ният дошт ба корҳои дохилии давлат мудохила кунад ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоии онро ба манфиати худ истифода барад. Соли 1923 нахустин Конститутсияи Афғонистон қабул карда шуда, сардорони ақвому қабоил аз ҳуқуқи ҷамъ кардани андоз маҳрум шуданд; таъсири рӯҳониён ба мактаб ва умури адлия маҳдуд гардид, чанд мактаби дунявӣ, аз ҷумла, мактабҳои махсус барои занону духтарон ба кор шурӯъ карданд.

Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ, 1963
Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ, 1963

Ислоҳоти буржуазии ҳукумати Амонуллоҳхон харҷу сарфи бисёреро ба вуҷуд овард, ки бори гарони зиндагии мардуми одии заҳматкаш боз ҳам вазнинтар шуд ва ба ҳамин сабаб солҳои 1924—1928 дар манотиқи алоҳидаи мамлакат шӯришҳои мардумӣ сар заданд. Пешвои калонтарин шӯриши тоҷикони Куҳистон ва Куҳдоман Ҳабибуллоҳи Калаконӣ буд, ки душманон ба ӯ лақаби Бачаи Саққоро дода буданд ва бо ин ном машҳур шуд. Дар нати­ҷаи фишори шӯришчиён моҳи январи соли 1929 Амонуллоҳхон аз амирӣ даст кашид ва пешвои шӯришиён — Ҳабибуллоҳхон амири Афғонистон эълон шуд. Бешубҳа, рӯҳониён, ки аз ислоҳоти пеш аз вақти Амонуллоҳхон норозӣ буданд, аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ пуштибонӣ менамуданд. Бинобар ин подшоҳи нав ислоҳоти Амонуллоҳро бекор кард ва ба манфиати мардум чораҳои муҳим андешид. Тамоми боқидории молиёти гузаштаро барҳам дод, хидмати аскариро бекор кард. Ҳар кас ихтиёрӣ ба давлат бояд хидмат мекард. Барои ҳар аскар моҳона 20 рупияи нақд ва 4 ир (1 ир — 7 кг) гандум маош муайян кард, молиёте, ки болотар аз шароити вазъшуда бошад, бекор карда мешуд. Мизони молиёт аз рӯйи шароити ахлоқӣ муайян карда мешуд. Ҳабибуллоҳ тамоми боқиёт аз хироҷи замин, боғу молиёти тоҷирон ва пешаваронро, ки аз давраи Амонуллоҳ ва падари ӯ Ҳабибуллоҳ монда буданд, барҳам дод. Яъне маҳз ба фоидаи мардуми заҳматкаш чораҳои мушаххас андешид. Аммо кишварҳои хориҷӣ Ҳабибуллоҳи Калакониро дастгирӣ накарданд. Сталинро тоҷик будани ӯ ба ташвиш оварда буд, англисҳоро истиқлолхоҳиаш. Бинобар ин Британия Нодирхонро, ки барояш одами худӣ буд, ёрӣ ва мусаллаҳ намуда, бар зидди Калаконӣ таҳрик намуд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, генерал Нодирхон бо мадади қабилаҳои ҷануби Афғонистон бо таҳрики эҳсосоти қавмии онҳо ба Кобул ҳамла оварда, онро ишғол намуд ва Ҳабибуллоҳхон (Бачаи Саққо)-ро қатл кард. Ҳукумати Нодирхон бо Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои дӯстонаро боз ҳам мустаҳкамтар карда, соли 1931 (24 июн) дар байни ИҶШС ва Афғонистон шартномаи бетарафӣ ва ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба тасвиб расид. Худи ҳамон соли 1931 Конститутсияи нави Афғонистон қабул карда шуд, ки дар асоси он сохти давлатӣ шакли монархияи конститутсионӣ гирифт.

Пас аз Нодиршоҳ 8 ноябри 1933 Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ ба сари ҳокимият омада, сиёсати дохилӣ ва хориҷии падарашро идома дод. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945), ки дар раванди он мавқеи бетарафӣ эълон карда буд, Зоҳиршоҳ кӯшиш кард дар Афғонистон навгониҳову тағйирот ба вуҷуд биёрад. Аз нимаи дуюми солҳои 50 Афғонистон 20 муносибатҳои ИҶШС ва Афғонистон густариш пайдо карданд ва аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони чандин муассисаи иқтисодӣ ва саноатӣ дар Афғонистон оғоз гардид. Дар нимаи аввали соли 1966 ислоҳоти васеи сиёсӣ анҷом дод. Моҳи сентябр Конститутсияи нав қабул шуд, соли 1965 интихобот ба парламент доир гардид. Конститутсияи озодихоҳӣ аҳзоби сиёсиро кафолат дод.

Президенти қаблии Афғонистон Ҳомид Карзай, 2014
Президенти қаблии Афғонистон Ҳомид Карзай, 2014

Январи 1965 аз тарафи намояндагони зиёии Афғонистон Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) таъсис ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷаноҳ — «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд. 17 июли 1973 бар асари табаддулоти мусаллаҳона монархия барҳам дода ва республика эълом дошта шуд; Зоҳиршоҳ аз кишвар берун шуд. Муҳаммад Довуд, ки ҳамзамон вазири дифоъ низ буд, сарвари давлат ва ҳукумат эълон гардид. Вале М. Довуд барои ба эътидол овардани масоили мушкилписанди иқтисодию иҷтимоии кишвар қудрат надошт. Пас аз он ки М. Довуд саркардагони ҲХДА-ро маҳбус кард, афсарони низомии узви ҲХДА 27 апрели 1978 табаддулоти низомӣ карданд, ки дар натиҷа Довуд, хешу ақрабо ва бисёре аз ҳаммаслаконаш ба ҳалокат расиданд. Ба сари давлат Шӯрои инқилобӣ омад ва 30 апр. 1978 Афғонистонро Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва сарвари ҳизб Нурмуҳаммад Таракиро Раиси шӯрои инқилобӣ эълом дошт. Ислоҳоти густардадомони сотсиалистимаобе, ки иҷборан ҲХДА ба тақлиди таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ мехост дар Афғонистон роҳандозӣ кунад, ба мушкилоти сахте мувоҷеҳ шуд. Чунин иқдомот махсусан аз тарафи рӯҳониён хуш пазируфта нашуд. Тад­риҷан дар байни омма норозигиҳо ба вуҷуд омаданд ва ҳукумат ҷавобан нияти ҳал кардани онро бо амали дурушт пеш гирифт. Ин буд, ки шӯришҳои зиддидавлатӣ сар зада, ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтанд. Ҳукумат қудрат ва чораи ҳалли мушкилоти Афғонистонро наёфта, оқибат ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои мадади низомӣ муроҷиат кард. Таракӣ сентябри 1979 аз тарафи ҳаммаслаки наздикаш — Ҳафизуллоҳ Амин ба қатл расид. Амин ҷазодиҳии мухолифонро боз ҳам шадидтар кард. Аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Амин роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ норозӣ буд. Ба хоки Афғонистон лашкари шӯравӣ (ба ном қувваҳои маҳдуди низомӣ) ворид гардид ва 27 декабри 1979 Амин ба қатл расида, ҳукуматаш аз байн рафт. Ба сари қудрат Бабрак Кормал омад ва тадриҷан ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷанги зидди Артиши Шӯравӣ табдил ёфта, онро мухолифини давлати шӯравӣ дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун андешаи умумибашарӣ савқ доданд. Вуруди Иттиҳоди Шӯравиро ба Афғонистон ҳатто СММ маҳкум намуд. Гурӯҳҳои зид­дишӯравӣ, ки худро «муҷоҳидин» қаламдод карда буданд, аз Арабистони Саудӣ ва дигарон мамолики араб, Покистон, ИМА, Хитой ва Эрон ҳар навъ мадад мегирифтанд. Ҳатто баъзе ҷузъу томҳои артиш ба тарафи онҳо мегузаштанд; бисёр афсарҳои артиш бо онҳо иртиботи махфӣ доштанд. Артиши Шӯравӣ ин нооромиҳои дохилӣ ва мудохилаҳои хориҷиёнро ба эътидол оварда натавонист. Ҳарчанд Бабрак Кормалро доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ (майи 1986) иваз карда бошад ҳам, вале мушкилоти ҳалношуда боқӣ монданд ва роҳбарияти нави Иттиҳоди Шӯравӣ мувофиқи созишномаи Женева тасмим гирифт, ки Артиши Шӯравиро аз Афғонистон хориҷ созад (оғоз 15 майи 1986, анҷом 15 феврали 1989). Ҳамзамон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) тамоми анвои кумакҳо барои Афғонистон қатъ карда шуданд. Соли 1992 ҲХДА ҳам аз байн рафт. Аз ин ба баъд ҳазорон аъзои ҲХДА мамлакат­ро тарк намуданд ва апрели 1992 Ҳукумати интиқолии муҷоҳиддини мамлакат унвони Давлати Исломии Афғонистонро гирифт. Вале Ҳукумати интиқолии муҷоҳиддин, ки дар Пешовар ташкил шуда буд, ҳокимиятро ба даст гирифт, ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоно давом мекард; тадриҷан миёнаи солҳои 90-ум, ҳамчун мухолифи ашаддии ҳукумати мавҷуда, ташкилоти бунёдгароии мусулмонӣ — «Толибон» арзи вуҷуд кард. То соли 1996 Толибон, ки дар ихтиёри худ сарбози бисёр ва аслиҳаи фаровон доштанд, қисмати бештари Афғонистонро (ба шу­мули Кобул) тасарруф намуданд. Бо ишғоли Кобул Толибон Наҷибуллоҳро, ки дар бинои СММ паноҳ ёфта буд, ба қатл расонданд. Аз ин ҳудуд танҳо баъзе вилҳои шим. Афғонистон истисно гардида, дар он ҷо қувваҳои давлати собиқа ҷамъ омада буданд (Эътилофи Шимолӣ). Дар мамлакат тартиботи сахту иртиҷоии мутаассибона ҷорӣ гардид: тамоми ашёву маънавиёти марбут ба зиндагии навин ва дунявӣ аз байн бурда мешуданд; ҳатто ёдгори нодиртарини олам-маҷмааи будоии Бомиён ваҳшиёна тарконда шуд. 9 сентябри 2001 фармондеҳи аршади низомӣ, вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба рамзи қаҳрамонӣ ва шуҷоату ватандӯстӣ табдил гардида, ба муттаҳид намудани нерӯҳои муқовимат камар баста буд, аз тарафи ду террористи араб, ки дар либоси хабарнигор ба Афғонистон омада буданд, ба шаҳодат расид. 11 сентябри 2001 дар ИМА фурӯшгоҳи бузурги Манхеттен тарконда шуд ва бо истифода аз ин ҳодиса ИМА, муттаҳидини онҳо ва Эътилофи Шимолӣ муқобили «Толибон» амалиёти шаддиди ҳарбӣ шурӯъ карда, асоситарин нерӯҳои онҳоро нобуд сохтанд. Охири соли 2001 сарварони гурӯҳҳои мухолифин ва ақвому қабоил дар Бонн (Олмон) гирд омада, масъалаи сохтори нави давлатдории Афғонистонро матраҳ карданд ва раиси Давлати Исломии Интиқолии Афғонистон Ҳомид Карзай 22 2001 интихоб шуд. Моҳи июни соли 2002 дар Луи Ҷирга интихоби раиси Ҳукумати муваққатӣ сурат гирифт ва Ҳ. Карзай ба ин мақом интихоб шуд. Ваколати Карзайро июни 2002 Луи Ҷирга тасдиқ кард. 4 январи 2004 Конститутсияи нави Афғонистон қабул шуд. Худи ҳамин сол интихоботи парламенти дупалатагӣ доир гардид. Октябри 2004 дар интихоботи президентӣ Карзай Сарвари давлат интихоб гардид. Ба ҳамин тартиб дар интихоботи соли 2010 низ Ҳомид Карзай ғолиб омада, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интихоб шуд.[[Акс:Afghan President Ashraf Ghani December 2014 (cropped).jpg|alt=Райиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай|thumb|315x315px|Райиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай Савумин интихоботи Афғонистон дар 5 апрели соли 2014, ки ба даври дувум кашида шуд, аҷобатҳои зиёде дошт. Нахуст ин ки бар асоси иродаи нухбагони қудрат (на иродаи мардум) бидуни ин ки касе дар даври дувум барандаи интихобот эълом шавад ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пардохта шуд. Албатта дар ибтидо мехостанд, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ (он замон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай)-ро баранда эълом кунанд. Аммо пойфишорӣ ва бархӯрдҳои ғайри қобили интизори тарафдорони тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ҳамсангарони Аҳмадшоҳ Масъуд ва чеҳраҳои таъсиргузори тоҷикон дар Афғонистони имрӯз сабаб шуданд, баҳси ҷудо кардани орои поку нопок ба миён биёяд.

Имзои тавофуқномаи чорсаҳифаӣ миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай

Раиси ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Раиси ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дувум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад — доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арг ё Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони райиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати иҷроиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Ин тавофуқнома сиёсӣ аз ҳафт бахш иборат буда бар асоси бахши дувуми тавофуқнома, райиси ҷумҳур раёсати кобинаро бар уҳда хоҳад дошт. Тибқи таърифи ин санад, кобина аз райиси ҷумҳур, муовинони ӯ, садри аъзами иҷроӣ, муовинони садри аъзами иҷроӣ, мушовири аршади райиси ҷумҳур ва вазирон иборат аст. Ин бахш аз тавофуқнома, раёсати шӯрои вазиронро ба уҳдаи райиси иҷроӣ гузоштааст. Шӯрои вазирон шомили вазирон ва мутамоиз аз кабина аст. Райиси иҷроӣ маҷолиси фаръии кобинаро ба уҳда хоҳад дошт.

Аз ин тавофуқи сиёсӣ бисёре аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон, бо шумули Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва аз пуштибонҳои аслии Абдуллоҳ Абдуллоҳ истиқбол кардаанд. Намояндаҳои бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам аз ин тавофуқ изҳори хушнудӣ карданд. Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури феълии Афғонистон зимни суханронӣ дар расми имзои тавофуқнома гуфт, «Худованд ба шумо, ҳар ду бародар, комёбӣ насиб кунад, саодат насиб кунад, то шумо шабу рӯз дар хидмати миллати Афғонистон бошед ва корҳое, ки аз мо нашуд ва боқӣ монд, онҳоро шумо анҷом бидиҳед ва такмил кунед то мо орому хушҳол зиндагии худро пеш бибарем». Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабул кард, то вазифаи раёсати ҷумҳуриро Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва вазифаи раёсати иҷроӣ (сарвазирӣ)-ро худи ӯ соҳиб шаванд. Дар ҳамин ҳол бархе ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ иддао доштанд ӯ мисли интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурӣ бар ивази дарёфти маблағ ба ин тавофуқ розӣ шудааст.

Доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки 5 апрел баргузор шуд 45 дар сад ва рақиби ӯ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 31 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро соҳиб шуданд. Аммо Комиссияи мустақили интихоботии давлати исломӣ гуфт, дар даври дувум, ки моҳи июн сурат гирифт, Аҳмадзай бо касби 56 дар сади овозҳо баранда шудааст. Ба дунбол тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ комиссияи интихоботро дар тақаллуб муттаҳам кард. Бо ташаннуҷи авзоъ, Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон барои бозшумории раъйи мардум бо ширкати нозирони байналмилалӣ розӣ шуд.

Маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури нави Афғонистон 29 сентябр баргузор шуда, дар он Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳури нав ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчун раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қасам ёд намуданд.

Абдуллоҳ аз ёрони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ӯ дар даврони набард бо Толибон, ба унвони сухангӯи ҷабҳаи Масъуд ва пули иртиботи онон бо ҷаҳон шинохта мешуд. Абдуллоҳ байни солҳои 2001 то 2006 дар давлати Ҳомид Карзай, вазири умури хориҷаи Афғонистон буд.

Дар замони интихоботи райиси ҷумҳур рӯзи 19 феврали соли 2014 Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сӯи афроди номаълум зери ҳамлаи мусаллаҳона қарор ҳам гирифта буд, аммо хушбахтона як афсари пулис дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи номаълум маҷрӯҳ шуда, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ осебе нарасида буд.

Доктор Абдуллоҳ дар гузашта дар қатори фармондеҳони Эътилофи Шимол, ки дар саргаҳи он тоҷикони Афғонистон қарор доштанд, борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст. Нахустин сафари расмии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳошияи «Ҳамоиши байналмилалии об барои ҳаёт» рӯзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт.

Барканории ҳукумати Ашраф Ғанӣ

15 августи соли 2021, нерӯҳои Толибон пас аз вуруди нерӯҳои НАТО таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Афғонистон пас аз бист соли муборизаи мусаллаҳона бо раҳбарият ва сарбозони Афғонистону нерӯҳои НАТО, дар натиҷаи ҳамлаи босуръат дар саросари кишвар ва забти Кобул, тамоми музофотҳои Афғонистонро ба тасарруфи хеш дароварданд. Бар асоси Созишномаи Доха хуруҷи нерӯҳои НАТО ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистон сар шуд. Ҷангҷӯёни «Толибон», тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al Arabiya, рӯзи якшанбе бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, ба ишғоли идорҳои давлатӣ, ки неруҳои ҳукуматӣ тарк кардаанд, шурӯъ намуданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 15 август ба истеъфо баромад ва кишварро тарк намуд.[2] Дар кишвар Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дар Афғонистон ташкил шудааст. Бино ба ин изҳороти Ҳомид Карзай, дар раъси ин шӯро, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон қарор доранд.[3]

Аҳмад Масъуд, бунёнгузор ва фармондеҳи Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон

Дар Афғонистон 16 августи соли 2021, аввалин муқовимати созмонёфта алайҳи Толибон эътилофи мустақар Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон дар Панҷшер ба вуҷуд омад[4][5] Гуфтушунидҳои раҳбарияти Толибон бо раҳбарияти Ҷабҳаи муқовамати миллӣ, бе натиҷа анҷомиданд. Задухурдҳои тарафҳои даргир якчанд рӯз давом карданд. Субҳи 6 сентябри соли 2021 сухангӯйи гуруҳи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, гуфт, ки Панҷшер зери назорати комили толибон аст. Вай иддао кард, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурӣ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба Тоҷикистон фирор кардааст, аммо ин хабар то ҳол аз манобеи дувум тасдиқ нашудааст. Расонаҳои ҳиндӣ рӯзи 6 сентябри соли 2021 гузориш доданд, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла кардаанд. Ҳукумати Покистон то ба ҳол дар робита ба ин хабарҳо посух надодааст, аммо чанд рӯз боз генерал Файз Ҳамид, раиси Созмони истихбороти Покистон ё ISI дар Кобул ба сар мебарад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддаои ишғол шудани Панҷшерро аз тарафи Толибон намепазирад. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳа, 6 сентябри соли 2021 дар паёме гуфт, ки ба мубориза идома медиҳанд ва мардумро ба “қиёми умумӣ” даъват кард.[6]

Эълони ҳукумати нави Толибон

Гуруҳи "Толибон" баъди беш аз се ҳафтаи ишғоли Кобул (15 августи соли 2021) ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард. Аксарият намояндагони гуруҳи тундрав буда, ба камияш ду нафари онҳо дар рӯйхати террористон ҳастанд. Ба ҳайати ҳукумати нав занон шомил намешаванд. Пештар кишварҳои ҷаҳон хоҳони ташкили ҳукумати ҳамашул буданд. Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон "ғайриқонунӣ ва намунаи боризи душмании ин гуруҳ бо мардуми Афғонистон донист". Чанде аз сиёсатамадорони афғон низ дар эъломияҳои ҷудогона рафтори "Толибон"-ро танқид карданд. Гуруҳи "Толибон" рӯзи 7 сентябри соли 2021 Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро раҳбари олӣ ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охундро раиси ҳукумати нави Афғонистон эълон кард. Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода 55-сола (раҳбари ҳозираи "Толибон") ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд 60-сола (вазири собиқи корҳои хориҷӣ дар ҳокимияти қаблии "Толибон") аст. Абдулғанӣ Бародар (соли 2018 бо дархости Амрико аз боздоштгоҳи Покистон озод шуд) – муовини аввал ва Абдусалом Ҳанафӣ – муовини дувуми раиси ҳукумат, Муҳаммад Яъқуб (писари Мулло Умар, раҳбари пешини “Толибон”) – вазири дифоъ, Сироҷиддин Ҳаққонӣ (писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, раиси "Шабакаи Ҳаққонӣ", созмони террористӣ дар Амрико) – вазири дохилӣ ва Амирхон Муттақӣ – вазири корҳои хориҷӣ таъйин шудаанд.[7]

Тандурустӣ

Дохили як бемористони низоми Афғонистон
Дохили як бемористони низоми Афғонистон

Нахустин ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ дар Афғонистон пас аз соҳиби истиқлол гардидани ин кишвар (1919) амалӣ гардиданд. Соли 1921 Департаменти сиҳҳати омма таъсис ёфт ва соли 1935 дар заминаи он Вазорати сиҳҳати омма ташкил карда шуд. Дар ҳамин давра бори аввал дар таърихи Афғонистон дар баъзе шаҳрҳои нисбатан калони мамлакат шифохонаҳои мардона ва ҳатто занона таъсис дода шуданд. Бо вуҷуди ин, то Инқилоби Савр вазъи нигаҳдории тандурустӣ дар Афғонистон вазъи ногувор дошт; ҳамагӣ 71 шифохона (3600 кат) ва 1027 табиб барои 15 млн нафар хидмати тиббӣ мерасонд. Аз ин ваҷҳ, дар кишвар бемориҳои бешумори сироятӣ (сорӣ) васеъ паҳн шуда буданд. Пас аз Инқилоби Савр дар соҳаи тандурустии Афғонистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омада, аз ҷумла тамоми шаҳрвандони Афғонистон тибқи тартиби қонун ба ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ соҳиб шуданд. Минбаъд дар андак муддат дар Афғонистон чандин шифохонаву клиника таъсис ёфт. Танҳо дар соли 1983 дар пойтахти Афғонистон 10 маркази нави шифоӣ ва нуқоти ҳифзи сиҳҳати модару тифл ба фаъолият пардохтанд. Маҷмӯан дар худи ҳамин соли 1983 620 ҳазор кӯдак аз ёрии тиббӣ бархурдор шуданд. Соли 1981 дар Кобул Донишгоҳи тиббӣ таъсис дода шуд, ки дар он бештар аз 2000 донишҷӯ таҳсил мекард. Дар 13 муассисаи омӯзишии тиббӣ 1300 талаба машғули тадрис буданд. Ҳиссаи духтурони ботаҷриба аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар рушди минбаъдаи ҳифзи сиҳҳати мардуми Афғонистон хеле бузург аст; масалан, соли 1986 дар Афғонистон 2154 табиби шӯравӣ кор мекарданд. Пас аз таҳаввулоти солҳои минбаъ­да (аз оғози соли 1990) соҳаи сиҳҳати оммаи Афғонистон комилан дарҳам шикаст. Тибқи омори Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳиссаи сиҳҳати омма дар мамлакат соли 2001 5,2 % (мутобиқи маълу­моти Ташкилоти умумии ҷаҳонии сиҳҳати омма — ВОЗ) 1 %)-ро ташкил мекард. Хизматрасонии тиббӣ барои 2/3 аҳолӣ дастрас намебошад. Дар деҳот ба 100 ҳазор нафар 1 табиби соҳибтахассус рост меояд. Аксари муас­сисаҳои тиббӣ дар шаҳрҳо ҷойгиранд.

Маориф

Донишгоҳи Ҳирот, 2012
Донишгоҳи Ҳирот, 2012

Соҳаи маорифи Афғонистонро метавон ба ду навъ — анъанавӣ-динӣ ва дунявӣ ҷудо кард. Тарзу тариқаи таълиму тарбияи динӣ таърихи қадим дорад. Ин навъи таълиму тарбия расман дар мактабҳои динӣ, мадрасаҳо, масҷидҳо ва назди муллоҳои алоҳида сурат мегирифт. Дар баробари омӯзиши Қуръон ва дигар китобҳои мазҳабию фиқҳӣ тибқи меъёри муайян шогирдон навиштан, хондан, иншо кардан ва ҳисобро низ меомӯхтанд. Макотиби динӣ барномаи таълим надоштанд ва муво­фиқи дараҷоти мураккабии таҳсил шогирдон маълумоти ибтидоӣ, миёна, ҳирфавӣ-касбӣ ва олиро соҳиб мешуданд. Бо таъсиси литсейи «Ҳабибия» дар Кобул (1903) ба бунёди мак­табҳои дунявӣ асос гузошта шуд. Пас аз соҳиби истиқлол гардидани Афғонистон (1919) ва пайдо шудани иртибототи фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, низоми таълиму тарбияи дунявӣ низ рӯ ба рушд ниҳод; бо мадади Фаронса мактаби «Амония» (баъдҳо «Истиқлол») ва бо ёрии Олмон мактаби «Амонӣ» (баъдтар «Наҷот») сохта, ба истифода дода шуданд. Баъди таъсиси Вазорати таълиму тарбия дар Афғонистон тарзу тариқаи таълимии дунявӣ рӯ ба равнақ ни­ҳод. Вале дар давраи ҷангҳои шаҳрвандӣ таълиму тарбия таназзул кард; бештар аз 2000 мактаб харобу валангор ва ҳазорон омӯзгору шогирдон ба қатл расиданд. Ҳамин ҳолу аҳвол силсилаи таълими ҳирфавиро низ фаро гирифта буд. Калонтарин мактаби олии Афғонистон — Пуҳантуни (Дониш­гоҳи) Кобул аст, ки соли 1946 таъсис ёфта, факултаҳои тиббӣ, ҳуқуқ ва улуми сиёсӣ, политехникӣ, табииёт, факултаи адабиёт ва илмҳои гуманитарӣ, факултаи занонаи адабиёт ва улумҳои табиӣ, инженерӣ, дорусозӣ, байторӣ дошт. Ибтидои солҳои 90 Афғонистон 20 дар Афғонистон 5 мактаби олии дорои 28 факулта фаъолият доштанд. Барои гирифтани маълумоти динӣ ба ғайр аз мактабҳои хурди хусусӣ, ҳамчунин дар мактабҳои дунявии давлатӣ асосҳои ислом дарс дода мешавад. Ҳамчунин мактабҳои алоҳидаи динӣ низ амал мекунанд, ба мисли Мадрасаи Абуҳанифа дар Кобул. Маълу­моти олии диниро фактаи илоҳиёти Донишгоҳи Кобул ме­диҳад. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ ба маориф хисороти зиёд ворид намуд. Мутобиқи омори ЮНИСЕФ соли 1999 дар тамоми макотиби Афғонистон ҳамагӣ 38 % писарон ва 3 % духтарони синну соли мактабӣ таҳсил мекарданд. «Толибон» қатъан муқобили таҳсили духтарон буданд. Танҳо баъди суқути «Толибон» маориф дар Афғонистон боз рӯй ба рушд ниҳод. [[Акс:Afghan school girls in 2002.jpg|alt=Донишҷӯдухтарони афғон, 2002|thumb|320x320px|Донишҷӯдухтарони афғон, 2002]]

Илм ва муассисаҳои илмӣ

То Инқилоби Савр дар Афғонистон низоми ягонаи муассисоти илмӣ вуҷуд надошт, вале дар шакли хеле содаву одӣ олимон ба омӯзиши таърих, адабиёт ва забон ҳанӯз аз ибтидои солҳои 30 Афғонистон 20, аз давраи таъсиси Ҷамъияти адабии Кобул, оғоз карда буданд. Дар рушди таҳқиқи соҳаҳои таъриху филология ҳиссаи Ҷамъияти адабии Ҳирот низ бузург аст. Нашри маҷаллаҳои илмӣ-адабии он давр, аз қабили «Кобул», «Маҷаллаи адабӣ», «Пахту», «Ориёно», «Афғонистон» ва амсоли инҳо гувоҳи рӯ ба тараққӣ ниҳодани таҳқиқоти илмӣ мебошанд. Таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи таърихро Аҳмадалии Кӯҳзод, Мирғулом Муҳаммади Ғубор, Абдулҳай Ҳабибӣ ва дигарон анҷом додаанд. Бахусус асари М. Ғубор «Афғонистон дар масири таърих» арзиши баланди илмиро соҳиб гардид. Ҳамчунин як идда асарҳои ба забони пашту (пухту) нашргардида аз қабили «Ди пахту ди адаб таъ­рих», «Ди пахту адабиато таърих», «Усанай ликвал», «Пахту наср та кара катъни», «Пахту насруна», «Пахту жиба» ва амсоли инҳо нахустин дастовардҳои илмӣ дар соҳаи таъ­рихи адабиёти паштуи Афғонистон буданд. Маҷмӯан аз ибтидои Афғонистон 21 дар Афғонистон 9 узви вобаста ва 32 узви пайвастаи илмҳои гуногун фаъолият доранд, ки Фаррух Эътимодӣ, Асадуллоҳ Ҳабиб, Алиакбари Шаҳ­ристонӣ, Муҳаммадиброҳими Атоӣ, Аҳмадшоҳ Ҷалол, Фақирмуҳаммад Змарай ва дигарон аз зумраи онҳо мебошанд. Ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Афғонистон Академияи илмҳои Афғонистон, Академияи «Пахто олина», Анҷумани таърихи Афғонистон, Донишгоҳи Кобул ва даҳҳо донишгоҳи дигар машғуланд.

Фарҳанг

Дин

Масҷиди Абдурраҳмон. Бузургтарин масҷид дар Кобули Афғонистон, 2010
Масҷиди Абдурраҳмон. Бузургтарин масҷид дар Кобули Афғонистон, 2010

То интишор гардидани дини ислом дар ҳудуди имрӯзаи Афғонистон (асрҳои 8-11) дар ин сарзамин мардум эъти­қодманди зардуштия, будоия, монавия, насрония ва дигар динҳову боварҳо буданд. Охирин минтақаи ин сарзамин, ки бо Кофиристон маъруф буд, баъдҳо ба дини ислом гаравонида шуданд. Акнун тамоми бошандагони кишвари Афғонистон мусулмон буда, 85 % аҳли суннат (аксар эътиқодманди мазҳаби Ҳанафия), 11 % мусулмонони аҳ­ли ташайюи ис­но­ашарӣ ва 4 % мусулмонони шиаи имомияи исмоилияанд. Баъзе мусулмонони аҳли суннат ва ҷамоат ҳамчунин пайрави равияю ҷараёнҳои чиштия, суҳра­вардия, нақш­бан­дия, қодирия ва бархе аз аҳли ташайюъ ба алавия, зайдия, қарматия, нусайрия мутааллиқ мебошанд. То та­ҳав­­вуло­ти охири с-ҳои 80 дар Афғонистон шумораи маҳ­дуди сикхҳо, ҳинду­маз­ҳаб­ҳо, яҳудиҳо, арманиҳо мезистанд ва эъти­қод­манди мазҳабҳои худӣ буданд. Дар Афғонистон бештар аз 15 ҳазор мас­ҷид фаъолият дорад ва мардум ба 20 ҳазор мазор ва ма­конҳои муқаддас назру ниёз мекунанд. Аз ҷумла, Ором­гоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (дар Мазори Шариф), макони нигоҳдории хирқаи ҳаз­рати Муҳам­мад (с) (дар Қандаҳор), Масҷиди Сахӣ (Кобул), Мақба­раи Охундзода (Ҷалолобод), Масҷиди Ҷомеъ (Ҳирот) зиё­ратгоҳи мардуманд.

Адабиёт

Адабиёти Афғонистон аслан ба ду забон — дарӣ ва пашту (пахту) шакл гирифтаву равнақ ёфтааст. Адабиёти даризабони Афғонистон нисбат ба адабиёти паштузабон таърихи қа­дим­тар ва ғановати бештар дорад. Адабиёти таълифӣ аз ибтидои зуҳури худ аз фолклори ғании мардумӣ ман­баъ гирифта, минбаъд равнақ ёфтааст. Адибони Афғонистон дар рушду такомул ва ривоҷи адабиёти баландғояи форс-тоҷик ҳис­саи арзанда гузоштаанд. Тариқи мисол, насри мусаҷҷаъ, ки қаблан дар адабиёти форс-тоҷик хеле маъ­руф буда, маҳбубият ҳам дошт, тавассути Абдуллоҳи Ансорӣ боз ҳам равнақ пайдо карда, ба «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳо­ристон»-и Ҷомӣ ва чандин асари диг. таъсири бориз гу­зошт. Адабиёти паштузабон нисбатан баъдтар арзи ҳастӣ карда (Афғонистон 15), муҳаққиқин нахустнамунаи осори ин давраро «ди Шайх Малӣ дафтар» (Маҷмӯаи Шайх Малӣ) му­қаррар кардаанд. Минбаъд дар асрҳои 17-18 шоирони маъ­руфи Афғонистон Хушҳолхони Хатак (1613-91), Абдурраҳ­мо­ни Раҳмонбобо (1632—1708), Абдулҳамиди Мӯҳманд (1660—1732), Козимхони Шайдо (1727—1773), Темуршоҳи Дурро­нӣ (ваф. 1793) ва дигарон дар пешрафти адабиёти Афғонистон ҳис­саи арзанда гузоштаанд. Пас аз таъсиси давлати Дур­­ро­ниён (1747) адабиёти даризабони Афғонистон боз ҳам бештар равнақ ёфт. Аввалҳои Афғонистон 20 дар ада­биёти Афғонистон андешаҳои мао­риф­парварӣ авҷ гирифтанд. Шоир ва сиёсатмадори маъ­руф Маҳмуди Тарзӣ (1867—1935), Ғуломмуҳиддини Аф­ғон (1891—1921), Абдул­ҳодии Довӣ (тав. 1895), Абдулло­ҳи Мустағнӣ (1876—1934) аз зумраи суханварони мум­то­зимаъ­руфе буданд, ки бо офаридаҳои пурмуҳтавову баланд­мазмуни хеш адабиёти Афғонистонро боз ҳам ғанитар гардонданд. Соли 1947 аҳли фарҳанги Афғонистон — нависандагони маъ­ру­фу писандида Абдуррауфи Бенаво, Гулпочо Улфат, Нур­­муҳаммад Та­ракӣ, Ғуломҳасан Софӣ, Қиёмуддин Ходим ҷамъияти «Виш залмиён» («Ҷавонони бедор»)-ро таъсис доданд. Пайравону аъзои ин ҷамъият ғояҳои та­рақ­қипар­варонаву андешаҳои навро ташвиқу тарғиб мекар­­данд. Ху­су­с­ан, асарҳои воқеъбинонаи Рашшоди Қанда­ҳорӣ, Сулаймон Лоиқ, Абдуллоҳ Бахтонӣ, Зиё Қоризода, Му­ҳам­мадраҳим Илҳом, Абдулҳақ Бетоб, Халилуллоҳ Ха­ли­лӣ ва чандин эҷодкори диг. барои такомули ин раванди ада­бӣ заминаи воқеӣ гардида буданд. Солҳои 60 Афғонистон 20 дар робита ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ мавзӯъ­ҳои адабӣ низ ба ҳаёти воқеии мардум наздиктар шуда, рангу мазмуни нав гирифтанд. Жанрҳои адабии ҳи­коя ва повест (қисса) маъруфият пайдо карданд, ки дар онҳо муаллифон бештар ба тасвири воқеъбинонаи зиндагии мардуми одӣ рӯ оварданд. Акнун эҷодкорон сабаби бадбах­ти­ҳои мардуми заҳматкашро дар носозгориҳои ҳаё­ти иҷ­ти­моӣ медиданд, ки повестҳои «Оворагиҳои Банг», «Спин», «Сангсар»-и Н. Таракӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Аз солҳои 60 (Афғонистон 20) минбаъд мусалсал намунаҳои ашъори Халилуллоҳ Халилӣ, Абдуллоҳ Бах­тонӣ, Моили Ҳиравӣ, Бориқ Ша­феӣ, Сулаймон Лоиқ, ҳи­кояҳои Гулпочо Улфат ба табъ расида, аз тарафи хонандагони тоҷик хуш пазируфта шудаанд. Ибтидои Афғонистон 21, ҳанӯз ҳам аксари эҷод­ко­рон дар мусофиратанд ва бархе дар Олмон, ИМА ва диг. кишварҳои дунё доираҳои ада­бӣ созмон дода, ба эҷод маш­ғуланд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

Арки Ҳирот дар ғарби Афғонистон, шаҳри Ҳирот. 2011
Арки Ҳирот дар ғарби Афғонистон, шаҳри Ҳирот. 2011

Ёдгорҳои меъморӣ ва санъати тасвирии Афғонистон таърихи ниҳоят ғанӣ ва қадимӣ доранд. Муҳаққиқон дар санъати қадимии меъмории Афғонистон намунаҳои моддӣ ва маънавии мардумони гуногунро, ки дар давраҳои мухталиф дар ин кишвар зиндагӣ кардаанд, пайдо намудаанд. Дар Афғонистон ёдгорҳои меъмории қадим, аср­ҳои миёна ва муосир хеле фаровонанд. Қадимтарин осори меъморӣ харобаҳои девори қалъаҳо дар Фароҳ ва Балх мебошанд. Ба ҳамин нисбат дар осори хаттӣ аксаран Балхро «Умм-ул-билод» («Модари шаҳрҳо») меномиданд, ки аз сернуфусӣ ва вусъати он дарак медод. Ҳамчунин харобаҳои Ойхонум (дар резишгоҳи дарёи Кӯкча), ҳафриёти Теппаи Шакур дар Ҳадд (ҷануби Афғонистон), Сурх­кӯтал (наздики Пули Хумрӣ) шоҳиди ҳоланд. Бузургтарин маҷмааи маданияти будоия дар Афғонистон, ки ҳар як бинандаро дар ҳайрат мегузошт, Бомиён буд. Дигар ёдгорҳои меъморӣ дар шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Балх, Ғазнӣ, Мазори Шариф, Буст (Лашкаргоҳ) ва Кобул воқеъ гардидаанд, ки ҳар яке таърихи аҷибу ғариб ва ибратомӯз доранд. Дар Ҳирот иншооти бузурги Масҷиди ҷомеъ, ансамбли зебои меъмо­рии Мусалло, Мақбараи Ҳусайн Бойқаро, Мақбараи Алишер Навоӣ, Мақбараи Ҷомӣ, ансамбли меъмории Гозур­гоҳ, Мақбараи Шайх Абдуллоҳи Ансорӣ ва ғайра, дар Қан­да­ҳор Мақбараи Аҳмадшоҳи Дур­ронӣ, ёдгори меъмории Чилзина; дар Ғазнӣ Мақбараи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ансамбли меъморӣ), Мақ­бараи Саноӣ, манораи Баҳром, маҷ­мааи қасрии Буст — Лашкаргоҳ, дар Балх харобаҳои девори шаҳр, Мақбараи Абунасри Порсо, Мадрасаи Суб­­ҳон­қу­лихон, Мақбараи Робиаи Балхӣ ва дар Мазори Ша­риф зеботарин намунаи ансамбли меъморӣ — Оромгоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб; дар Кобул мақбараи Шоҳи Душамшера, алайҳир­раҳма, мақбараи Темуршоҳи Дурронӣ, мақба­раи амир Абдурраҳмонхон, Мақбараи Бодуршоҳ, Мақба­раи Му­ҳаммад Нодиршоҳ ва чандин ёдгори меъмо­рии дигар мебошанд. Дар Афғонистон ёдгорҳои меъмории муосир низ мав­ҷуданд ва ба ҳар муносибати даврони муосир би­но ёфтаанд, ки Манораи Истиқлол (Кобул), Тоқи Зафар (дар Пағмон), Манораи Дониш (Хуст), Манораи Майванд аз ҷумлаи онҳоанд. Аксари ёдгорҳои меъморие, ки номбар шуданд, фақат сирф ёдгории меъмории бос­тон­­шиносӣ ва таърихӣ нестанд, балки аз нигоҳи таърихи санъат арзиши баланди ҳунарӣ доранд, зеро дар онҳо намунаи олии санъати ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, хиштчинии ороишӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, ҳаккокӣ, омезишҳои дигар анвои ҳу­нар­ҳои санъати тасвирӣ ва ороиши амалии элли­низму бох­тарӣ ва ҳиндӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳам­чунин дар нати­ҷаи ҳафриёт осори фаровони гаронбаҳои заргарӣ, куло­лӣ, қолибофӣ пайдо гардиданд. Дар рушду равнақи сан­ъати миллии имрӯзаи Афғонистон мактаби санъати тасвирӣ ва ҳу­нармандии Кобул (таъсисаш 1921) мавқеи муҳимму на­­заррас дошт. Ҳаёти воқеӣ, зиндагии мардуми одӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи халқҳои афғон дар асарҳои рас­сомони машҳури Афғонистон Абдулғафур Брешно, Ғавсуддин, Хайрмуҳаммад ва дигарон хеле возеҳ акс андохтаанд. Ҳай­калтарошон Муҳаммадҳайдар ва Муҳаммад­ризои Қан­да­ҳорӣ бо асарҳои гуногунжанри худ хеле маъ­руфият пайдо кардаанд.

Мусиқӣ

Фарҳоди Дарё, Консерт дар Кобул, 2010
Фарҳоди Дарё, Консерт дар Кобул, 2010

Гуногунии қавмии Афғонистон (тоҷик, пашту, балуч, турк­ман, ӯзбек ва ғайра) дар мусиқии Афғонистон низ хеле равшану возеҳ акс ёфта, дар он ҳамчунин унсурҳои санъати ҷаз­зо­би ҳинд нақши худро гузош­таанд. Ин ҳолат имкон фа­ро­ҳам овард, ки мусиқии Афғонистон до­рои жанрҳои гуногун, лаҳн­­ҳои фаровон ва созҳои мухта­ли­фуннавъ бошад. Дар санъа­ти мусиқии Афғонистон дубайтӣ, чор­бай­тӣ, рубоӣ, ғазал ва қа­сида бис­ёр истифода мегарданд. Аз созҳои нисбатан маъ­руфтари мардумӣ танбӯр, рубоб, ғи­жак, сантӯр, чанг, сурнай, нақора, даф, дойра ва таблак хеле маъмуланд. Сарояндагони маш­ҳури Афғонистон устод Ғуломҳусайн, Муҳам­мад Умар, Ҳафи­зул­лоҳи Хаёл, Абдуҷалили Залонд, Салими Сармаст, Фитрати Ношинос, устод Сароҳанг, Ма­дадӣ, Зо­ҳири Ҳувайдо, Аҳмад Зоҳир, Аҳмад Валӣ, Фарҳоди Дарё, Маҳваш, Салмо, Қамар, Ҳан­гома ва дигарон ме­­бошанд, ки бе­рун аз хоки Афғонистон дар аксар мам­лакатҳои Осиёи Марказӣ шуҳ­рат доранд. Соли 2006 Рӯз­ҳои фарҳанги Афғонистон дар Тоҷикис­тон баргузор гардида, санъати му­сиқию овозхонӣ, синамову ҳунарҳои тасвирӣ ва саноеи дастии мардуми кишвари дӯст намоиш дода шуд.

Театр

Шояд қадимтарин ва содатарин анвои намоиши мардумӣ дар Афғонистон дастаҳои хурд-хурди ҳунармандон, монанди маддоҳон, ширинкорон, масхарабозон, қис­са­хон­ҳо, ровиён, тамсилгарон, ки аксаран онҳоро «содуҳо» ном мебурданд, буданд. Онҳо дар кӯчаву бозор, тӯйу су­ри мардумон, ҷашну маросимҳо бо ҳаракатҳои даст, сар ва бадан мувофиқ ба мазмуну мундариҷаи матн амал мекарданд ва мардумро ба ваҷд оварда, ба андешае водор месохтанд. Бархе аз ин гурӯҳҳо бо номҳои «ширинкор», «масхарабоз» — сойинҳо бо ниқобҳои худсохти аҷибу ға­риб зоҳир мешуданд. Ҳамчунин суннатҳои тамсилу танз низ бо шеваҳои гуногун муравваҷ буданд. Ҳанӯз аз қадим бай­ни мардумони Афғонистон Фақир Аҳмад маъруф ба лақаби «Маҷ­ли­соро» ҳамчун ширинкори бомаҳорат шуҳратёр буд. Дар бораи унвон ва маҳалли баргузории драмаи нахустини муосир дар Афғонистон муҳаққиқон андешаҳои гуногун доранд. Аввалин драма дар аҳди амир Амонуллоҳхон дар қасри «Сутур»-и Вазорати умури хориҷӣ барои аҳли хонаводаи шоҳӣ ва бори дуюм дар Пағмон (наздикии Кобул) ба муносибати 5-умин солгарди Рӯзи истиқлол намоиш дода шуд. Ин намоишномаро «Ҷазираи Ҷово», «Шоҳ­зодаи Ҷово», «Сардори ҷазираи Ҷово» ва амсоли инҳо ном будааст. Сипас соли 1924 дуюмин драмаи таъри­хии теат­ри Афғонистон бо номи «Модар — Ватан» намоиш дода шуд. Аввалин намоишгоҳи махсуси театрӣ «Синамотеатри Пағ­мон» буд, вале бар асари сӯхтор он комилан аз байн рафт. Бо вуҷуди ин, аз соли 1924 минбаъд чандин намоишнома, аз қабили «Ҳокими золим», «Писари ноздона», «Дурӯғгӯй», «Муҳорибаи Тал», «Фатҳ ва суқути Андалус», «Писаре, ки ба Урупо меравад» намоиш дода шуда, аз тарафи бинандагон хеле хуш пазируфта шуданд. Театри «Пуҳан нандорӣ» бинои худӣ надошта, дар яке аз толорҳои литсейи «Истиқлол» ҷой гирифта буд. Нахустнамоиши он «Мерос», ки ба қалами Абдуррашид Ла­тифӣ тааллуқ дошт, таваҷҷуҳи адибонро ба драматургия ҷалб кард. Дар нати­ҷа чандин намоишнома, аз қабили «Отифа»-и Муҳам­мадусмони Сидқӣ, «Домод»-и Носири Ғарғашт, «Шогирди кабобӣ»-и Абдурраҳмони Пажвок, «Ишти­боҳ»-и Аб­дулғафури Брешно рӯи саҳна омаданд. Солҳои 60 Афғонистон 20 театрҳои дигар низ дар Афғонистон ба фаъолият пардохтанд, ки «Шарлӣ нандорӣ» ва «Зайнаб нандорӣ» аз маъ­руфтарин ва муваффақтарини онҳо буданд; намоишно­маҳои «Шаҳ­рӣ ва деҳотӣ», «Бебок», «Тилисми изди­воҷ»-и Шарлӣ нан­дорӣ ва «Бути куҳна», «Ҷо­дугар», «Панҷоҳу шаш», «Пи­роҳани арӯсӣ» бому­ваф­фақият намоиш дода шуданд. Аз охири с-ҳои 50 Афғонистон 20 зарурат ба машварату маслиҳати ре­жис­сё­рони хориҷӣ ба амал омад. Дар он солҳо дар байни Афғонистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои ҳатаърихи сиёсию иқтисодӣ бар­қарор буданд ва мақомоти салоҳиятдори Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамбастагии таърихии мардумони То­ҷи­кистону Афғонистон-ро ба эътибор гирифта, қарор карданд мутахассисон аз Тоҷикистон интихоб шаванд. Соли 1961 ҳунарманди маъруфи тоҷик Шамсӣ Қиёмов ҳамчун коргардони театр ба Афғонистон фиристода шуд. Баъди бозгашти ӯ Меҳрубон Назаров минҳайси мушовири Ра­ёсати матбуоти Афғонистон (баъдҳо Вазорати култур) фиристода шуд. Дар давраи ҳамкории ӯ бо театри Афғонистон намоишнома­ҳои «Баъд аз як умр» ва «Қаҳрамонон»-и Аб­дуррашид Латифӣ, «Зан ва тило», «Ман мардро мехо­ҳам»-и Тавфиқ Ҳаким, «Гу­наҳкорони бегуноҳ»-и Афғонистон Афғонистон Островский ба саҳна гузошта шуданд. Пас аз ӯ Ҳоҷиқул Раҳматуллоев кори ӯро идома дод. Солҳои 70 Афғонистон 20 барои ҳунари театри Афғонистон давраи нашъунамо ва дастовард­ҳои эҷодӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар ин солҳо ҳам театр­ҳои Афғонистон ба ғайри асарҳои муаллифони дохилӣ ба асарҳои саҳнавии театри ҷаҳонӣ рӯй оварда, ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардиданд, ки «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол аз зумраи онҳост. Бо ву­ҷуди рух додани таҳаввулоти ҷиддии сиёсию иқти­содӣ бар асари Инқилоби Савр теат­ри Афғонистон комилан суқут накард. Дар ҳамин давраи ноором ҳам дар театр «Шабу шаллоқ»-и Асадуллоҳи Ҳабиб, «Зарбаи севум» ва «Рас­воӣ»-и Азими Сиистонӣ, «Дзандзируно матӣ швъл» (Зан­ҷирҳо шикастанд)-и Ҷонмуҳаммади Плор, «Хашми халқ»-и Асадуллоҳи Ҳабиб, «Табиби иҷборӣ»-и Ж. Молйер, «Сал­мо ва Баҳром»-и Ҳ. Хаёл, «Марди на­ҷиб»-и Нозим Ҳикмат ва даҳҳо намоишномаи дигар ба саҳна гузошта шуданд. Дар бунёдгузорӣ ва равнақи театри Афғонистон ҳиссаи ҳунармандони мумтози афғонистонӣ Қорӣ Дӯст­муҳам­мад, Муҳаммадкозими Ҳотамӣ, Муҳаммад Кабир, Му­ҳам­мад Осиф, Абдуррашиди Ҷалиё, Абдур­раҳ­мони Бино, Ғуломумари Шокир, Абдулқаюми Бесид, Аҳмад Зиё, Мирмуҳаммади Набӣ, Наҷибуллоҳи Масо, Юсуфи Кӯҳ­зод, Муҳаммадалии Равнақ, Ҳамиди Ҷалиё, Ёрмуҳам­мади Фароз, Раҳими Сорбон, Саттори Вораста, Наими Рафоҳ, Ҳусайни Видоъ, Ҳабиба Аскар, Зулайхо Ни­гоҳ, Но­ҳия Дино ва чандин дигар хеле бузург аст. Театри Афғонистон дар тамоми мавҷудияти хеш беш аз 150 намоишномаро ба саҳна гузошта, манзури тамошогарон гардондааст. Соли 2005 бо дастгирии Бунёди фарҳанг ва ҷомеаи мадании Афғонистон ва бо эҳтимоми коргардони тоҷик М. Миров дар саҳнаи театри «Офтоб» (Кобул) асари Н. Табаров «Тарс» (дар нақшҳо ҳунарпешагони афғонистонӣ Наҷиб Ато, Умед Раванда, Саидмуҳаммад Шарифӣ, Тоҳири Афғон­бек, Шикебо Ризоӣ) ба саҳна гузошта шуд. Ин намоишнома ва консерти якҷояи ҳунармандони тоҷик (сурудхонии М. Миров, Афғонистон Саодатбеков) ва устодони ҳуна­ри Афғонистон (таблакнавоз Муҳаммад Осиф ва рубобнавоз Ғулом Ҳусайн) чун ҷашни дӯстии ду кишвар падид омад.

Кино

Таърихи кино дар Афғонистон аз ибтидои солҳои 20 Афғонистон 20 аз лаҳзае, ки дар дарбори шоҳ филмҳои иборат аз аксҳои «зинда»-и ҳаракаткунанда намоиш дода мешуданд, оғоз меёбад. Соли 1921 аз Аврупо ба Кобул дастгоҳи кино­на­моишдиҳӣ оварда, дар кинотеатри «Баҳор»-и Пағ­мон филм­ҳои беовоз намоиш дода мешуданд. Тадри­ҷан аз ибт. солҳои 40 Афғонистон 20 Афғонистон низ ба истеҳсоли филмҳои худӣ шурӯъ намуд, ки нахустин филми бадеии муштарак (Аф­ғону Ҳинд) «Ишқ ва дӯстӣ» (муаллифи филмнома Абдуррашид Латифӣ) буд. Филмро ширкати филмсозии ҳиндии «Шӯр» дар Лоҳур (он вақт тобеи Ҳинд, имрӯз дар сарзамини Покистон воқеъ аст) ба навор гирифта буд. Дуюмин филм «Монанди уқоб» (коргардон Файз­муҳаммад Хайрзода) буд, ки нисбат ба филми аввал, ки бо фар­ҳанги мардум он қадар созгорӣ надошт, беҳтар пазируфта шуд. Дар ҳамин давра чандин филмҳои кӯ­тоҳметражи ҳуҷҷатӣ, хроникавӣ ва киножурналҳо (аслан фаъолияти давлатро инъикос мекарданд) ба навор гирифта шуданд. Солҳои 60 Афғонистон 20 киностудияи «Афғон­филм» бунёд ва таъсис ёфт, ки нахустин филми бадеии дар ин киностудия истеҳсолшуда «Тақдир» ном дошта, соли 1970 дар ки­нотеатрҳои Кобул ба муносибати ҷашни Истиқлоли Афғонистон намоиш дода шуд. Солҳои 70 Афғонистон 20 якчанд филми дигар рӯи навор омаданд, ки «Насиҳати модар» (1973) ва «Рӯз­ҳои мушкил» (1974, соли 1976 дар Чорумин кинофестивали байналмилалии Тошканд намоиш дода шуда буд) аз ҷум­лаи онҳоянд. Дар баробари таҳия ва намоиши филм­ҳои худӣ воридоти фаровони филмҳои эронӣ, ҳиндӣ ва по­кис­­тонӣ (бидуни дубляж) авҷ гирифта буд. Баъди ға­лабаи Инқилоби Савр шурӯъ аз соли 1978 филмҳои сершумори гуногунмавзӯи истеҳсоли Иттиҳо­ди Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шуданд, ки аксар дар «Хонаи дӯстӣ»-и шӯ­равӣ (Кобул) намоиш медоданд. Қариб дар аксарияти шаҳр­ҳои Афғонистон, аз ҷумла Мазори Шариф, Қундуз, Пули Хум­рӣ, Чо­рикор, Қандаҳор, Ҳирот, Лашкаргоҳ, Ҷалолобод, Пағ­мон, Гардез, Хуст, Ғазнӣ, Шибирғон, Самангон, Маймана, Оқча, Сари Пул филмҳои бадеӣ, мустанад, таърихӣ ва хроникавӣ намоиш дода мешуданд. Мавзӯи филмҳои сол­ҳои охир таҳиягардида бештар ба ватандӯстию садо­қат, заҳмати беғаразона, диловарӣ оиданд, ки «Фирор», «Қасос», «Сабур-сарбоз» ва филмҳои муштарак бо «Мосфилм» («Тобистони гарми Кобул») ва «Тоҷикфилм» («Ин­қилоб идома дорад») аз ҷумлаи чунин филмҳоянд. Раиси Иттиҳоди синамогарони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ, Раиси Ха­­­зинаи фарҳанг ва иҷтимоиёти Афғонистон Темур Ҳакимёр, коргардон Сиддиқ Бармак соли 2006 дар Фестивали дуюми байналмилалии «Дидор» (Душанбе) бо 14 филми ҳунарии давраи баъди «Толибон» ва соли 2012 ҳам ширкат дошта, баҳои баланд ги­рифтанд.

Варзиш

Дастаи миллии футболи Афғонистон (дар либоси сурх), пеш аз нахустин ғалабаи худ бар Ҳиндустон (кабуд). SAFF, 2011
Дастаи миллии футболи Афғонистон (дар либоси сурх), пеш аз нахустин ғалабаи худ бар Ҳиндустон (кабуд). SAFF, 2011

Ба монанди дигар кишварҳои дунё ва минҷумла мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, таърихи варзиш дар Афғонистон ба умқи асрҳои гузаштаи дур мепайвандад. Нахуст варзиш дар шакли бозиҳои гуногуни одӣ (аксаран байни наврасону ҷавонон) зуҳур карда, минбаъд ба силсилаи ягонаи мураттаб ворид гардид. Яъне аз бандбозӣ, аловпарак, баландпарак, гачабозӣ, чилликбозӣ, хурӯсҷанг, пиёдапойга барин бозиҳои серҳаракати сода оғоз гардида, бо гузашти замон ба бузкашӣ (кӯпкорӣ), пойга, куштигирӣ, вазнбардорӣ ва амсоли инҳо расида, дар давраи муосир ба варзиши ҷаҳонӣ, ки дорои низоми муайян ва меъёрҳои мушаххас мебошад, пайваст. Афғонистонро аз соли 1936 Кумитаи бай­налмилалии олимпӣ ба расмият шинохт ва аз ҳамон сол Афғонистон дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кард. Ҳоло навъҳои бештар маъмули варзиш дар Афғонистон куштӣ, варзиши сабук, футбол, волейбол, гӯйбозӣ мебошанд.

Матбуот

Матбуот дар Афғонистон таърихи бештар аз 135-сола дорад ва аз рӯзи аввали вуҷудияти худ ҷиҳати таъмини ҳуқуқи башар дар ин кишвар хидмат кардааст. Аввалин дастгоҳҳои чопӣ ба Афғонистон дар нимаи дуюми Афғонистон 19 ворид гардида ба таъсиси чопхонаҳои кишвар асос гузоштанд. Нахустин шумораи газетаи «Шамс-ун-наҳор» (1875) ва маҷ. «Кобус» (1867) дар чопхонаи «Шамс-ун-на­ҳор» нашр гардиданд. Тарзи нашр чопи сангӣ буд. Ба ҳа­мин тартиб барои чопи китобҳо, газетаҳо, маҷаллаҳо, ҷузва­ҳо, санадҳои дав­­латӣ ва дигар маводди нашрӣ дар Афғонистон асос гузошта шуд. Барои бедорфикрӣ ва тавсиаи ҷаҳон­шиносӣ ва таблиғи ақидаҳои пешрафта ҷаридаи «Сироҷ-ул-ахбор» нақши муҳим иҷро кард. Янв. соли 1906 шумораи нахустини «Си­роҷ-ул-ахбори афғонӣ» аз чоп баромад. Вале бо фишор­ҳои пайиҳами Британия нашри ин рӯзно­ма қатъ гардид ва танҳо соли 1911 бо кӯшиши адиби маъ­руф ва маорифпарвари машҳури Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ (18­68-1933) аз нав эҳё шуда, то соли 1918 ба нашриёти худ идома дод. Дар газета на танҳо асарҳои худи М. Тарзӣ ва ҳаммаслаконаш, балки тарҷумаи асарҳои беҳтарини адибони кишварҳои ҳам­соя ва Аврупо низ чоп мешуданд. Аз соли 1918 ҳамчун замима ба газетаи «Сироҷ-ул-ахбор» барои кӯдакон рӯзномаи «Сироҷи атфол» нашр мегардид. Баъ­ди соҳибистиқлол гар­дидани Афғонистон (1919) фаъолияти наш­рияҳо васеътару мус­тақил гардид ва бидуни матба­аҳои давлатӣ чандин мат­бааи хусусӣ дар марказу вило­ятҳо ба вуҷуд омад. 30 сентябри 1924 Қонуни матбуот дар Афғонистон ба тасвиб расид ва ба дунболаи он ҳафтаномаи «Анис», «Насими саҳар» ва «Наврӯз» нашр шуданд. Дар ҳамин давра 13 газета ва ма­ҷалла дар Кобул ва вилоёт ба табъ расиданд. Газетаҳо: «Амони афғон» (Кобул), «Ситораи афғон», «Ҷабал-ус-си­роҷ», «Иттиҳоди машриқӣ», «Иттиҳод» (Хонобод), «Ту­лӯи афғон» (Қандаҳор), «Иттифоқи ислом» (Ҳирот), «Ир­шод-ун-нисвон» (Кобул), «Афғонис­тон» (Ҷа­лолобод); ма­ҷаллаҳо: «Муаррихи маориф», «Оинаи ирфон» (Вазорати маориф), «Урду» (Вазорати ҳарбия). Со­ли 1926 ба Афғонистон як дастгоҳи радиоӣ ворид гардид ва ба номи «Радиои Кобул» радиошунавонӣ оғоз шуд. Вобаста ба ҳамин давр Ғу­бор менависад: «Дар замони Нодирхон салтанат матобеи озоди „Анис“ ва „Рафиқ“-ро баста кард. Дар хариду фу­рӯши мошини тайп (чоп — Баҳодур Раҳматов) маҳ­дудият эҷод шуд. Ҷароиди „Ислоҳ“ ва „Анис“ ба дасти муллоҳо супурда шуд. Нашрияи „Ҳаюн ала-л-фаллоҳ“ тавассути муллоҳо нашр шуд»… Аммо бо вуҷуди чунин вазъ матбуот дар Афғонистон комилан суқут накард, вале раванди тавсиаи он андаке коҳиш ёфт. Аз соли 1939 газетаи «Ислоҳ» ба «Ҷумҳурият» табдили ном карда, то Инқилоби Савр дар ҳаҷми 4 са­ҳифа нашр мегардид. Газетаи «Ҳивод» («Ватан» — Баҳодур Раҳматов) — органи Шӯ­рои Инқилобӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Афғонис­тон аз соли 1949 дар 4 саҳифа ба забон­ҳои пашту ва дарӣ нашр мегардид. Соли 1951 парламенти Афғонистон Қо­нуни матбуотро ба тасвиб расонид, ки ба дунболи он г-ҳои ғайри­дав­латии «Ангор», «Нидои халқ», «Нилоб», «Вулус», «Ва­­тан», «Ои­на» дар Кобул ва «Атом» дар Маймана таъ­сис дода шуданд. Соли 1952 баъди саркӯб шудани ҳара­катҳои де­мок­ратӣ дар Афғонистон матбу­оти хусусӣ комилан суқут кард. Соли 1963 Департаменти матбуоти Афғонистон ба Вазорати табъ ва иттилоот табдили ному сохтор кард ва соли 1964 Қонуни асосии нав ва дар асоси он Қонуни матбуот ба тасвиб расид. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки газетаву маҷал­лаҳои хусусӣ нашр шаванд. Чунончи «Рӯз­гор», «Тарҷу­мон», «Корвон», «Мусовот», «Паёми им­рӯз», «Гаҳиз», «Афғон миллат», «Садои авом», «Шуълаи ҷо­вид», «Халқ», «Парчам» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо буданд. Баъд аз ҲХДА соли 1973 М. Довуд чопи тамоми газетаҳои хусусиро манъ кард.

Баъди инқилоби халқӣ-демократӣ 1978 вазоиф ва нақ­ши воситаҳои ахбори омма дар Афғонистон комилан диг. шуд; ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодиву маданӣ-фарҳангӣ тағ­­­й­ир ёфта, унвони аксари газетаву маҷаллаҳо иваз шуд, теъдоди нашр ҳам боло рафт. Органи нашриёти Кумитаи Марказии ҲХДА г-и ҳаррӯзаи «Ҳаққиқати Ин­қилоби Савр» (ба забони дарӣ ва пашту) маъруфият пайдо кард. Минбаъд ақаллиятҳои миллии Афғонистон ӯзбекҳо («Юлдуз»), туркманҳо («Гораш») ва балучҳо («Субҳ») ҳам соҳиби газетаҳои худӣ гардиданд. Газетаи «Кобул Ню таймс» ба забони англисӣ чоп мегардид. Дар ин давра дар вилоёти Афғонистон низ газетаҳо, аз ҷумла «Иқти­сод», «Зерай», «Ҳақиқати сарбоз», «Иттиҳод» (Бағлон), «Ба­дахшон» (Ба­дахшон), «Бедор» (Балх), «Саноӣ» (Ғаз­нӣ), «Иттифо­қи ислом» (Ҳи­­рот), «Ҷузҷон» (Ҷузҷон), «Ту­лӯи афғон» (Қандаҳор), «Вранга» (Пактиё), «Сиистон» (Ҳилманд) бо теъдоди зиёд нашр мешуданд. Маҷаллаҳо низ хеле фаровон буданд, ки «Ирфон», «Деҳқон», «Миллиятҳои бародар», «Ҷир­га», «Урду», «Овоз», «Қазо», «Фарҳанги мардум», «Хуросон», «Жвандун» (Зин­да­гӣ Баҳодур Раҳматов), «Пешо­ҳанг», «Ситора», «Занони Афғонистон», «Китоб», «Балх» аз қабили онҳо­янд. Дар марҳалаи бо ном такомули Инқилоби Савр (баъд аз 27 декабри 1979) шумораи васоити ахбори омма дар Афғонистон бамаротиб афзуд ва танҳо дар соли 1986 дар Афғонистон 49 рӯз­нома ба теъдоди 122 млн нусха ба табъ мерасид. Дар давраи истиқрори низоми исломӣ дар кишвар бо фармони роҳбари давлат Бур­ҳо­нуддини Раббонӣ қонуни нави матбуот ба тасвиб расид. Ба асоси ин қонун озодии баён ва матбуот комилан таъ­мин шуда, фақат радиову телевизион дар инҳисори давлат буданд ва касе ҳуқуқ надошт даст­гоҳи радио ва ё телевизиони хусусиро таъсис биди­ҳад. Ҳамчунин касе иҷо­за надошт ба муқобили дини ислом таблиғ намояд. Дар ҳамин давра (1992—1996) газетаҳои «Суб­ҳи умед», «Ҳам­бастагӣ», «Кобул», «Фарёди аср», «Ир­шод-ун-нис­вон», «Бо­ло­ҳисор» ва ғайра чоп мешуданд. Дар даврони «Толибон» ба ҷуз газетаҳои «Шариат», «Анис» ва «Ҳивод», ки сухан­гӯи низоми «Толибон» буданд, фаъо­ли­яти дигар нашрия­ҳо қатъ гардид. Дар замони таҳавву­лоти навин (аз соли 2001 то ҳол) соли 2002 Қонуни (нави) матбуот ба тасвиб расид, ки ин қонун низ озодии матбуотро таъйид намуд ва озодии нашри тамоми навъи расонаҳо, ба шумули радио, телевизион ва дастгоҳҳои филмбардорию истеҳ­со­лии санъати киноро ба расмият шинохт.

Радио ва телевизион

Студияи телевизионии «Шамшод», 2010
Студияи телевизионии «Шамшод», 2010

Бори нахуст садои радио дар Афғонистон соли 1920 баланд шуд, вақте ки Ҳукумати Россияи Шӯравӣ барои Афғонистони соҳибистиқлол дастгоҳи радиошунавонӣ тақ­дим намуд ва аввалтар аз ҳама аз тариқи он телеграммаи Амонулоҳхон ба номи В. И. Ленин садо дод. Тадриҷан радио дар Афғонистон тавсиа ёфта, соли 1964 дар Кобул радиостансияи нав бо студияҳои сабти овоз, ду студияи консертӣ ва толор барои 500 кас бино ёфт. Телевизиони Афғонистон фаъолияти худро аз августи 1977 шурӯъ намуд, ки дар як шабонарӯз чор соат бетанаффус барномаҳо намоиш медод. Баъди Инқи­лоби Савр давомнокии намоиши барномаҳо дар шабо­нарӯз ба 6 соат расонда шуд. Барномаҳои телевизи­он асосан аз 4 бахш — сиёсӣ-ҷамъиятӣ, мусиқӣ, адабӣ-дра­мавӣ ва барномаҳо барои кӯдакон иборат буданд. Соли 1980 аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ барои Афғонистон ройгон пой­го­ҳи радиотелевизионии «Марс» сохта шуд. Соли 1982 ба ҷои «Марс» пойгоҳи пурқудраттари «Лотос» (дар Афғонистон бо номи «Шамшод» машҳур аст) насб гардид. Ҳоло дар Афғонистон 50 пойгоҳи радио ва 24 дастгоҳи телевизионӣ фаъо­лият дорад.

Радиоҳо: «Радиои Афғонистон», «Ориёно», «Наво», «Ор­­мон», «Калид», «Нурин», «Субҳ ба хайр», «Салом ва­тан­­дор» ва чандин радиоҳои вилоятӣ ва хусусӣ. Телеви­зионҳо: «Телевизиони миллӣ» (давлатӣ), «Ту­лӯъ», «Аф­ғон», «Нур», «Хуросон», «Саҳар», «Шамшод», «Оина», «Сабо», «Имрӯз», «Бохтар», «Орзу», «Рӯз», «Фар­до» ва ғайра

Ҳизб, ҳаракатҳо ва иттиҳодияҳо

Дар Афғонистон ҳизбҳои си­ё­сӣ таърихи дерин надоранд. Солҳои 60 а 20 таъсири сохти сотсиалистӣ, ки аз доираи як мамлакат баромада, ба системаи байналмилалӣ ворид шуда буд, дар Афғонистон хеле возеҳ эҳсос мегардид; маҳфилҳои алоҳидаи марксистӣ ва гурӯҳҳои ҷудогонаи сотсиалистии зиёиёни демократ тад­ри­ҷан ба ҲХДА табдил ёфтанд. Дар баробари ҳара­катҳои тарақ­қихоҳонаи ҷаво­нон чандин ҷунбишу ҳизби дигар арзи ҳастӣ карданд. Ҳанӯз солҳои 60 Афғонистон 20 дар Афғонистон наҳзати исломӣ ба вуҷуд омад ва созмоне ташкил шуд. Дар До­нишгоҳи Кобул шуъбаи ҷавонони наҳзат бо но­ми «Ҷа­вонони мусулмон» фаъолият мекард. Соли 1973 созмони ис­ло­мӣ номи «Ҷамъияти исломии Афғо­нис­тон»-ро гирифт. Баъд аз ҳиҷрати аъзои он ба Покистон дар сафи ҷамъият ҷудоӣ ба амал омад ва он ба ду ҳизб тақсим шуд, ки якеро Гулбуддин Ҳикматёр ва дигареро Бурҳонуддин Раб­бонӣ роҳбарӣ мекарданд. Баъд аз соли 1978 дар Покистон 7 ҳизби суннӣ ва дар Эрон 8 ҳизби шиамазҳаб амал мекард. Ҳизби шиа ни­ҳоят мут­та­ҳид шуда, Ҳиз­би ваҳ­дати исломии Афғонистонро ташкил намуд. Ҳиз­би ҳаракати исло­мӣ бо роҳба­рии Осиф Муҳ­синӣ мус­тақимтар нигоҳ дошт.

Ҳизби Исломии Афғонистон соли 1974 бо сарварии Гулбуддин Ҳикматёр алайҳи низоми Муҳаммад Довуд таъ­сис ёфта буд. Барномаи ҳизб аслан аз мусоидат намудан ба интишори таълимоти ислом ба тамоми дунё, таблиғи сиёсӣ барои фарқи аҳолии Афғонистон мутобиқи забон, ирқ ва соири аломатҳои иҷтимоӣ, комилан бар­ҳам додани низоми таълимии мав­ҷуда, ки дар он духтарону писарон як­ҷо таҳсил мекунанд, талаби ба мулло­ҳо ва уламо дасти ёрӣ дароз кардани давлат, табдили пурраи низоми судӣ ба қонуни шариат ва амсоли инҳо иборат мебошад.

Ҷамъияти исломии Афғонистон

Ҳизби исломӣ, ки ба асоси ҳаракати «Ҷа­вонони мусулмон» таъ­сис ёфта, муассисаш профессор Бурҳо­нуд­дини Раб­бонӣ буд. Пас аз Ҳизби исломии Аф­ғонистон ин ҳизб аз ҷиҳати шу­мораи аъ­зо, мартабаву манзилат дар ҷои ду­юм қа­рор дошт. Аксари аъзои он сокинони Ҳи­рот, Бод­ғис, Форёб, Ҷузҷон, Балх, Са­ман­гон, Қундуз, Тахор, Бағ­лон, Бадахшон, Панҷ­шер ва бештаре аз ҷумлаи си­лоҳ­бадас­то­ни вақт буданд. Асоси барномаи ин ҳизб низ дар Афғонистон таъсис додани давлати ис­ломӣ буд. Бурҳо­нуд­дин Раббонӣ 20 сент. 2011 дар нати­ҷаи суиқасд ба шаҳодат расид.

Ҳизби исломии Афғонистон

Дар натиҷаи ихти­лофҳои назарӣ гурӯҳе аз ҳизби Ҳикматёр ҷудо шуда, бо ҳамон ном ҳизби ҷудогона ташкил намуд. Сарвараш Му­ҳаммадюнуси Холис буд. Солҳои 1963-73 Холис дар Кобул гурӯҳи бунёдгарои «Тавобин» дошт. Аъзои ин гу­рӯҳ муллоҳо ва рӯҳониёне буданд, ки дар масҷидҳо мавъизаи динӣ мекарданд.

Ҳизби Иттиҳоди исломии озодии Афғонис­тон

Муассиси ин ҳизб собиқадори гурӯҳи «Ҷавонони мусулмон», яке аз саромадони ҳаракати бунёдгароӣ дар Афғонистон Абдуррасули Сайёф (машҳур ба Расули Са­й­­ёф) аст. Сайёф баъди аз маҳбаси Пули Чархӣ озод гардидан ба Покистон фирор карда, соли 1980 дар он ҷо Раиси Иттиҳоди исломӣ барои озодии Афғонистон интихоб мегардад. Марти 1982 Расули Сайёф Иттиҳоди исломии озо­дии Афғонистонро созмон дод, ки дар заминаи он Ҳиз­би Иттиҳоди исломии озодии Афғонистон таъсис ёфт.

Ҷабҳаи миллии наҷоти Афғонистон

Муассиси ин ҳаракат Сабғатуллоҳ Муҷаддадӣ аз авлоди бонуфузи ҳазратҳои арабтабор — асосгузорони «Нақшбандия» дар Шарқи мусулмонӣ буда, соли 1925 дар Кобул таваллуд ёф­тааст. Ҳазратҳо борҳо муқобили Амонуллоҳхон исён барангехта буданд. Аслан манзури ин ҳизб таблиғу тар­виҷи андешаҳои «Ихвон-ус-сафо» буд, ки ҳангоми таҳ­сил дар донишгоҳи ал-Азҳар Муҷаддадӣ ба онҳо пайваста буд.

Ҳаракати инқилоби исломии Афғонистон

Со­ли 1978 дар музофоти Балучистон (Покистон) таъсис ёфта, аз худи ҳамин сол дар Афғонистон амал мекард. Му­ассиси ин ҳизб Муҳаммаднабӣ Муҳаммадӣ буда соли 1920 дар вилояти Лугар дар оилаи мавлавӣ Абдулваҳҳоб аз қабилаи аҳмадзай таваллуд шудааст. Муҳаммаднабӣ Му­­ҳаммадӣ пайрави ҷараёни Қодирияи Нақшбандия буд ва соли 1979 бо фармони сарвари вақти Афғонистон Ҳафизуллоҳ Амин ба қатл расонда шуд. Муҳаммад Набӣ дар фаъоли­яташ миллатгаро ва зидди коммунистӣ буд. Маҳози миллии исломии Афғонистон моҳи марти соли 1970 ташкил шудааст. Роҳ­ба­раш Пир Саййидаҳмади Гелонӣ мебошад. Маҳози мил­лӣ асосан аз муридон ва пайравони фирқаи Қодирия ибо­­рат аст, ки пешвои он Пир Саййидаҳмади Гелонӣ мебошад.

Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА).

Ин ҳизб дар анҷумани муассисон янв. 1965 дар Кобул таъ­­сис ёфта, дар он 27 вакил иштирок дош­танд ва Кумитаи Марказии он дар ҳайати Нурмуҳам­мад Таракӣ, Бабрак Кормал, Султоналии Киштманд, Солеҳмуҳаммади Зерай, Дастагири Панҷшерӣ, Бадахшӣ ва Шаҳрухи Шаҳпар интихоб гардида буданд. Баъди ду сол дар сафи ҳизб ҷудоӣ ба амал омада, он ба ду ҷиноҳ — «Халқ» (таҳти сарварии Таракӣ) ва «Парчам» (бо роҳбарии Кормал) тақсим гардид. Баъди ғалабаи Инқилоби Савр мухолифатҳо ва таъқибу фишори парчамиҳо аз нав шиддат гирифт. Дар вазъи истибдоди шоҳӣ ҳар ду ҷиноҳи ҳизб расман ғайри­қонунӣ маҳсуб мешуданд. Бо ҳамдастии ҳукумати вақ­ти Афғонистон муқобили фаъолияти ҲХДА аз тарафи аҳ­зобу ҳа­ра­катҳои бунёдгаро, миллатгаро, мисли «Ҷаво­нони мусулмон», «Афғон миллат», «Шуълаи ҷовид» ва амсоли инҳо аксуламалҳо анҷом дода мешуданд. Вале бо вуҷуди чунин фишорҳо ҲХДА фаъолияти таблиғӣ ва тарвиҷии худро густариш медод. «Халқ» ва «Парчам» муттаҳид шу­данд. Ба сабаби камшумории синфи коргари мавҷуда дар Афғонистон ҲХДА фаъолияти хешро ба таблиғу тарвиҷ дар артиш ва соири сохторҳои қудратӣ нигаронда буд. Дар давраи омодасозӣ ва ташкили Инқилоби Савр «Халқ» ва «Парчам» муттаҳид шуданд, вале ин ваҳдат дер давом накард.

Ташкилоту иттиҳодияҳо

Ғайр аз ҳизбҳои сиёсию наҳзату ҳаракатҳои гурӯҳ­ҳои алоҳида дар Афғонистон як зумра ташкилоту иттиҳодияҳо аз қаби­ли Иттиҳодияи коргарӣ, Ташкилоти демократии ҷавоно­ни Афғонистон (амсоли Комсомоли Иттиҳоди Шӯравӣ буда, соли 1975 таъсис ёфт), Ташкилоти демократии занони Афғонистон (соли 1966 таъсис ёфта, баъдтар ба Шӯрои занони Афғонистон табдили ном кард), Иттиҳо­дияи нависандагон ва шоирон (1980 ташкил шуд), Ит­тиҳоди журналистон (таъсисаш соли 1980), Иттиҳоди кормандони ҳу­нар (рассомон, филмсозонон, мутрибон, соли 1980 таъсис ёфт), ҷабҳаи миллии «Ватан» (соли 1981 таъсис ёфта, баъд­ҳо ба «Ҷабҳаи миллӣ» табдили ном кард) мавҷуд буданд, ки вобаста ба вазъи сиёсии кишвар фаъолият доштанд. Баъди соли 2001, пас аз рӯйи кор омадани таҳавву­лоти нав ва суқути «Толибон», дар муддати кӯтоҳе дар Афғонистон бештар аз 100 ҳизб номнавис шуданд. Вале баъдан дав­лат мудохила карда, ҳизбҳои сиёсӣ аз нав номнавис шуданд ва акнун 32 ҳизби сиёсӣ дар Афғонистон фаъолият дорад.[8]

Нигаред низ

Эзоҳ

  1. Шаблон:Citeweb
  2. ТОЛИБОН ДИРӮЗ БА КОБУЛ ДАРОМАДА, ПАРЧАМИ ХУДРО БОЛОИ ҚАСРИ ПРЕЗИДЕНТ БАРАФРОХТАНД. Онҳо изҳор доштанд, ки ба Ашраф Ғанӣ пешниҳоди бо роҳи осоишта супоридани қудрат намуданд, аммо ӯ фирор кард(тоҷ.). www.khovar.tj. 17 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2021.
  3. Кобул Суқут кард. Абдуллоҳ, Карзай, Ҳикматёр шӯрои ҳомоҳангии интиқоли мусолиматомези Афғонистонро ташкил доданд(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/. 15 августи 2021 санҷида шуд.
  4. An anti-Taliban front forming in Panjshir? Ex top spy Saleh, son of 'Lion of Panjshir' meet at citadel(англ.). The Week.
  5. The Panjshir Valley: what is the main bastion of resistance against the Taliban advance in Afghanistan. Market Research Telecast (17 August 2021). 9 сентябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2021.
  6. "Мубориза ба зидди Толибон бас нашудааст." Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба таҳаввулоти Панҷшер(тоҷ.). www.ozodi.org/tj/. 9 сентябри 2021 санҷида шуд.
  7. "Толибон" ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард. Ҷабҳаи муқовимат онро "ғайриқонунӣ" номид(тоҷ.). www.ozodi.org/tj/. 9 сентябри 2021 санҷида шуд.
  8. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.89-103 / Х. Муҳаббатов, Б. Раҳматов.

Адабиёт

  • Шамсулҳаққи Ориёнфар. Сайри матбуот ва озодии баён дар Афғонистон. Маълумотномаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷи­кистон. Душанбе, 2011;
  • Массон В., Ромодин В. Афғонистон История АфганистанАфғонистон Т. 1-2. М., 1964;
  • Ромодин В. Афғонистон Генеалогическая структура основных групп афганских (пуштунских) племён и их расселение в XV—XVII вв. // Страны и народы ВостокАфғонистон Вып. 22. М., 1980;
  • Лебедев К. Афғонистон Афганский народ — паштуны. М., 1997;
  • Ядгаров Ш. Афғонистон Мои года — моё богатство. Д., 2003;
  • Ядгаров Ш. Афганистан. Д., 2005
  • . رسولرهی. تاریخمطبوعاتافغانستان. جلد۱. سوئد،۱۳۶۸هـ. ش؛
  • میرغلاممحمدغبار. افغانستاندرمسیرتاریخ. کابل،۱۳۸۶هـ. ش

Сарчашма