Скарлетт Йоханссон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Скарлетт Йоханссон
англ. Scarlett Johansson
Scarlett Johansson by Gage Skidmore 2 (cropped).jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Scarlett Ingrid Johansson Sloan
Таърихи таваллуд: 22 ноябр 1984(1984-11-22)[1][2][3][…] (36 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:  ИМА
Касб: бозигари синамо, овозхон, мудел, ҳунарпешаи театр, садопеша, сарояндаи студия, коргардони филм
Самт: мусиқии поп
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0424060
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ска́рлетт И́нгрид Йо́ханссон (англ. Scarlett Ingrid Johansson, соли таваллуд 1984) — ҳунарпешаи ИМА.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Скарлетт Йохансон 22 ноябри соли 1984 дар шаҳри Ню-Йорк ба дунё омадааст. Падари ӯ, ки аслан аз Дания мебошад, дар иёлати Манҳэттен дар соҳаи сохтмон кор мекард. Модараш ба тарбияи фарзандон– писаронаш Эдриан ӯ Ҳантер ва духтаронашон Ванессаву Скарлетт машғул буд. Номи Скарлеттрро ба хотири қаҳрамони филми «Унесенные Ветром» - Скарлетт О'Ҳаро гузоштаанд. Дар авлоди Йохансон ягон кас ба санъати синамо ва театр таваҷҷӯҳе надошт ва шиносоии ӯ бо олами шоубизнес тасодуфӣ буд. Яке аз дӯстони оила ба волидайни Скарлетт маслиҳат медиҳад, ки иҷозат диҳанд ӯ дар ягон кастинг иштирок варзад. Баъди ин Скарлетт дар ҳама гуна кастингҳо иштирок мекард ва мехост, ки ба ягон нақше соҳиб шавад. Модараш ӯро дар ин кор ҳамаҷониба дастгирӣ мекард ва ӯро ба шӯъбаи кӯдакони боистеъдоди донишгоҳи театрии Лӣ Страсберг супурд. Дар давоми таҳсил дар он ҷо Скарлетт дар чандин намоишномаҳои театрӣ баромад кард. Ҳанӯз пас аз ним соли таҳсил дар шӯъбаи кӯдакона, ӯро ба курси ҳунарпешагони калонсол гузаронданд ва Скарлетти хурдсол аз ӯҳдаи он дарсҳо баромада тавонист. Соли 1994 ба ӯ нақшеро дар филм Роб Рейнер - «Норт» доданд, ки дар он дар баробари Скарлетт дигар ситораи синамо Элайҷа Вуд (филми «Властелин Колец») низ карйераи худро дар синамо оғоз намуд. Баъд ӯ нақши духтари Шон Коннериро дар филми «Just Cause» бозид.. Баъдтар Скарлетт дар филми мазҳакавии «Один Дома 3», нақши хоҳари калонии қаҳрамони Алекс Линсро бозид. Филми Роберт Редфорд «Заклинатель Лошадей» /«The Horse Whisperer»/ ба Йохансон шуҳрат меоварад. Барои иштирок дар ин филм Скарлеттро ба ҷоизаи Ҳунарпешагони ҷавон /Young Artist award/ пешниҳод карданд. Маҳорати ҳунарпешаи ҷавон дар филм София Коппола «Трудности Перевода» пурра ҳувайдо гардид. Ин филм ба мунаққидон писанд ва ҷоизаи «Глобуси Тиллоӣ»-ро ҳамчун «Филми Беҳтарин», «Сенарияи Беҳтарн» ва «Ҳунарпешаи Беҳтарин» (Билл Мюррей) сазовор гашт. Скарлетт низ барои нақши беҳтарин пешниҳод шуда буд, вале ҷоизаро Диан Китон (филми «Любовь по правилам и без») соҳиб шуд. Вале ӯ бемукофот намонд ва ҷоизаи ҳунарпешаи беҳтаринро аз киноакадемияи Британия гирифт. Ба синни ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар айни замон Скарлетт яке аз бомаҳораттарин ҳунарпешагони Ҳолливуд ба ҳисоб меравад. Нақшаи кории ӯ барои чандин солҳо пешакӣ пур шудааст. Дар оянда ӯ бо Эван МакГрегор дар филми фантастикии «Остров» ва бо Том Круз дар қисми сеюми «Миссия: Невыполнима» ва «Match Point»-и коргардон Вудӣ Ален нақш ҳохоҳад офарид.

Филмномаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Номи тоҷикӣ Номи аслӣ Нақш
1994 ф Норт North Лаура Нельсон
1995 ф Справедливый суд Just Cause Кейт Армстронг
1996 ф Если Люси упадёт If Lucy Fell Эмили
1996 ф Мэнни и Ло Manny & Lo Аманда
1997 ф Падение Fall маленькая девочка
1997 ф Один дома 3 Home Alone 3 Молли
1998 ф Заклинатель лошадей The Horse Whisperer Грейс Маклин
1999 ф Мой брат — свинья My Brother the Pig Кэти Кэлдвел
2001 ф Американская рапсодия An American Rhapsody Сюзанн в 15 лет
2001 ф Призрачный мир Ghost World Ребекка
2001 ф Человек, которого не было The Man Who Wasn’t There Рэйчел «Берди» Эбандес
2002 ф Атака пауков Eight Legged Freaks Эшли Паркер
2003 ф Трудности перевода Lost in Translation Шарлотта
2003 ф Девушка с жемчужной серёжкой Girl with a Pearl Earring (film) Грит
2004 ф Высший балл The Perfect Score Франческа Кёртис
2004 ф Любовная лихорадка A Love Song for Bobby Long Перси Уилл
2004 ф Хорошая женщина A Good Woman Мэг Уиндермер
2004 тас Губка Боб Квадратные штаны The SpongeBob SquarePants Movie Минди
2004 ф Крутая компания In Good Company Алекс Формен
2005 ф Матч-пойнт Match Point Нола Райс
2005 ф Остров The Island Джордан Два-Дельта / Сара Джордан
2006 ф Сенсация Scoop Сондра Прански
2006 ф Чёрная орхидея The Black Dahlia Кэй Лэйк
2006 ф Престиж The Prestige Оливия
2007 ф Дневники няни The Nanny Diaries Энни
2008 ф Ещё одна из рода Болейн The Other Boleyn Girl Мэри Болейн
2008 ф Вики Кристина Барселона Vicky Cristina Barcelona Кристина
2008 ф Мститель The Spirit Шелк
2009 ф Обещать — не значит жениться He's Just Not That into You Анна
2010 ф Железный человек 2 Iron Man 2 Наташа Романофф / Чёрная вдова
2011 ф Мы купили зоопарк We Bought a Zoo Келли
2012 ф Мстители The Avengers Наташа Романофф / Чёрная вдова
2012 ф Хичкок Hitchcock Джанет Ли
2013 ф Побудь в моей шкуре Under the Skin Лаура
2013 ф Страсти Дон Жуана Don Jon Барбара Шугармен
2013 ф Она Her Саманта
2014 ф Первый мститель: Другая война Captain America: The Winter Soldier Наташа Романофф / Чёрная вдова
2014 ф Повар на колёсах Chef Молли
2014 ф Люси Lucy Люси
2015 ф Мстители: Эра Альтрона Avengers: Age of Ultron Наташа Романофф / Чёрная вдова
2016 ф Книга джунглей The Jungle Book Каа
2016 ф Первый мститель: Противостояние Captain America: Civil War Наташа Романофф / Чёрная вдова
2016 ф Да здравствует Цезарь! Hail, Caesar! Дианна Моран
2016 тас Зверопой Sing Эш
2017 ф Призрак в доспехах Ghost in the Shell Мира Киллиан / Мотоко Кусанаги
2017 ф Очень плохие девчонки Rough Night Джесс
2018 тас Остров собак Isle of Dogs Миндалька
2018 ф Мстители: Война бесконечности Avengers: Infinity War Наташа Романофф / Чёрная вдова
2019 ф Капитан Марвел Captain Marvel Наташа Романофф / Чёрная вдова
2019 ф Мстители: Финал Avengers: Endgame Наташа Романофф / Чёрная вдова
2019 ф Кролик Джоджо Jojo Rabbit Рози Бецлер
2019 ф Брачная история Marriage Story Николь
2021 ф Чёрная вдова Black Widow Наташа Романофф / Чёрная вдова

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  2. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Discogs (ингл.) — 2000.
  4. German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #129616214 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.