Jump to content

Смурфҳо: Деҳкадаи гумшуда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Смурфҳо 3)
Смурфҳо: Деҳкадаи гумшуда
англ. Smurfs: The Lost Village
Жанр филми кӯдакона[d] ва фэнтези[d]
Коргардон
Таҳиякунанда
Дар асоси The Smurfs[d]
Муаллифи филмнома
Оҳангсоз
Студия Sony Pictures Animation[d]
Кишвар
Паҳнкунанда Columbia Pictures, InterCom[d][1] ва Netflix
Забон инглисӣ
Давомнокӣ 90 дақиқа
Нахустнамоиш 6 апрел 2017[2], 30 март 2017[1] ва 31 март 2017[3]
IMDb ID 2398241
Rotten Tomatoes муфассал
Сайти расмӣ(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Смурфҳо: Деҳкадаи гумшуда» (англ. Smurfs: The Lost Village) — филми тасвирии хонаводагии амрикоӣ бо коргардонии Келли Эсбёри. Бар асоси силсилаи комиксҳои «Смурфҳо», офаридаи рассоми белгӣ Пиер Кюллифор (Пейо) ва оғози таърих дар бораи Смурфҳо мебошад. Нахустнамоиши мултфилм рӯзи 26 марти соли 2017 баргузор шуд. Шиори филм "Онҳо ҳечгоҳ танҳо набуданд" аст.

Дар ин қисмат нақшаи мармуз аз деҳкадаи гумшуда ба дасти Смурфит мерасад ва ӯ тасмим мегирад ба ҳамроҳи дӯстонаш он деҳкадаро қабл аз ин ки Горгомил нақшаи шуми худро амалӣ созад пайдо кунанд…

Зиндагӣ дар деҳкадаи Смурф бисёри орому зебо аст, ба хотири ин ки ҳамаи онҳо аз смурфи боҳуш Брейнӣ гирифта то смурфи аҷибу дӯстдоштанӣ Кламсӣ ва смурфи қудратманд Ҳафтӣ таҳти назари раиси деҳкада, яънё Попо Смурф зиндагӣ мекунанд. Аммо як истисно дар байни ин смурфҳо ба номи Смурфит вуҷуд дорад, смурфе ки тавассути ҷодӯгаре ба номи Горгомил эҷод шуда аст то қабл аз истифодаи Попо Смурф аз қудрати ҷодуияаш барои хуб кардани Смурфит, деҳкадаи Смурфҳоро нобуд кунад .

Як рӯз дар ҳоле ки смурфҳо ба ҳамроҳии Смурфит дар ҳоли гардиш дар ҷангал ҳастанд, Смурфит ба таври иттифоқӣ мутаваҷҷеҳи роҳи мармуз бар рӯӣ нақша мешавад ки эҳтимолан онҳоро ба маҳали деҳкадаи ии гумшудаи смурфҳо мерасонад. Горгомили бадҷинс низ, ки аз имкони вуҷуди чунин макон огаҳӣ меёбад, дар садад мешавад то қабл аз смурфҳо онҷоро пайдо кунад то аҳдофи харобкоронаи худро дар он ҷо пиёда кунад. Ҳол вазифаи смурфҳо аст, то ҷилави Горгомилро бигиранду қабл аз ӯ ба деҳкада барисанд...[4]

Нақшҳоро овоз доданд

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Деми Ловато — Смурфит[5]
  • Мэнди Патинкин — Попо Смурф[6]
  • Ҷек Макбрайер — Гаранг (Кламсӣ)
  • Денни Пуди — Доно (Брейнӣ)[7]
  • Ҷо Манганелло — Паҳлавон (Ҳафтӣ)
  • Рэйн Уилсон — Горгомил
  1. 1.0 1.1 http://nmhh.hu/dokumentum/198182/terjesztett_filmalkotasok_art_filmek_nyilvantartasa.xlsx
  2. Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
  3. Шведская база данных фильмов (швед.)Svenska Filminstitutet.
  4. دانلود انیمیشن اسمورف ها: دهکده گمشده 2017 دوبله فارسی(форсӣ) (14 апрели 1396). Проверено 17 июли 2017.
  5. Kinsey Lowe. ‘Get Smurfy’ Unveiled: Demi Lovato Joins As Smurfette, Rainn Wilson As Gargamel (en-US) (14 июни 2015). 23 сентябри 2016 санҷида шуд.
  6. 'Homeland' Star to Voice Papa Smurf in Animated Movie (Exclusive). 23 сентябри 2016 санҷида шуд.
  7. Jeff Sneider. Sony already smurfing ‘Smurfs 3’ (en-US) (10 май 2012). 23 сентябри 2016 санҷида шуд.