Jump to content

Собирҷон Ҳошимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Собирҷон Хашимов)
Собирҷон Ҳошимов
Собирҷон Ҳошимович Ҳошимов
Таърихи таваллуд 10 феврал 1942(1942-02-10)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом ҶШС Тоҷикистон, СССР
Таърихи даргузашт 1 март 2017(2017-03-01) (75 сол)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Маъруф ба
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (1982)

Собирҷон Ҳошимович Ҳошимов — забоншинос, номзади илмҳои филология (1973), дотсент (1982), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1992).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Собирҷон Ҳошимов дар деҳаи Пулодони ноҳияи Конибодом, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст[1]. Соли 1960 баъд аз хатми мактаби миёна шомили факултаи филологияи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин гашт. Онро соли 1965 хатм карда, кораш дар ноҳияи Колхозобод шурӯъ карду чанд вақт дар он ҷо муовини директори мактаби миёна буд. Соли 1967 ӯро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба кор даъват намуданд. Соли 1973 ӯ дар донишгоҳи мазкур рисолаи номзадиро дифоъ кард. Аз соли 2000 ба сифати дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият мебурд.[2]. Собирҷон Ҳошимов баъд аз бемории тӯлонӣ 1 марти соли 2017 аз олам даргузашт.

  • Современный таджикский язык. Лексика. - Душанбе, 1981 (ҳаммуаллиф),
  • Лексикология современного таджикского языка. - Душанбе, 1999 (ҳаммуаллиф),
  • Таджикско-русский и русско-таджикский учебно-отраслевой словарь. - Душанбе, 2003, 2011 (ҳаммуаллиф),
  • Практические занятия по современному таджикскому языку. - Душанбе: РТСУ, 2009. - 126 с.,
  • Давронов А.У., Искандарова Ф.Д., Хашимов С.Х., Холов Х.Р. Учебный отраслевой словарь (таджикско-русский и русско-таджикский). - Душанбе:РТСУ, 2011,
  • Музаффарова Ш.М., Хашимов С.Х. Практический курс таджикского языка (для студентов филологических факультетов). Душанбе: РТСУ, 2012.,
  • Хашимов С.Х., Музаффарова Ш.М. Практический курс таджикского языка (второе издание). - Душанбе: РТСУ, 2013.-218 с.,
  • Искандарова Ф.Д., Хашимов С.Х. Учебник таджикского языка для вузов стран СНГ. - Душанбе: РТСУ, 2014. - 352 с.[3]

Адабиёт доир ба Собирҷон Ҳошимов

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016