Шаҳло Музаффарова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳло Музаффарова
Шаҳло Мирзобадаловна Музаффарова
Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон


Шаҳло Мирзобадаловна Музаффарова (11 феврали 1971 дар шаҳри Душанбе) - забоншинос, адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ, узви ҲХДТ мебошад.

Фаъолияти омӯзгорию илмӣ[вироиш]

Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1993) Шаҳло Музаффарова аз соли 1993 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калон кор мекард. Соли 1999 ӯ рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ ва таҳаввули достони Баҳроми Гӯр» дифоъ кард[1]. Дар солҳои 1999–2005 мудири кафедраи забони тоҷикӣи донишгоҳи мазкур буд. Худи ҳамон сол (2005) ба кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба кор гузашт ва соли 2009 вазифаи ноиби декани факултаи филологияро оид ба корҳои таълим ба ӯҳда гирифт. Ӯ дар тӯли фаъолияти омӯзгориаш як силсила чорабиниҳои муҳимми илмӣ-методиро барпо кард ва мақолаву дастурҳои таълимиро эҷод намуд. Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ»-ро дар ҳаммуалифӣ бо Собирҷон Ҳошимов нашр кард. Шаҳло Музаффарова иштирокдори конфронсҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва муаллифи беш аз 40 асари илмист. Соли 2014 монографияи ӯ дар мавзӯи «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ ва таҳаввули достони Баҳроми Гӯр» чоп гардид.[2].

Осор[вироиш]

  • Музаффарова Ш.М., Сабурова Ш.А. Корҳои назоратӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои ғоибонаи донишгоҳҳо(дастури таълимӣ). - Душанбе: Нашриёти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, 2002.-53 стр.
  • Музаффарова Ш.М., Хашимов С.Х. Практический курс таджикского языка (для студентов филологических факультетов вузов). - Душанбе: Изд-во РТСУ, 2012.-271 стр.
  • Музаффарова Ш.М., Хашимов С.Х. Практический курс таджикского языка (для студентов филологических факультетов вузов,2-ое издание). - Душанбе: Изд-во РТСУ, 2013.-218 стр.
  • Музаффарова Ш.М. «Семь красавиц Низами и его создание». - Душанбе: РТСУ, 2014.- 169 стр.
  • Музаффарова Ш.М. Обстоятельство образа действия в таджикском и русском языках.-Сб.докладов 12-й Международной научной конференции. - Япония, ун-тет Цукуба, 2015.
  • Музаффарова Ш.М., Хашимов С.Х.. Таджикский язык.(для студентов и преподавателей вузов, 3-е издание испр.и доп.). - Душанбе: Изд-во РТСУ, 2016.-230 стр.

Мукофот[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Эзоҳот[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]