Jump to content

Соиби Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Соиби Табрезӣ
Таърихи таваллуд: 1592[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1676[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: озарбойҷонӣ[1] ва форсӣ[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мирзо Муҳаммадалӣ Соиби Табрезии Исфаҳонӣ (форсӣ: میرزا محمدعلی صائب تبریزی اصفهانی‎; 1592[1], Табрез[1]1676[1], Исфаҳон[2][1]) — шоири форс-тоҷик, бузургтарин ғазалсарои замони Сафавия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 мелодӣ дар шаҳри Исфаҳон чашм ба олам кушод. Гузаштагони ӯ аз Табрез будаанд. Падараш Мирзо Абдураҳим, ки аз аҳли тиҷорат буд, аз тарафи ҳукмрони онрӯзаи Эрон Шоҳ Аббоси Кабир бо гурӯҳе аз ҳамкасбон ба Исфаҳон кӯчонида шуд:

«Соиб аз хоки поки Табрез аст, Ҳаст Саъдӣ гар аз гили Шероз

гуфтани Соиб ишора ба ватани аслии бобо ва аҷдодони ӯ мебошад.[3]

Соиб дар Исфаҳон таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии падар таҳсилоти ибтидоиро ба поён расонида, минбаъд аз илмҳои замонаш баҳраҳои кофӣ бардошт. Вай хусусан дар фанни шеъру шоирӣ дониш ва малакаи тамом андӯхта, шуғли шеъргӯиро бар дигар анвои ҳунар муқаддамтар дошт. Соиб соли 1677 вафот кард ва ӯро дар гӯшаи боғи худаш дафн намуданд, ки марқадаш то имрӯз зиёратгоҳи мардум аст.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Теъдоди ашъори Соиб дар сарчашмаҳо аз ҳаштод ҳазор то садубист ҳазор, сесад ҳазор ва ҳатто зиёдтар аз ин таъкид шудааст. Соиб ашъорашро аз рӯи мавзӯъҳо табақабандӣ карда, ҳар қисматро мувофиқи мавзӯъ сарлавҳа гузоштааст. Масалан, ашъори ба васфи маъшуқ бахшидашударо «Миръот-ул-ҷамол», шеърҳои роҷеъ ба оина ва шонаро «Ороиши нигор», ашъори дар боби маю майхонаро «Майхона» ва қисми дигарро «Воҷиб-ул-ҳифз» ном ниҳодааст. Дигар аз осори Соиб баёзест, ки аз нусхаҳои нодири китобхонаҳои шоҳии Ҳиндустону Эрон бо иловаи осори шоирони муосири ӯ тарбит ёфтааст. Ин баёз аз 25 ҳазор байт иборат буда, қариб ҳаштсад нафар шоирро дар бар мегирад.

Маснавиҳои «Қандаҳорнома» ва «Маҳмуду Аёз» низ ба Соиб нисбат дода шудааст. Осори шоир ба тарзи мунтахаб дар Ҳиндустон чопи сангӣ ёфта, чанд дафъа дар Эрон низ ба табъ расидааст. Пас аз чанд соли нашри мунтахаби соли 1933 ҳ куллиёти шоир аз рӯи нусхаи хаттие, ки худи шоир тасҳеҳ карда будааст, бо муқаддима ва шарҳи ҳол аз тарафи Амирии Фирӯзкӯҳӣ дар Теҳрон ба табъ расид. Дар ҳоли ҳозир яке аз мукаммалтарин нусхаҳои чопии осори шоир ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон мунтахаби ашъори Соиб аз тарафи З. Аҳрорӣ ва Л. Шералӣ соли 1980 нашр гардид.

Мочи аслу насаб дар гардиши айём Зар аст

[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар биёбони талаб роҳбаре нест маро,
Сари парвоз ба боли дигаре нест маро.
Он нафасбохта ғаввоси ҷигарсӯхтаам,
Ки ба ҷуз обилаи дил гуҳаре нест маро.
Рӯзгорест, ки бо реги равон ҳамсафарам,
Меравам роҳу зи манзил хабаре нест маро.
Мезанам бол ба ҳам, то фитад оташ дар манн,
Аз дили санг умеди шараре нест маро.
Сокини киштии Нӯҳам зи сабукбории хеш,
Чун хасу хор зи тӯфон хабаре нест маро.
Гарчи чун сарв тамошогаҳи аҳли назарам,
Аз ҷаҳон ҷуз гираҳи дил самаре нест маро.
Метавон рафт чу оташ ба рагу решаи шамъ,
Ба дилозории парвона саре нест маро.
Ҳама шаб бо дили девонаи худ дар ҳарфам,
Чӣ кунам ҷуз дили худ номабаре нест маро.
Хотири амн ба мулки ду ҷаҳон меарзад,
Нестам дарҳам агар симу заре нест маро.
Метавонам шараре ро ба пару бол расонд,
Дархури шамъ агар болу паре нест маро.
Бурдаам ғунчасифат сар ба гиребон, Соиб,
Ҷуз дил уммеди кушоиш зи даре нест маро.
  1. 1.00 1.01 1.02 1.03 1.04 1.05 1.06 1.07 1.08 1.09 1.10 https://www.iranicaonline.org/articles/saeb-tabrizi
  2. 2.0 2.1 Саиб Тебризи // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. Соиб. Мунтахабот. Мураттибон З. Аҳрорӣ, Л. Шералӣ. «Ирфон»-1980, саҳ. 7.
  • Волии Доғистонӣ. Риёз-ул-ашъор. Хаттӣ.
  • Забеуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ. 5. Бахши 2. -Теҳрон ,1369.
  • Лутфалибеки Озар. Оташкада. с. 158—171.
  • Муҳаммад Афзали Сархуш. Тазикираи Сархуш. с. 62-65.
  • Ризоқулихони Ҳидоят. Маҷмаъ-ул-фусаҳо. Ҷ.2, с. 23-24.
  • Соиби Табрезӣ. Куллиёт. /Бо кӯшиши Амири Фирӯзкӯҳӣ. — Теҳрон, 1360.
  • Соиб. Мунтахабот. / Таҳиягарон: З. Аҳрорӣ, Л. Шералӣ. — Душанбе: Ирфон, 1980.
  • Шералихони Лудӣ. Миръоти хаёл. — Теҳрон,1324. — С. 88-90.
  • Шиблии Нӯъмонӣ. Шеър-ул-аҷам. Ҷ. 3. — Теҳрон, 1236. — С. 120—128.