Сомон Маҳмадбеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сомон Маҳмадбеков
Сомон
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Номи пурра Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич
Кишвар
Тахассус ҷуду[2]
Бошгоҳ "Мори"
Зодрӯз 24 март 1999(1999-03-24)[1] (24 сол)
Зодгоҳ
Мураббӣ Маҳмадбеков Фотеҳ
Вазн -73 кг
Унвони варзишӣ Қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон

Сомон Маҳмадбеков (24 марти 1999, Иркутск, Русия) — ҷудокори тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Cомон Моёншоевич Маҳмадбеков 24 марти соли 1999 дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Волидайни Сомон — Моёншо Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева зодагони ноҳияи Ванҷи ВМКБ мебошанд.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Сомон дар синни 6-солагӣ дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, мавсум ба «Манеж» дар назди мураббии шинохтаи куштии самбо Муҳаммадшариф Сулаймонов ба тамрин оғоз мекунад. Тирамоҳи соли 2008 амакбузурги Сомон- Эргаш, ки дар Русия кору фаъолият мекунад, барои дидорбинӣ ва аёдати волидайн ба Тоҷикистон омада, дар бозгашт Сомонро барои идомаи тамрин ҳамроҳи худ ба шаҳри Иркутск мебарад. Зеро он ҷо толори варзишии ҷудо барои кӯдакон ифтитоҳ гардида, ҳамсолони ӯ, аз ҷумла Маҳмадбек Маҳмадбеков (писарамаки дигари Сомон) машқ мекарданд. Ҳарчанд дар Русия машқу тамрин кунад ҳам, аммо дар мусобиқоти байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад мекунад. Сомон Маҳмадбеков иштирокдори мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, миёни тоҷикон аввалин варзишкорест, ки аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар моҳи октябри соли 2017 (шаҳри Загреби Хорватия) нишони биринҷиро ба даст овард. Ҳамзамон, Сомон нахустин Қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш нишони тилоро ба гардан овехт. Моҳи августи соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон (Токио-2019) ширкат карда, барандаи мақоми ифтихории 5-ум шуд. 23-ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи «Тоскулоҳи бузурги Осака-2019» (Osaka Grand Slam-2019) сазовори мақоми сеюм гардид.

Дар рейтингии ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар мақоми 1 ва дар шохиси ҷаҳонии ҷуду миёни бузургсолон (мардон) дар ҷои 16 қарор дорад. Ҳоло барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ барои ширкат дар Олимпиада (Tokyo 2020) талош меварзад.

Дастовардҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳрасти дастовардҳои Сомон Маҳмадбеков дар солҳои 2017—2019 ба гунаи зайл аст:

  • 23-Nov 2019, Osaka Japan, Osaka Grand Slam-2019, 3
  • 17- Oct 2019, Marocco World Championships Juniors, 1
  • 25-Aug 2019 ,Tokio World Judo Championships Seniors, 5
  • 20-Apr 2019 Asian-Pacific Championships Seniors and Teams 2019, 5
  • 22-Feb 2019 Düsseldorf Grand Slam 2019, 5
  • 01-Dec 2018 Hong Kong Asian Open 2018, 1
  • 19-May 2018 La Coruna Junior European Cup 2018, 3
  • 17-Mar 2018 Coimbra Junior European Cup 2018 2
  • 18-Oct 2017 World Championships Juniors & Teams 2017, 3
  • 19-Aug 2017 Arad Junior European Cup 2017, 1
  • 03-Jun 2017 Leibnitz Junior European Cup 2017, 5
  • 22-Apr 2017 Tunis Junior African Cup 2017, 1
  • 15-Apr 2017 StPetersburg Junior European Cup 2017, 5

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]