Сомон Эйр
Таърихи таъсис | 2008 |
---|---|
Кишвар | |
Маркази хатҳои ҳавоӣ | Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе |
Маҳалли дафтари марказӣ | |
Вебгоҳи расмӣ | somonair.com |
Шиносаи ҳисобдории хатти ҳавоӣ | 413 |
Шиносаи IATA | SZ |
Шиносаи ICAO | SMR |
Парвандаҳо дар Викианбор |
«Сомон Эйр» (англ. Somon Air) — ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки дар соли 2008 ташкил ёфта, нахустин ширкати ҳавопаймоии миллии тиҷоратиест, ки мусофиркашонӣ, боркашонӣ ва кашондани почтаро амалӣ мегардонад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» маркази таълимии авиатсионии (МТА) худро барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун таъсис дод. МТА дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷойгир шуда, кушодашавии он аз рушди фаъоли интиқолдиҳанда ва ҳавасмандии ширкати ҳавопаймоӣ ба омодасозии ҳайати кормандон ва таъмини бехатарии парвозҳо гувоҳӣ медиҳад.
Ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» расман ба интерлайн-созишномаи бисёрҷонибаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба ҳамлу нақли борҳо, ки дар асоси дастуру қоидањои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад, шомил гардид.
Парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо як адад чархболи нави Н125 ғанӣ гардид. Калиди чархбол таърихи 28-уми октябри соли 2019 дар маросими тантанавӣ дар заводи «Еврокоптер» дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳбарияти ширкат супорида шуд.
Санаи 7-уми ноябри соли 2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ширкати «Эйрбас» ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонид. Дар доираи санади мазкур «Сомон Эйр» тасмим дорад илова ба чархболи Н125, ки аллакай вориди Душанбе гардидааст, 5 адад чархбол (як чархболи H125, ду адад H130 ва ду адад H175) ва ҳавопаймоҳои нави оилаи Airbus-ро аз истеҳсолкунандааш харидорӣ намояд.
Дар таърихи 1 декабри соли 2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин хатсайри мустақимро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе иҷро намуд.
Дар таърихи 18 декабри соли 2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ҷоизаи «Бренди сол — 2019» қадрдонӣ шуд. Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ширкати ҳавопаймоӣ мукофоти тилоӣ ба даст овард.
Декабри соли 2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Палатаи Клирингии Нақлиёт оид ба эътибори маркази таълимӣ шаҳодатномаро ба даст овард, ки ваколати марказро барои гузаронидани омодагии кормандони иштироккунандагони Системаи ҳисоббаробаркунӣ тасдиқ мекунад.
Парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо як адад чархболи нави Ми8АМТ ғанӣ гардид. Чархбол дар корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдинги «Вертолёты России» (Чархболҳои Русия) истеҳсол шудааст. Mи-8AMT бо эътимоднокӣ ва гуногунҷанбаӣ фарқ мекунад.
Ягона зан-ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татяна Афентева таърихи 18 июни соли 2021 нахустин парвози мустақилонаи худро анҷом дод. Татяна ба ҳайси сарнишини дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз кард.
Дар таърихи 13 ноябри соли 2021 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин хатсайри мустақимро дар самти Душанбе-Самара-Душанбе иҷро намуд.
Санаи 16 майи соли 2022 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи байналмилалии Внуковои шаҳри Москва шурӯъ намуд.
Дар таърихи 6 июни соли 2022 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин хатсайри мустақимро дар самти Душанбе-Мюнхен-Душанбе иҷро намуд.
Санаи 1 августи соли 2022 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва шурӯъ намуд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 30 августи соли 2022 як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуда, шумораи ҳавопаймоҳои худро зиёд кард. Ҳавопаймо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ - ACG гирифта шудааст.
Санаи 8 сентябри соли 2022 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дуюм ҳавопаймои Boeing 737-800-ро дар асоси лизингии амалиётӣ аз ширкати ACG вориди Душанбе намуд.
Дар таърихи 31 январи соли 2023 ширкати ҳавопаймоӣ нахустин хатсайри мустақимро дар самти Душанбе-Теҳрон-Душанбе иҷро намуд.
Санаи 9 марти соли 2023 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳри Ҷидда шурӯъ намуд.
Санаи 23 сентябри соли 2023 Сомон Эйр парвозҳоро аз Душанбе ба Махачкала шурӯъ намуд.
4 феврали соли 2024 ширкат парвозҳоро аз шаҳри Хуҷанд ба Дубай шурӯъ намуд.
Санаи 6 феврали соли 2024 Сомон Эйр парвози аввалини мунтазам дар самти Хуҷанд - Ҷидда - Хуҷанд иҷро намуд.
7 марти соли 2024 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвози аввалин дар самти Хуҷанд - Истанбул - Хуҷанд иҷро намуд.
Санаи 2 апрели соли 2024 Сомон Эйр парвозҳоро аз Душанбе ба Остона шурӯъ намуд.
Санаи 22 майи соли 2024 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳри Тбилисӣ шурӯъ намуд.
Санаи 28 ноябри соли 2024 Сомон Эйр парвозҳоро аз Душанбе ба Давҳа шурӯъ намуд.[1]
Мувофиқи сиёсати стратегии худ Сомон Эйр ҳудуди ҷуғрофии парвозҳои худро ботадриҷ васеъ мегардонад. Ҳоло ширкат ба самтҳои гуногуни Русия, Олмон, Туркия, Хитой, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб парвозҳои мунтазамро тавассути тайёраҳои нави ҳавопаймоии навъи «Боинг 737-800» ва «Боинг 737-900» амалӣ мегардонад[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Somon Air | ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ “СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОРО БА ДАВҲА ОҒОЗ МЕНАМОЯД. www.somonair.com. 6 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ http://www.somonair.com/tj/history.htm(пайванди дастнорас) Таърихи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Somon Air(англ.)(рус.)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |