Jump to content

София Аҳмадова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
София Аҳмадова

София Аҳмадова (Аҳмадова София Олимовна; 15.8.1939, деҳаи Обигарми ноҳияи Файзобод) — биолог, доктори илмҳои биология (1995) — профессор (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1962). То соли 1971 дар донишкадаи мазкур фаъолият намудааст. Аз соли 1971 устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Оид ба масоили фаъолияти асаби бачагону наврасон таҳқиқот анҷом медиҳад. Дар муассисаҳои томактабӣ ва макотиби таҳсилоти умумии пойтахт бобати инкишофи фаъолияти ақлии бачагон таҷрибаҳо карда, натиҷаи онҳоро дар мақолаҳо ва тавсияномаҳои усулӣ (методӣ) дастраси умум гардондааст.

  • Бачагони сустҳаракат. Д., 1986;
  • Таҳлили физиологии фаъолияти ассотсиативии майнаи сари бачагони синну соли томактабӣ. Д., 1998.