Jump to content

Сохти таркибии пешояндҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пешояндҳо аз ҷиҳати сохт ба 6 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1.Пешояндҳои аслии сода: аз,ба, дар, бо, то, бе, ҷуз, баҳри, барои;
2.Пешояндҳои аслии таркибӣ: то ба, ҷуз аз, ба ҷуз;
3.Пешояндҳои номии изофии сода: пеши, назди, рӯйи, паси, ғайри;
4.Пешояндҳои номии изофии таркибӣ: ба пеши, аз назди, дар бораи, ба муносибати;
5.Пешояндҳои номии изофии такрор: лаб-лаби, пеш-пеши, рӯ-рӯйи, таг-таги;
6.Пешояндҳои номии ғайриизофӣ:пеш аз, баъд аз, ғайр аз, назар ба, доир ба.
  • Дар ин диёр ҳаво зуд торик мешудааст (Фазлиддин Муҳаммадиев).
  • Вай ба ҷуз як ҷуфт барзагов ва як таноб замин чизи дигаре надошт (Абдусалом Деҳотӣ).
  • Вай ҷаҳида хесту назди машина омада истод (Пӯлод Толис).
  • Хизматгор чой, дастурхон ва як табақ қазии яхниро бо корд оварда, ба рӯйи сандалӣ ниҳод (Садриддин Айнӣ).
  • Пеш-пеши ҳама Сквортсов мерафт (Пӯлод Толис).
  • Шӯробиҳои дастгиршударо пеш аз ба вагон зада фиристодан ба як хона дароварда буданд (Раҳим Ҷалил).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985.-с.287