Стефан Банах

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Стефан Банах
лаҳӣ: Stefan Banach
Stefan Banach.jpg
Таърихи таваллуд: 30 март 1892(1892-03-30)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 31 август 1945(1945-08-31)[4][5][1][…] (53 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: риёзиёт ва таҳлили тобеъӣ[d]
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d] (1920)
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ: Hugo Steinhaus[d] ва Kazimierz Twardowski[d][8]
Шогирдони маъруф: Marceli Stark[d][1], Josef Schreier[d] ва Stanisław Ulam[d]
Ҷоизаҳо:
ордени Уқоби сафед
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Сте́фан Ба́нах (лаҳӣ: Stefan Banach; 30 марти 1892, Краков — 31 августи 1945, Лвов) — риёзидони лаҳистонӣ, профессори Университети Лвов (1924), декани факултети физика ва математикаи ҳамин донишгоҳ, узви вобастаи АИ ҶШС Украина ва АИ Полша

Таҳқиқот[вироиш | вироиши манбаъ]

Банах дар соҳаи таҳлили функсионалӣ таҳқиқот бурдааст. Яке аз соҳаҳои таҳлили функсионалӣ «Фазои Банах» номида мешавад. «Фазои Банах» ё «Алгебраи Банах» алгебраи ассотивист нисбат ба майдони комплексӣ ё ҳақиқӣ. Фазои хаттие, ки дар он функсионалҳои хаттӣ ва операторҳоро меомӯзанд, ба номи Б. машҳур аст (теоремаи Хан-Банах). Ба номи Банах инчунин хориқа (парадокс)-и дучандшавии кура «Хориқаи Хаусдорф — Банах — Тарский» номида шудааст, ки тибқи он кураи сеченаро ба порчаҳо тақсим карда, аз он дуто ҳамин хел кура ҳосил кардан мумкин аст. Теоремаи кашфкардаи ӯ (1922) мавҷудият ва ягонагии нуқтаи сокитро дар аксҳои фазоҳои метрӣ собит мекунад. Теоремаи мазкур дар назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ барои исботи мавҷудият ва ягонагии ҳалли баъзе синфҳои муодилаҳо истифода мешавад.

Асари асосии ӯ «Назарияи амалҳои хаттӣ» ба забонҳои полякӣ, фаронсавӣ ва украинӣ нашр гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]